Масъалаи тақвияти ҳамкории «Амонатбонк» бо Хазинаи байналмилалии асъор дар Душанбе баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масоили марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни «Амонатбонк» ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар мулоқоти раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, раиси Раёсати «Амонатбонк» аз натиҷаи фаъолияти Бонк дар 9 моҳи сипаригардидаи соли 2025 маълумот пешниҳод намуд.
Алиҷон Салимзода иброз дошт, ки «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявии давлатӣ ва яке аз бонкҳои низомсози Тоҷикистон дар доираи амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, фаъолияти густурда дорад.
Дар мулоқот ҷонибҳо масоили васеи ҳамкории дуҷониба, аз қабили бизнес-модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблағгузорӣ ва иҷрои уҳдадориҳо дар назди мизоҷон, масоили сармоягузорӣ, қарздиҳӣ, риояи талаботи низомҳои байналмилалӣ ва комплаенсро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Баррасии вазъи бахши молиявии «Амонатбонк» дар 9 моҳи соли 2025 бо дарназардошти таъсири омилҳои беруна, инчунин арзёбии дурнамои ҳамкории оянда бо Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳадафҳои асосии мулоқот арзёбӣ гардид.
Дар маҷмуъ, мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии худро изҳор намуданд.
АКС: «Амонатбонк»










Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!






