Меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ дар баъзе биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе риоя намегардад

Ноябрь 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар баъзе пойгоҳҳо ва дохили биноҳои баландошёнаи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе меъёрҳои муқарраргардидаи ҳарорати гармӣ риоя намегарданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни санҷиши гурӯҳҳои кории Агентии назорати давлатии энергетикӣ дар самти назорати таъмини гармӣ муайян гардид, ки ҳарорати гармӣ дар шабакаҳо, аз ҷумла дар пойгоҳҳо ва дохили биноҳои баландошёна ба 55 дараҷа баробар мебошад. Ҳол он ки  мувофиқи талаботи меъёрҳои амалкунанда ҳарорати таъминоти гармӣ бояд 75 дараҷаро ташкил диҳад.

Ба иттилои мутахассисон, бинобар паст будани ҳарорати таъминоти гармӣ сокинон маҷбур мешаванд барои гарм нигоҳ доштани манзилҳо аз таҷҳизоти барқӣ истифода баранд. Истифодаи таҷҳизоти барқӣ агар аз як тараф ба низоми энергетикии мамлакат сарбории иловагӣ эҷод кунад, аз ҷониби дигар, хароҷоти иловагии молиявии шаҳрвандонро ба вуҷуд меорад.

Аз ин рӯ гурӯҳҳои кории Агентӣ ба сохторҳои дахлдори мамлакат  барои бартараф намудани камбудиҳо ва ба меъёрҳои техникӣ мутобиқ гардонидани маъёри гармӣ тавсия доданд, ки чораҳои заруриро амалӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар фасли зимистон истифодаи барқ дар шаҳри Душанбе зиёда аз ду баробар афзоиш ёфта, пойтахт ба истеъмолкунандаи азими неру табдил меёбад. Дар ин замина ҳангоми истифодаи гармӣ, ки дар марказҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад, дар пойтахт неруи барқ сарфа мегардад. Ин барои бо барқ таъмин намудани аҳолии ҷумҳурӣ манфиатбахш мебошад.

Тавре қаблан иттилоъ додем, Маркази барқу гармидиҳии № 1 ва №2-и шаҳри Душанбе шуруъ аз даҳаи дуюми моҳи октябр ба кор оғоз намуданд.

 АКС: Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид