Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябр аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол сипарӣ мегардад. Бахшида ба ин сана академик, доктори илми ҳуқуқ, профессор Маҳкам Маҳмудзода дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози назар намуд:
— Нахустин маротиба дар таърихи давлатдории миллати тоҷик 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати қонуни асосии ҷумҳурӣ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо назардошти дастовардҳои нави миллӣ ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои он такмил дода шуд.
Ҳоло дар раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ бо таҳия ва қабули 18 — қонуни конститутсионӣ, 22 — кодекс, зиёда аз 400 — қонуни умумию соҳавӣ ва бештар аз 15 ҳазор қарори хусусияти умумиҳатмидоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, санадҳои қабулгардида вазъи воқеии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро дар шароити муосир инъикос менамоянд.
Хушбахтона, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз аз ҷониби муҳаққиқону олимони давлатҳои дунё мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода шуда, аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин, ки дар онҳо воқеан ҳуқуқи инсон арзиши олӣ дорад, шомил карда шудааст ва дигар қонунҳои амалкунандаи давлат низ дар заминаи ин санади тақдирсоз таҳия ва қабул карда шудаанд.
Ин ва дигар ғояҳои арзишманди меъёрҳои конститутсионӣ имрӯз ҳар яки моро водор месозад, ки ба ин ҳуҷчати муҳими ҳуқуқӣ ҳамчун қонуни сатҳи олии давлат эҳтироми хоса дошта бошем ва онро ба ҳайси як муқаддасоти миллӣ ҳифз намоем.
Қабули Конститутсияи Тоҷикистон такмили муносибатҳои нави ҷамъиятиро ба вуҷуд оварда, давраи навро дар таҳия, такмил ва қабули қонунҳо замина гузошт. Рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, ба монанди муайян кардани шакли идораи давлатӣ, ва сохтори марзию маъмурӣ, моҳият ва таъйиноти рамзҳои давлатӣ, дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф ёфтани ҳаёти ҷамъиятӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ ва аз тарафи давлат риоя ва ҳифз гаштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, эълон кардани соҳибихтиёрии халқ ва шаклҳои амалӣ гардонидани он, усули асосии ташкили ҳокимияти давлатӣ дар заминаи таҷзияи он ба се шоха – қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар карда шуданд.
Муайян кардани сиёсати сулҳҷӯёнаи хориҷии Тоҷикистон, муқаррар кардани гуногуншаклии моликият ва кафолати баробарҳуқуқии онҳо ва ғайра маҳз бо роҳи дар Конститутсия муқаррар гаштан ва танзим ёфтан хислати ҳуқуқию конститутсионӣ пайдо карданд. Тағйирнопазир донистани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва иҷтимоии давлат аз ҳамин қабил меъёрҳои созанда мебошанд.
Тазаккур бояд дод, ки пеш аз ҳама орзуву ормонҳои миллии халқи Тоҷикистон дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, ки ин ифодагарии олии мақсаду мароми миллати тоҷикиро таҷассум менамояд. Чунончи, дар дебочаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ давлати Тоҷикистонро соҳибихтиёр, озодию ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.
Тоҷикистон тибқи Коститутсия давлати иҷтимоӣ эълон гардида, уҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Дар тамоми давлатҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ гувоҳи ин ҳақиқат аст. Конститутсия – қонуни олии давлат аст, ки ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои васеъро кафолат дода, ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳар як шахсро муайян мекунад ва дар ин асос ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судиро амалӣ менамояд.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дар байни вазифаҳои мафкуравию муассисӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва дигар вазифаҳои худ аз ҳама бештар вазифаи муқаддастарин, яъне муттаҳидгардонии давлат, ҷомеа ва халқи тоҷикро иҷро намуд. Конститутсия дар як давраи ноороми таърихӣ ба маркази ҳаракатдиҳандаи қувваҳои солим табдил ёфта, фарҳанги сулҳи тоҷиконро поягузорӣ ва дар амал татбиқ кард ва ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи пешрафти давлат замина гузошт.
Дигар ин, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш ба давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи бо эътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Маҳз тавассути Конститутсия рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуданд.
Дар асоси моддаи 1-и Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуда, дар ин замина ҳаракати давлат ба роҳи бунёди давлатдории навин равона гардид. Бинобар ин, дар заминаи Конститутсия адолати ҳуқуқӣ, яъне волоияти қонун ва қонунияти ҳуқуқӣ, ки тартиботи давлатӣ ва муносибати давлатро бо ҷамъият дар асоси эътирофу эҳтироми манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид. Пойдории адолати иҷтимоӣ мақсад ва мароми мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд: «Конститутсияи Тоҷикистон анъанаҳои давлату давлатдории тоҷиконро инъикос карда, ҳамчунин, кӯшишу талошҳои фарзандони огоҳи миллати тоҷикро дар роҳи расидан ба истиқлолу озодӣ ва давлатдории миллӣ амалӣ гардонид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки онҳо барои таҳкими давлатдории муосири мо заминаи устувор гузоштанд.
Аввалан, ғояҳои башардӯстонаи Конститутсия инъикоскунандаи суннатҳои пурғановати халқи тоҷик буда, аз фарҳанги ниёгони ориёии мо, анъанаҳои давлатдории халқамон ва мероси бузургони таъриху фарҳанги миллатамон сарчашма мегиранд.
Дуюм, ин санади олии ҳуқуқӣ Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона эълон намуд.
Конститутсия дар назди ҷомеа вазифаҳои муҳимтаринеро гузошт, ки ташкили ҳокимияти давлатии муосир, низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва идоракунии давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Сеюм, бори нахуст дар сатҳи Конститутсия муқаррар гардидани тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат воситаи муҳимтарини ҳимояи конститутсионии сохти давлатдории муосири Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Чорум, Конститутсияи Тоҷикистон дар асоси арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсонро аз ҷониби давлат кафолат додааст, ки ин баёнгари воқеан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Панҷум, таъмин намудани рушди устувори ҷомеа ва амалӣ гардидани ҳуқуқҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон, ки дар Конститутсия пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад, ки сатҳу сифати зиндагии мардум мунтазам баланд бардошта шавад.
Шашум, дар Конститутсия мустақилияти ҳокимияти судӣ эътироф гардидааст. Яъне танҳо суди мустақил ва беғараз метавонад бо роҳи амалӣ кардани адолати судӣ манфиатҳои давлат ва ҷомеа, ҳуқуқ ва арзишҳои шахс ва шаҳрвандро таъмин намояд.
Ҳафтум, волоияти Конститутсия нисбат ба тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Яъне Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ мебошад ва ягон санади дигари ҳуқуқӣ наметавонад Конститутсияро тағйир диҳад ё бар хилофи меъёрҳои он қабул карда шавад.
Ҳаштум, дар асоси принсипу меъёрҳои конститутсионӣ оид ба фаъолияти озодии қтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳамаи шаклҳои моликият иқтисодиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккул ва рушд ёфт.
Нуҳум, дар заминаи Конститутсия волоияти қонун, ки муносибати давлатро бо ҷомеа дар асоси эътирофи манфиатҳо таъмин менамояд, устувор гардид ва пойдории адолати иҷтимоӣ таъмин карда шуд.
Даҳум, бори нахуст ин ҳуҷҷати олии сиёсиву ҳуқуқӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ мусоидат намуд.
Ёздаҳум, дар Конститутсия фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, озодии эътиқод, сухан, матбуот, гуногуншаклии моликият ва дигар арзишҳо, ки далели равшани мавҷуд будани низоми демократӣ дар мамлакат мебошанд, ифода ёфтаанд».
Бо назардошти ин хусусиятҳо иброз карда мешавад, Конститутсия, ҳамчунин ба ҳайси қонуни асосии давлат принсипҳои муҳимтарини ҳаёти ҷамъиятиро муайян намуд, муносибатҳои вобаста ба татбиқи ҳокимияти сиёсӣ ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим кард. Дар таърихи начандон тӯлонии худ барои эҳтиром гузоштан ба арзишҳои эътирофшудаи инсон, ба монанди риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити мусоид барои зиндагии арзандаи ҳар шахс фазои мусоиди ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард.
Конститутсия халқи Тоҷикистонро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлати эътироф намуд. Тибқи моддаи 6-уми Конститутсия шаҳрвандони Тоҷикистон сарфи назар аз миллаташон халқи Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Муқаррароти муҳими Конститутсия дар ин самт дар он зоҳир мегардад, ки аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд. Чунин меъёр бо мақсади танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар гардида, барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усулҳои ҳуқуқии амалигардонии қонунҳо замина ба вуҷуд овард.
Аз қабули Конститутсия то имрӯз 31 сол сипарӣ гардид. Дар ин давра тамоми рукнҳои давлатдорӣ дар сатҳи зарурӣ ташаккул ва тақвият ёфтанд ва ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ дар шароити муосир вазъи воқеии пешрафти давлат ва самтҳои ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятиву сиёсӣ ва диниву маънавии ҷомеаро инъикос менамояд.
Бо гузашти 31 сол аз қабули ин санади тақдирсоз мо бо сарбаландӣ ва ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, яъне барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҷавобгӯи мақсаду маром ва ормону ҳадафҳои мардуми шарафманди мо мебошад.
Дар Конститутсияи мамлакат, инчунин дигар падидаҳое низ инъикос ёфтаанд, ки бори аввал бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҷомеаи Тоҷикистон, бо умеди ояндаи неку дурахшони миллати тоҷик инъикоси худро пайдо намуданд ва исботи яке аз беҳтарин конститутсияҳо будани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳамаи ин баёнгари низоми демократии сиёсиву иҷтимоӣ дар ҷумҳуриамон буда, ҳар як шаҳрванди мамлакатро водор месозад, ки Конститутсияро ҳамчун муқаддасоти миллӣ эҳтиром ва риоя намоянд.
АКС :АМИТ «Ховар»








Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст
Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»
ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Дар Тоҷикистон 834 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст
Дилором Абдураҳимзода: «Суди конститутсионии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили судӣ волоияти Конститутсияро таъмин менамояд»
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо






