«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Замимаи мобилии «МегаФон Life», ки садҳо ҳазор сокинони Тоҷикистон ҳамарӯза онро истифода мебаранд, пайваста инкишоф меёбад. Соли 2025 SuperApp бо якчанд навсозиҳое, ки ба баландбардории сатҳи муносибӣ, суръат ва мутобиқгардонии хизматрасониҳо нигаронида шуда буданд, пурра гардид. Истифодабарандагон на танҳо алоқаро идора карда, амалиёти молиявӣ анҷом дода метавонанд, балки дигар вазифаҳои рӯзмарраи худро низ бо пахши якчанд тугма ба иҷро мерасонанд.
Ҳама чизе, ки ба шумо зарур аст — дар як ҷо
Қисми навшудаи «Хизматрасониҳо» боз ҳам мувофиқтар шуд: хусусияти асосӣ ва пешниҳодҳои шарикӣ ҳоло мустақиман дар экрани асосӣ дастрас мебошанд. Инчунин дастгирии диплинкҳо амалӣ карда шуд – яъне гузариш ба суроға якбора қисми зарурии замимаро кушода, ҳамин тавр вақти корбаронро сарфа менамояд.
Ҷустуҷӯи «бофаҳм» ва тавсияҳо
Қисми «Ҷустуҷӯ» комилан мавриди бозбинӣ қарор гирифт. Он ба воситаи универсалӣ барои паймоиш дар тамоми замима табдил ёфтааст. Тарҳ ва функсияҳои навшуда ба шумо имкон медиҳанд, ки зуд тарофаҳо, хизматрасониҳо ва амалиёти заруриро пайдо намоед.
Ғайр аз ин, дар блоки пардохт тавсияҳои фардӣ ҷойгир карда шудаанд. Онҳо ба корбар имкон медиҳанд, ки пардохтҳо ва интиқолҳои заруриро зудтар анҷом диҳанд.
Зудтар ва осонтар: хусусияти нави интиқол
Акнун интиқоли маблағ танҳо бо ҷунбондани смартфон имконпазир аст – функсияи имову ишора равандро фаврӣ мекунад.
Сатри қабулкунанда дар экрани пардохт аз нав тарҳрезӣ карда шуд: ҷустуҷӯ аз рӯи тамосҳо интиқолҳоро байни дӯстону наздикон сода мекунад.
Live Activities ва имконияти нав
Дар қисмҳои «Дорухона» ва «Маҳсулот» Live Activities амалӣ карда шудааст: корбарон метавонанд интиқоли фармоишҳоро мустақиман дар экрани қулфи телефон пайгирӣ намоянд.
Хизматрасониҳои нав низ илова карда шудаанд: пардохти таваққуфгоҳ, ҷаримаҳо, инчунин имконияти пешниҳоди дархости пайвастшавӣ ба интернети хонагӣ мустақиман дар замима.
Дар замима инчунин функсияи нави дигар пайдо шуд: акнун ҳангоми интиқол ба ҳамёнҳои электронӣ метавон танҳо қисми «Ба ҳамён»-ро кушода, QR-рамз ё рақами телефон (ҳамён)-еро, ки дар паҳлуи он қайд шудааст, скан намуд. Замима ба таври автоматӣ маълумотро қабул намуда, рақами ҳамёнро бе ворид кардани дастӣ мегузорад.
«Мо МегаФон Life-ро инкишоф медиҳем, то ки ҳар функсия ба одамон дар сарфаи вақт ва нигоҳдории алоқа бо наздиконашон кумак намояд. Имрӯз замима — ёвари мукаммали рақамие мебошад, ки алоқа, молия ва хизматрасониҳои ҳаррӯзаро дар худ муттаҳид кардааст»,-иброз намуд директори тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон Илдар Салихов.
Бо МегаФон Life масофа аҳамият надорад — шумо доимо метавонед дар Тоҷикистон канори наздиконатон бошед, овози онҳоро бишнавед, лаҳзаҳои муҳимро ба якдигар расонед ва ҳар куҷое набошед, дар алоқа бимонед.
Боргирӣ ё навкунии замимаи «МегаФон Life» бо суроғаи зерин имконпазир аст.
АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






