МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ авҷи бештар мегиранд
ДУШАНБЕ, 30.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли зимистон бемориҳои мавсимӣ, аз ҷумла бемориҳои шадиди роҳҳои нафас зиёд мешаванд. Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, гулӯдард (ангина), ларингид, бронхит, пневмония ва ғайра мебошанд. Мутахассисони соҳаи тиб хусусияти баъзе бемориҳои мавсимиро чунин шарҳ медиҳанд:
Зуком. Табибон иброз медоранд, ки дар муҳити Тоҷикистон аз ҳама бештар вируси зуком, яъне ларингатрахетҳо мушоҳида карда мешаванд, ки бештари одамон ба он гирифтор ҳастанд. Нишонаҳои асосии ин беморӣ гуногунанд. Аз ҷумла, дарди сар, дарди бадан, дарди буғумҳо, беҳолӣ, бемадорӣ, ҳарорати баланди бадан, беиштиҳоӣ ва дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, безобитагӣ, ҷорӣ шудани оби бинӣ, сулфазанӣ (хушку намнок), дар ҳолати вазнин гузаштани беморӣ дар кӯдакон хунравии бинӣ низ мушоҳида мешавад. Ҳангоми бистарӣ нагаштан беморӣ шадидтар мегузарад ва метавонад ба илтиҳоби шуш гузарад.
Тавсияи пешгирикунанда аз зуком – ин, пеш аз ҳама, риояи реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва муассисаҳои таълимӣ мебошад. Бояд ҳамарӯза болои ашёи рӯзгорро бо маводи безараркунӣ ва матоъҳои намнок коркард намуд. Масъалаи дигар — баланд бардоштани масунияти бадан ва обутоби бадан аст. Бештар дар ҳавои тоза сайру гашт намудан, истеъмоли хӯроки серғизои аз витаминҳо бой ва афшураи лимӯро низ набояд фаромӯш намуд. Инчунин табибон истеъмоли каду, карам, сирпиёз ва асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд.
Ангина. Ин бемории шадиди сироятӣ – бодигармӣ аст, ки бо илтиҳоби бодомакҳои ком зоҳир мегардад. Ин бактерияҳо аз он ҷиҳат хавфноканд, ки ба организми инсон паҳн шуда, ба мағзи сар, мушакҳои дил ва пӯст метавонанд зарар расонанд.
Беморӣ аввалан ба воситаи ҳавоӣ-қатрагӣ ҳангоми муоширати наздик бо шахси бемор ва истифода аз лавозимоти умумӣ сироят мекунад. Дар ҳолати дуюм ҳангоми мавҷудияти манбаи илтиҳоби музмин дар ковокии даҳон ва гулӯ беморӣ паҳн мешавад. Нишонаҳои ангина баландшавии ҳарорати бадан, дард ҳангоми фурӯбарӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, дарди сар, варами бодомакҳои ком, дар бодомакҳо ҷой доштани фасод ва сурхии забонча аст. Беморон ҳангоми ба ангина гирифтор шудан бояд антибиотикҳо, аз ҷумла аспирин истеъмол намоянд. Инчунин ба онҳо нӯшидани нӯшокиҳои гарм, ба монанди чой бо лимӯ ва бо асал тавсия дода мешавад.
Ин беморӣ метавонад оризаҳои гуногун ба миён орад, ба монанди бемории тарбод (ревматизм) ва ревмокардит. Бемор пас аз ду ҳафта ба ин ориза гирифтор шуда, тарбод метавонад касро маъюб кунад. Ҳамчунин тарбод мумкин аст ба дил, майнаи сар ва буғумҳо зарар расонад ва дар ин ҳолат заҳролудшавии бадан низ имкон дорад. Хулоса, бемории ангина бемории дорои хавфи миёна буда, беморонро зарур аст, ки онро ҷиддӣ табобат кунанд. Шахсони ба ин беморӣ гирифторшуда ва модарони кӯдакони бемор ба худмуолиҷа машғул нашуда, ҳатман бояд ба мутахассис муроҷиат намоянд.
Бронхит. Яке аз бемориҳоест, ки одамон ба он бештар дар фасли зимистон гирифтор мешаванд. Хурӯҷи сулфаи шадид нишонаи асосии бронхит аст. Ҳангоми бронхити шадид хурӯҷи сулфаи шадид ва беҳолӣ мушоҳида мешавад, ҳарорати бадани бемор метавонад боло равад ё муътадил бошад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан беморро хурӯҷи тез-тези сулфа азоб медиҳад. Нафасгирии бемор душвор шуда, ҳангоми сулфа кардан балғами зиёд ҷудо мекунад. Бронхити музмин дар сурати дармон нашудан метавонад ба илтиҳоби шуш бианҷомад. Илтиҳоби шуш бемории хатарнокест, ки ба табобати фаврӣ ниёз дорад. Ҳангоми гирифторӣ ба он инсон лоғар шуда, дар бофтаҳои шушаш тағйирот ба вуҷуд меояд.
Инчунин оризаи дигари бронхит диққи нафас (астма) мебошад. Диққи нафас низ бемории хатарнок аст. Хатари бевоситааш он аст, ки хурӯҷи шабонаи нафастангӣ (хафақон) зуд-зуд такрор мешавад ва метавонад оқибати маргбор дошта бошад. Диққи нафас инчунин метавонад барои кори дил низ мушкилӣ эҷод кунад, бемор ҳатто ҳангоми оҳиста роҳ рафтан низ эҳсоси нафастангии шадид мекунад. Табибон бронхитро тавассути дору табобат мекунанд ва ҳангоми табобат риояи парҳез, фаъолияти ҷисмонӣ, машқҳо барои тақвияти нафаскашӣ хеле муҳим мебошанд.
Пневмония. Он яке аз бемориҳои сироятии шадиди роҳи нафас буда, асосан шушҳоро дар бар мегирад ва метавонад ба саломатӣ таъсири ҷиддӣ расонад. Нишонаҳои беморӣ таби баланд ва сулфаи шадид аст, ки бо ихроҷи балғам ҳамроҳ мебошад. Балғам метавонад шаффоф, зард ё сабзранг бошад ва дар ҳолатҳои сирояти бактериявӣ метавонад бӯи бад дошта бошад, дарди қафаси сина, душвории нафаскашӣ ва тез шудани нафас (тахипноэ), хастагӣ ва заифӣ, ларзиш ва арақ кардани шадид ва кабудшавии лабҳо ва нохунҳо (цианоз) дар ҳолатҳои вазнин мебошанд. Бештар кӯдакон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Кӯдакон метавонанд сулфа ва табро суст нишон диҳанд, аммо бо аломатҳое, ба монанди бозгаштпазирии иштиҳо, гиряи доимӣ, беқарорӣ ё сустӣ, нафаскашии тез ва ақибмонии ранги пӯст зоҳир мешаванд.
Барои пешгирии ин беморӣ инсонҳо бояд ваксинаҳои зидди грипп ва пневмококк гиранд, оби ҷӯшонида нӯшанд, пӯшидани либоси мувофиқ дар ҳавои сарду тағйирёбанда ва тоза нигоҳ доштани муҳити хонаро фаромӯш насозанд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ






