Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»

Ноябрь 14, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гиромидошти ҷойгоҳи Рӯзи Президентро, ки нишонае аз бузургдошт ва заҳматҳои шабонарӯзии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, аз таҳти дил шахсан ба ин фарзанди ростини тоҷик – Пешвои миллат, ки дар замони раёсати ҷумҳурии худ ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ ҷумҳуриро сару сомон дода ва субот бахшидаанд, табрику таҳният арз намуда, барояшон фирдавсивор орзу медорам, ки ҳамеша обод бошанду бо кӯшиши сахт зи дарду ғам озод бошанд ва пирӯзбахт. Чунин омадааст дар мақолаи меъмори тоҷиктабор аз Олмон Саид Умар МАЪСУМ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар идомаи матлаб номбурда чунин ибрози назар намудаанд:

-Ин Рӯзи таърихӣ ба ҳама ҳамтаборонам хуҷаста бод!

Дар робита ба ин рӯзи таърихӣ қобили ёдоварӣ медонам, ки шинохти ман аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштаҳои дур (1987), замоне, ки ба шаҳри Душанбе омада будам, бармегардад. Эмомалӣ Раҳмон дар он замон дар зодгоҳи худ (Данғара) ифои вазифа менамуданд. Нигорандаи ин сатрҳо пас аз чанд моҳ равонаи Москва шуда, солҳои зиёд дар Академияи ҳанурии Москва ба номи Суриков таҳти назари устодон Павел Иванович Бондаренко, Михаил Константинович Аникушин, Лев Ефимович Кербел, ки яке аз офаридаҳои пурифтихори устоди ман ҳамин пайкараи бузургу зебои шоҳ Исмоили Сомонӣ дар гулистони ҷаҳон- Душанбе қад афрошта аст, дар Москва саргарми омӯхтани анатомияи ҳунари Руму Юнони бостон будам, то соли 1985 идома дошт.

Дар ин даврони чиҳилу чанд соли дурии ман аз диёру ёр рӯйдодҳои нохушоянди бисёр, аз қабили дахолати хориҷиҳо, бародаркушиҳо, ҷанги дохилӣ рух дод, ки хушбахтона, касе ки ватанашро бештар аз ҷонаш дӯст дошту дорад, ҷони солим бадар бурд.

Илоҳӣ сад солаву тандуруст бимонад!

Ман ҳамарӯза раҳбарии ин марди бузургро барои наҷоти миллат аз чандпорчагӣ ва наҷоти давлат аз эҳтимоли фурӯпошӣ, инчунин наҷоти мамлакат аз фақр ва пирӯзӣ бар нобаробариҳоро шоҳид будаму ҳастам.

Раҳбари миллату Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин талошҳои мусаммари худ дар солҳои душвори муқовимат дар баробари душманони хориҷӣ пойдорӣ ва ватандӯстии худро ба ҷаҳониён ба исбот расонида, ки мояи ифтихори мост!

Ман ба ҳайси як ришсафеди пурумеди ҳамтабор ба поси ин талошҳо ва кӯшишҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон ба ҳама шаҳрвандони Тоҷикистони азизам бо садои баланд мегӯям: «Эй мардуми бофарҳанг ва шеъру адаб! Агар дар 16 ноябр чунин шахсияти бофазилат баргузида намешуд, агар чунин қонуни асосӣ, ки имрӯз доред ё беҳтар бигӯям, агар чунин ҳокимияти қонун дар мамлакат намебуд, ҳаргиз чунин сулҳу суботи имрӯзӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди пойдории иқтисодӣ, барқарории оромиши иҷтимоӣ ва фазои орому амн дар кишвар пиёда намешуд!».

Ман, Бараҳна Маъсум, яке аз ҳамтаборони шумо, ки ба ниёкону сарзамини аҷдодии худ фахр мекунам, ба поси корномаҳои дурахшони Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бесобиқаи Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳо, бавижа дар ин солҳои пасин дар ҳофизаи таърихи муосир ба сабт расида, дар таърихи ҷаҳон медурахшад, сари таъзим фуруд меоварам ва ҳамон гуна, ки дар оғоз гуфтаам, боз ба такрор мегӯям, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои ҷаҳонист, ки метавонад барои шаҳрвандони ҷаҳон сармашқе аз инсонияту доноӣ, ватандӯстӣ ва бародарӣ ва аз ҳама муҳимтар, улгуи шукуфоӣ ва пешрафт бошад!

Ин ҳунарманди ҳамтаборатон аз солҳои дур то ҳамин кунун суханрониҳои ин бузургмардро ҳамроҳ бо кирдори некашон ба диққат шунида, аз назар гузаронидаам ва аз ин рӯ бо вазоҳат мегӯям, ки шинохти ман аз ин бузургвор бар пояи фаҳму дониш ва андешаи волои эшон ва амалӣ сохтани пружаҳои рушди иқтисодӣ устувор аст. Аз ин рӯ, бо вуҷуде, ки дар ин солҳои дароз, ки дур аз ёру диёр ҳастам бо чашмдидҳои ашкбори худ, ки панҷ қораи ҷаҳонро дидаам, фаҳмидаам ва шинохтаам, ки меҳанпарасти воқеӣ кист! Ва инсон будан чист!

Оре, шинохти ман аз бедорӣ, ҳушёриву хирадмандӣ, фазилату устуворӣ, истиқомат барои мардум ва пешрафти миллати эшон устувор аст!

Дар ниҳоят, пас аз 45 соли дурӣ, шинохти ҳузурӣ бо дастфишурдан ва ба гармӣ ба оғӯш гирифтан ва рӯбӯсӣ бо эшон аст, ки ҳаргиз фаромӯшам намешавад.

На танҳо бо Ҷаноби олӣ, балки бо писари аршадашон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки Душанберо ҳар рӯз зебову зеботар месозад, аз дидгоҳи ин нигорандаи пир, ӯ ҷавони пуртавону матин ва корофарин аст!

Дар муддати ду ҳафта, ки дар шаҳри шукуфаҳо ба сар бурдам, хушбахтона, бо дӯстони фарҳехта бисёр бо ҳам ҳамсухан шудем, ки умедворам то ҷаҳон асту тавон дар ҷон аст, ин пайвандҳои фарҳангӣ мустаҳкамтар гардад!

Дар ин ҷо ниёз ба ёдоварист, ки ин сафар ва ин ошноиҳои фарҳангӣ дар ҷашни Наврӯзи бостонӣ ва ҳамдилӣ тавассути дӯсти хубам- Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон, доктор Имомуддин Сатторов доир шуданд, ки аз ӯ сахт сипосгузорам!

Нуктаи муҳим, ки наметавон аз он гузашт, корбурди вожагони дархӯри ситоиш, ҳамчун бунёдгузори сулҳ, бунёдгузори ваҳдати миллӣ, роҳбару сарвари миллат- Пешвои миллат мебошад.

Медонам ва мебинам, ки мақомҳои хеле баланд ва дар сатҳи баланд ҳастанд, ки дар асари хидмату ҷонфишонӣ ва сар ба каф гирифтан ба даст меоянд. Роҳбар ва роҳбарӣ кардан ҳам заковат, тавонмандӣ, шеваи кишвардорӣ ва роҳнамоии мардум ба роҳи ростро металабад! Роҳи рифоҳу шукуфоӣ, пешрафти мардум ва кишвар бубинед ва бихонед, Пешвои миллат чӣ қадар кӯтоҳу пурмаъно гуфтаанд, ки ин ҷумлаи зеборо бояд бо оби тилло навишт: «Роҳи ҳаёт-ин ободӣ, ин пешрафт, ин тараққиёт бе роҳ намешавад!»

Оре, роҳу равиши ин бузургмарди таърих ҳамоно шиори созандаву поянда «Тоҷикистон ба пеш!» ҳаст, ки шабу рӯз бо кӯшоиши кӯдакистонҳо, донишкадаву донишгоҳҳои байналмилалӣ ва корхонаҳо, муҳайё кардани садҳо шароити шоиста барои рифоҳу назми ҷомеа ва баланд бурдани сатҳи худогоҳӣ ва рушди озодонаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҷомаи амал мепӯшонад.

Дар робита ба ин сармашқи зиндагӣ ва пирӯзӣ аз ин шиори пурмаъно «Тоҷикистон ба пеш!» мехоҳам ба ҳузури Пешвои миллат бирасонам, ки ман тоҷиктабори дурафтода аз зодгоҳ огоҳона ва муштоқона орзу дорам, бо ҳама андӯхтаҳои академии ҳунарии 50-солаи худ дар бахшҳои пайкартарошӣ, наққошӣ, хаттотӣ ва шеър дар пешрафти фарҳангии Тоҷикистони азиз, ки аслу реша дар Дарвози меҳмоннавоз дорем, ҳисса бигирам ва чанд сабоҳе, ки аз умри пурборам боқӣ монда, масдари хидмат гардам.

Дар поёни сухан ин ҷо боз ҳам сипосгузорам аз доктор Имомуддин Сатторов, дӯсти хубам, ки ҳамчун ганҷинае аз қаъри дарёҳо бо ҳам ошно шудем ва ба воситаи эшон тавонистам офаридаи ҳунарӣ «Тандиси нимбарҷастаи биринҷӣ»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо ишқ тарошидаам, дар ҷашни Наврӯзи бостонӣ дар ҳузури эшон тақдим кунам.

Ҳамчунон бароям ҷои ниҳоят ифтихор аст, ки ин тандиси нимбарҷаста дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҷойи хоси худро пайдо кардааст.

Дар ин ҷо носипосӣ накарда, лозим медонам, ки изҳори сипоси бекарони дигар аз бонуи фарҳехта, профессор Фарангис Шарифзода дошта бошам, ки эшон дар гузини нигораи худовандгори сухан Абулқосими Фирдавсӣ, ки ба дасти нигоранда-Бараҳна Маъсум наққошӣ шуда ва эшон дар чопи «Шоҳнома» саҳми муҳиму арзанда доштаанд ва сипас ин «Шоҳнома»-и гаронбаҳо ба фармони Ҷаноби олӣ имсол ба ҳар хонаводаи шарифи мардуми Тоҷикистон ду ҷилд ҳадя дода шуд. Ба ибораи дигар, ин офариниши ҳунарии ман ба ҳиммати ин бонуи фарҳехта меҳмони фард-фарди мардуми Тоҷикистони азиз шуда ва дар қалби сарзамини ниёконам роҳ ёфта, хушҳолам, ки асари ангуштонам дар ҳар гӯшаи ин миллати бофарҳанг ҳузур дорад ва он ҷоро хонаи худ мепиндораму мешуморам!

АКС аз муаллиф

Ноябрь 14, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Ҷашне, ки ба шахсияти таърихӣ ва хизматҳои беназири Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво рӯзона то 22 дараҷа гарм мешавад