МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг мавсими мувофиқ мебошад

Ноябрь 19, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Охири фасли тирамоҳ барои қаламча намудани гули садбарг ва башаклдарории он мавсими мувофиқ мебошад. Гулпарварон бояд навдаҳои садбаргеро, ки аз қаламча парвариш намудаанд, зиёд кӯтоҳ набуранд. Навдаҳои садбаргеро, ки аз реша парвариш шудааст, бояд бо тартиби дилхоҳ буранд. Башаклдарорӣ барои садбарг хеле муҳим аст, навдаҳои кам дар оянда гулҳо ва шакли гулро хеле хуб менамоянд.Чунин тавсия медиҳанд гулпарваон.

Барои қаламча намудани гули садбарг бояд аз фасли тирамоҳ омодагӣ дид. Инчунин қаламчаи онро дар гармхонаҳо парвариш намуда, сипас ба ҳавои васеъ мекӯчонанд. Гули садбарг хоси шароити офтобӣ ва шамолрас мебошад.

Тибқи тавсияи гулпарварон, барои қаламчаи гули садбарг ҷойи аз ҳар ҷиҳат мувофиқро муайян ва интихоб намудан зарур аст. Парвариши он зери плёнкаи полиэтиленӣ амалӣ шуда, бараш бояд як — ду метр бошад, яъне ба паҳноии плёнка муносиб бошад.

Асосан қаламчаро аз гули садбарги кӯҳнаи шукуфта гирифта, онро як шабонарӯз дар маҳлули перманганати калий нигоҳ медорем. Дар аксарияти хонаҳо ба гули садбарг ҳашароти хурди сафед мечаспанд, қисми поёни баргҳоро назорат бояд кард, чунки ин намуд ҳашарот барги гулро хеле дӯст медорад. Барои нобуд кардани ин намуди ҳашарот собуни сиёҳ ё хокиро майда намуда, дар даруни зарфи шишагин об андохта, омехта менамоем. Баъд ба воситаи омехтаи тайёршуда баргҳои осебдидаро мешӯем. Ҳамин усулро 1 ҳафта давом медиҳем, то ин ки ҳашароти зараррасони баргҳо нест шаванд. Дар вақти кам шудани хоки гулдон онро бо пору ва хок таъмин мекунем. Пору ба қадкашии растанӣ ва зебоии он мусоидат намуда, ба решаҳояш қувват мабахшад. Ҳангоме ки гули садбарг дар хонаҳоятон гул мекунад, муҳити хонаро бӯйи хуш ва таровату зебоӣ фаро гирифта, табъи шахсро хеле болида мегардонад.

Бояд гуфт, ки аз охири моҳи январ то охири моҳи феврал барои шинонидани гули садбарг аз реша мавсими мувофиқ аст. Инчунин дар вақти харидани гули садбарг  аввалан пурсон шавед, ки он бо дарахти хуч пайванд карда шудааст?

Агар бо хуч пайванд шуда бошад, решаи он дар замин чуқуртар рафта, аз оби зеризаминӣ худро бо намӣ таъмин менамояд. Ин гуна садбаргҳо ба рӯзҳои тағйирёбии ҳаво мутобиқ буда, ҳамеша гулҳояшон шукуфон мебошад.

Ранги гулҳои садбарг сурх, сафед, зард, гулобӣ, норинҷӣ, бунафш ва ғайра мешавад. Гули садбаргро асосан ба 3 гурӯҳ тақсим менамоянд. Якум- гулҳои ҳамешасабз, ки тез ба гулкунӣ даромада, баландиашон 2-3 метр шуда, давраи гулшукуфиашон дароз аст. Дуюм-гулҳои хазонрез, ки гулҳои он бехӣ буда, бисёр гул дорад. Айёми гулшукуфташон 20-40 шабонарӯз буда, бештари онҳо баҳорон мешукуфанд. Ба гурӯҳи сеюм садбаргҳои печон дохил мешаванд, ки навдаҳои дароз доранду то 10-20 метр қад мекашанд ва баҳору тобистон сергул мешаванд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Ноябрь 19, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ин озмуни ҷумҳуриявӣ киҳо иштирок карда наметавонанд?
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ЭҲЁГАРИ НАВРӮЗ. Пас аз Истиқлоли давлатии Тоҷикистон Наврӯз дар сатҳи байналмилалӣ ҷойгоҳ пайдо намуд
Дар Тоҷикистон ихтисосҳои серталаби коргарӣ кадомҳоянд?
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Дар доираи он бо хонаводаҳои зиёде суҳбати инфиродӣ гузаронида шуд
ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сӯзании Панҷакент рамзи фарҳанги миллӣ ва пешрафти ҳунарҳои дастии занони тоҷик аст
Соли 2026 барои соҳаи маориф қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 25,4 фоиз зиёд аст
Гуфтори «Ман аввал тоҷикам, баъд мусулмон» заминаи ваҳдати миллӣ ва фарҳанги ҳамзистиро муҳайё месозад
АЗ СЕ ЯК ҲИССАИ УМРИ ИНСОН ДАР ҶОИ КОР МЕГУЗАРАД. Ва ё ба кормандон муҳайё намудани шароити хуби меҳнат зарур аст
АВВАЛ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ, БАЪДАН ҲУВИЯТИ ДИНӢ. Тоҷик касест, ки худро вориси тамаддуни ниёгон медонад