МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ДУШАНБЕ, 23.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сиёҳдона ё кориандри румӣ растании яксола буда, онро барои тухмаш парвариш мекунанд. Онро дар тиб, косметология ва ошпазӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Сиёҳдона дорои хусусияти зиддиилтиҳобӣ буда, хӯрдани равғани он дар фасли сармо масунияти баданро баланд мебардорад. Зеро равғани тухми сиёҳдона дорои хосияти зиддиилтиҳобӣ ва антисептикӣ буда, барои рафъи аломатҳои илтиҳоб, бандшавии бинӣ ва сулфа кумак мерасонад.
Бояд гуфт, ки равғани сиёҳдонаро барои пешгирӣ ва табобати гипертония, рагҳои варикозӣ, тромбоз, бемориҳои ишемиявӣ ва атеросклероз низ истифода мебаранд.
Равғани сиёҳдона равандҳои мубодилаи моддаҳоро дар сатҳи ҳуҷайра ба эътидол оварда, гузариши мембранаҳои ҳуҷайра ва фаъолияти ферментҳоро муътадил нигоҳ медорад. Ин растанӣ бофтаҳои ҷигар ва гурдаҳоро аз заҳролудшавӣ муофизат мекунад.
Ба иттилои мутахассисон, сиёҳдона метавонад ба ҷараёни саратон таъсир расонад. Мавҷудияти моддаи махсуси фаъоли биологии тимохинон, ки таъсири антиоксидантӣ ва иммуномодуляторӣ (болобарии масунияти организм)-ро дорад, барои пешгирии бемориҳои онкологӣ манфиатовар аст.
Сиёҳдона таъсири зиддидиабетикӣ дорад. Моддаҳои фаъоли ин растанӣ метавонанд ҳассосияти бофтаҳои перифериро ба инсулин зиёд кунанд, инчунин истеҳсоли инсулинро аз ҷониби бета- ҳуҷайраҳо дар ғадуди зери меъда бештар намоянд. Гуфта мешавад, ки хӯрдани хӯрок бо равғани сиёҳдона сатҳи қанди хунро дар диабети навъи 2 коҳиш медиҳад.
Таркиби сиёҳдона дорои антиоксидантҳо, аз ҷумла тимохинон аст, ки ҳуҷайраҳои организмро аз зарари радикалҳои озод муҳофизат мекунад. Ин раванд барои нигоҳ доштани саломатии дил зарур аст, зеро фишори оксидитивӣ аксар вақт боиси рушди бемориҳои дилу рагҳо мегардад. Сиёҳдона аз калий бой аст, ки он барои кори муътадили дил кумак мерасонад. Мавҷудияти калий дар таркиби сиёҳдона ба паст кардани фишори хун мусоидат менамояд ва он метавонад хатари инкишофи гипертонияро коҳиш диҳад.
Ба тавсияи ғизошиносон, истеъмоли сиёҳдона ба чашм таъсири мусбат мерасонад, зеро дар таркибаш витамини А ва бета-каротин мавҷуд аст, ки барои солимии чашм ва биниши он муфид аст. Бета-каротини мавҷуда фаъолияти узви босираро хуб карда, аз ҳар гуна бемории чашм, аз ҷумла катаракта пешгирӣ менамояд.
Ба туфайли фаровонии витаминҳои Е ва А дар равғани сиёҳдона он дорои хосияти зиддибактериалӣ ва зиддиилтиҳобӣ мебошад, ки барои рафъи ҳар гуна бемории пӯст муфид аст. Инчунин сиёҳдона пӯстро аз хушкшавӣ эмин нигоҳ дошта, суръати беҳтаршавии ҷойи захми пӯстро метезонад. Хусусияти антиоксидантии сиёҳдона пӯстро аз радикалҳои озод муҳофизат карда, раванди пиршавиро суст менамояд.
Мутахассисон ба он нафароне, ки то ба ҳол сиёҳдонаро истеъмол накардаанд, тавсия медиҳанд, ки қабл аз истифода бо духтур машварат намоянд. Зеро дар баъзе нафарон баъди истеъмоли ин навъи растанӣ метавонад ҳассосият ба вуҷуд ояд.
Бояд иброз дошт, ки дар илми тиб аксар вақт на худи тухмии сиёҳдона, балки равғани аз он гирифтаро истифода мебаранд. Дар таркиби равғани сиёҳдона витаминҳо, минералҳо ва кислотаҳои равғанӣ ба миқдори зиёд мавҷуд ҳастанд.
Дар фасли зимистон эҳтимоли гирифторӣ ба зуком зиёд мегардад, аз ин рӯ истифодаи сиёҳдона барои кушодани роҳи нафас муфид аст. Барои ин метавонед аз ду қошуқча тухми сиёҳдона ва як пиёла оби ҷӯшонида нӯшобаи табиӣ тайёр кунед. Бигзор омехта ду соат дам дода шавад, баъд 1/4-и онро ним соат пеш аз хӯрок нӯшед. Хусусияти зиддибактериалӣ ва зиддиилтиҳобии сиёҳдона организмро устувор нигоҳ медорад.
Равғани сиёҳдона ба нафарони гирифтори панкреатит чун воситаи ёрирасон дар табобати ин беморӣ кумак мерасонад. Таъсири нарми он ба ғадуди зери меъда илтиҳобро рафъ месозад, ки ба туфайли он ҳолати тамоми организм беҳбудӣ меёбад. Равғани сиёҳдона метавонад иштиҳоро беҳтар кунад, инчунин бо хусусияти пешобронӣ доштан ғадуди зери меъда ва меъдаро тоза мекунад.
Набояд фаромӯш кард, ки тухми зираи сиёҳдонаро на бештар аз як сол ба мисли чой нигоҳ доштан мумкин аст.
Таҳияи Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






