МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад

Ноябрь 8, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ғизошиносон мегӯянд, ки истеъмоли чормағз метавонад масуниятро баланд кунад, инчунин фишори асабро коҳиш диҳад. Дар таркиби ин мева равғани зиёд буда, хотираро беҳтар мекунад. Дар 100 грамми чормағз 270 мелатонин мавҷуд аст ва  агар хоби шумо халалдор шавад, метавонед  дар  хӯроки шом чормағз истеъмол кунед.

Ба тавсия мутахассисони соҳаи тиб,  чормағз махсусан барои занон муфид аст, ки нисбат ба мардон бештар ба камхунӣ гирифтор мешаванд. Барои фаъолияти муътадили ғадуди сипаршакл йод лозим аст. Мо метавонем онро аз чормағз ба даст орем.

Инчунин чормағз дорои витаминҳои C ва E буда, дар таркиби мағзи он оҳан, фосфор, мис, равған ва сафеда мавҷуд аст, ки дар ҳазми таом ёрӣ мерасонад, қувваи инсонро зиёд месозад, сохтори асабро дар як маром нигоҳ медорад. Барои одамони вазнашон бисёр зиёд истеъмоли он тавсия дода намешавад.

Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи дорусозӣ, аз пўсти меваи чормағз доруи «Юглон» тайёр менамоянд, ки барои бемори сили пӯст хело ҳам муфид аст. Мағзаш ҳамчун ғизо барои барқароркунии саломатӣ баъди беморӣ ва беҳтар намудани ҳозима тавсия дода мешавад. Равғани тару тозаи мева барои тезтар шифо ёфтани яраҳо ва захмҳои пӯст кумак менамояд. Равғани чормағз дар саноат арзиши калон дорад. Дар баргу пӯстлох ва меваи кабуди он витамини С ва моддаҳои обдиҳандаи пӯст мавҷуд аст.

Дар китоби «Канзи шифо» чунин омадааст: «Пӯсти сабзи самари чормағзро ба шукуфаҳои пӯст ва сабӯсаки сар бимоланд, фоида менамояд. Агар онро ба дандон бимоланд, милки дандонро сахт ва худи дандонро мустаҳкам мегардонад. Пӯсти тари решаи чормағзро ҳар панҷ рӯз як маротиба ба дандон бимоланд, мағзи сарро аз моддаҳои бегона пок месозад. Оби баргашро нимгарм дар гӯш чаконанд, онро аз чирк пок месозад».

Меваҳои нопухтаи чормағз аз кислотаи аскорбин то 10 фоиз бой мебошанд. Мағзи мева дорои равғани чарб то 60-76 фоиз, моддаҳои сафеда то 21 фоиз, карбогидратҳо то 7 фоиз, провитамин А, витаминҳои K ва P ва аминокислотаҳо мебошанд. Пӯсти меваи чормағз хосияти хунбарқароркунанда дошта, онро ба захмҳо мепошанд.

Тавре гуфта шуд, чормағз дар ду намуд нигоҳ дошта мешавад: дар шакли комил (бо пўстааш) — имкон медиҳад, ки мағз хосиятҳои худро барои 2 сол нигоҳ дорад. Дар шакли мағз — барои фурӯш мувофиқ аст, аммо хатари зарари ҳашаротҳо ба мева вуҷуд дорад.

Барои ба муҳлати зиёд нигоҳдории меваи чормағз бояд онро ба таври лозимӣ хушк намуд. Чормағзҳои тоза чидашударо метавон дар ҳавои гарми офтобӣ, дар майдони кушод (ҳарорат на бештар аз 30 дараҷа) ё дар соя зери иншооти кушода, ки ҳаво хуб гардиш менамояд, хушк сохт намуд.

Чормағзро (бо пӯст) бояд дар қуттиҳои картонӣ ва ё пластмасӣ, халтаҳои махсус, тоза ва бе буй нигоҳ дошт. Чормағзро дар макони намкон, масаллан таҳхона нигоҳ доштан мумкин нест. Намнокии баланди ҳаво боиси пайдоиши мағор дар пӯстлох гашта, сабаби пӯсиши мағз мегардад.

Чормағз бӯйи атрофро тез ба худ ҷазб менамояд, аз ҳамин сабаб онро дар паҳлўи дигар маҳсулоти буйдор нигоҳ доштан маслиҳат дода намешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 8, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?
Имсол дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даромад аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳон 20,4 миллион сомониро ташкил дод
Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст
Конститутсияи Тоҷикистон бо арзишҳои волои худ дар радифи конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад
Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
Маҳкам Маҳмудзода: «Конститутсияи Тоҷикистон аз рӯи меъёрҳои арзёбии ҷаҳонӣ ба сафи конститутсияҳои беҳтарин шомил карда шудааст»
ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАР. Куруши Кабир асоси пайдоиши конститутсияро дар ҷаҳон гузоштааст
Конститутсияи Тоҷикистон дастоварди бузург ва қиёснашавандаи даврони соҳибистиқлолӣ мебошад
Конститутсия ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ дар ташаккули парламентаризм нақши асосӣ бозидааст
Исломиддин Раҳмон: «Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва риояи меъёрҳои Конститутсия рушд меёбад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли дилаи каду кори узви ҳозимаро хуб намуда, хусусияти талхаронӣ дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»