Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад
ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе пойгоҳҳо ва дохили биноҳои баландошёнаи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ риоя намегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни санҷиши гурӯҳҳои кории Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар самти назорати таъмини гармӣ муайян гардид, ки ҳарорати гармӣ дар шабакаҳо, аз ҷумла дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳои баландошёна ба 55 дараҷа баробар мебошад. Ҳол он ки мувофиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ҳарорати таъминоти гармӣ бояд 75 дараҷаро ташкил диҳад.
Ба иттилои мутахассисон, бинобар паст будани ҳарорати таъминоти гармӣ сокинон маҷбур мешаванд барои гарм нигоҳ доштани манзилҳо аз таҷҳизоти барқӣ истифода баранд. Истифодаи таҷҳизоти барқӣ агар аз як тараф ба низоми энергетикии мамлакат сарбории иловагӣ эҷод кунад, аз ҷониби дигар, хароҷоти иловагии молиявии шаҳрвандонро ба вуҷуд меорад.
Аз ин рӯ гурӯҳҳои кории Агентӣ ба сохторҳои дахлдори мамлакат барои бартараф намудани камбудиҳо ва ба меъёрҳои техникӣ мутобиқ гардонидани маъёри гармӣ тавсия доданд, ки чораҳои заруриро амалӣ намоянд.
Бояд гуфт, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармӣ, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад. Ин барои бо барқ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Маркази барқу гармидиҳии № 1 ва №2-и шаҳри Душанбе шуруъ аз даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор оғоз намуданд.
АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






