«LONELY PLANET»: Маконҳое, ки дар Тоҷикистон ҳатман бояд онҳоро тамошо кард

Ноябрь 1, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, нашрияи ҷаҳонии бонуфузи сайёҳӣ «Lonely Planet» Тоҷикистонро ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» (Best in Travel 2026) ворид карда, кишвари моро ҳамчун яке аз самтҳои беҳтарин барои гардишгарӣ ва саёҳат дар муҳити кӯҳсор тавсия додааст.

Дар бахше таҳти унвони «When should I go to Tajikistan?» нашрияи «Lonely Planet» ба сайёҳон иттилоъ додааст, ки гарчанде 93 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол намудаанд, ҳарорат байни пастхамиҳову кӯҳҳо тафовути калон дорад.

Бештари шаҳрҳои мамлакат дар пастӣ ҷойгир шудаанд, ки тобистони инҷо хушк буда, ҳарорат аз 23 то 30 дараҷа мерасад. Зимистон бошад ҳарорат одатан аз -1 дараҷа то ба 3 дараҷа сардӣ баробар мегардад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад ҳарорат то ба 20 дараҷа сардӣ расида, миқдори резиши барф 150 см мебошад.

Бо дарназардошти имкониятҳои сершумори намудҳои гуногуни сайёҳат, шуруъ аз сайру гашт, хаймазанӣ дар пайроҳаҳои бешумор ва кӯҳҳо то аспсаворӣ ва моҳидорӣ, моҳҳои аз ҳама бештар маъмул ин май, июн, сентябр ва октябр мебошанд. Дӯстдорони манзараи зимистона ва сайру гашт дар рӯйи барф бояд донанд, ки аз моҳи декабр то моҳи март обхезӣ ва фаромадани тарма дар назар дошта шудааст. Аз ҳама ҷашни бузургу расмии мамлакат Иди Наврӯз аст, ки дар моҳи март таҷлил мегардад. Барои шоҳиди либосҳои зебо, ороиши дастархони пур нозу неъмат ва оғози шукуфтанҳои гулҳои баҳор шудан, бояд сафари худро дар ин рӯзи муҳим — 21 март ба нақша гиред.

Ҳамзамон маҷалла дар зерсарлавҳаи муаррификунандаи Тоҷикистон таҳти унвони «Top things to do in Tajikistan» (корҳое, ки бояд дар Тоҷикистон машғул шуд) овардааст, ки дар пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе ду нуқтаи аз ҳама ҷолиб, ки метавон тамоми манзараи шаҳрро дид мавҷуд аст. Аз ҳама нуқтаи баланд — ин болои муҷассамаи «Истиқлол» — бурҷи нав бо дорои осорхонаи санъату фарҳанг дар ду ошёнаи аввал ва саҳни мушоҳидавӣ дар ошёнаи 14-ум мебошад, ки манзараи шаҳр аз он пурра намудор мегардад.

Мавзеи дигари ҷолиби тамошо дар Боғи Ғалаба мавҷуд аст, ки дар канори маркази шаҳр ҷойгир аст. Дар баландии зинаҳои дароз ёдгории аскарони халокгардидаи Ҷанги дуюми ҷаҳон, инчунин танки диққатҷалбкунандаи ИС-2 бо ду манора гузошта шудааст. Дар саросари боғ нишемангоҳҳои чӯбӣ гузошта шудаанд, ки дар рӯзҳои истироҳат дар қад-қади пайроҳаҳои сершумор аспсаворӣ кардан мумкин аст.

Дар мавриди меъмории шаҳр нашрия иттилоъ додааст, ки Душанбе дар худ омезиши таърихиро дорост. Таъсири Роҳи Абрешим дар бозори суннатии Меҳргон бо сутунҳои сафеди ранги ҷилогини табиӣ дидан мумкин аст, ки дар он савдогарон ба фурӯши ғизоҳои мухталиф машғуланд. Театри зебои опера ва балет яке аз чанд биноҳои марказиест, ки онро ҳатман бояд дид.


Бояд гуфт, ки маҷаллаи солонаи «Best in Travel» аз ҷониби «Lonely Planet» яке аз манбаъҳои бонуфузтарин дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Он аз ҷониби дастаи таҳриргарон, коршиносон ва сайёҳони таҷрибадор оиода шуда, беҳтарин самтҳо ва таҷрибаҳои беназирро аз саросари ҷаҳон интихоб мекунанд.

Нашрия «Lonely Planet» тақрибан 6 миллион нусхаро дар бар мегирад, ки ин нишондиҳанда ҳузур ва нуфузи васеи онро дар соҳаи рӯзноманигории сайёҳӣ таъкид менамояд. Саҳифаи марбут ба Тоҷикистон инчунин тавассути порталҳои байналмилалӣ, аз ҷумла CNN, ба таври васеъ нашр шуд, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба иқтидори сайёҳии мамлакат ҷалб мекунад.

Ворид шудани Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи фаромӯшнашавандаи сайёҳии соли 2026» далели эътирофи мансубияти нотакрор ба захираҳои табиӣ ва фарҳангии кишвар аст. Ин баҳогузорӣ собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун самти ояндадор барои сайёҳии байналмилалӣ дар ҳоли рушд қарор дорад.

Ин дастоварди муҳим на танҳо ба сарватҳои табиӣ ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик ишора шуда, балки ба кӯшишҳои давлат низ, ки дар рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҳимояи мероси фарҳангӣ ва рушди устувории соҳа равона шудаанд, арҷ мегузорад.

Эътирофи байналмилалӣ аз ҷониби «Lonely Planet» ва гузоришҳои васеъ дар расонаҳои пешрафта ба таҳкими нуфузи Тоҷикистон ҳамчун самти бехатар ва ҷолиби сайёҳон дар саросари ҷаҳон мусоидат менамоянд.

Рӯйхати пурраи таҷрибаҳои беҳтарин дар соли 2026 дар сомонаи «Lonely Planet» дастрас аст.

АКС: «Lonely Planet»

Ноябрь 1, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе чангу ғубор ба амал меояд
ШУКУҲИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамоиши идона доир шуд
Парчами давлатӣ симои Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддун дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Рӯдакӣ нақшаи ҷамъоварии пахта 101 фоиз иҷро гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
«ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН-РАМЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ». Дар Институти астрофизика дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Бастаҳои интернетии «Одӣ»: осон, мувофиқ, муфид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Вобаста ба нақши Пешвои миллат дар рушди илму маориф ҳамоиш баргузор гардид