Қобилҷон Хушвахтзода: «Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад»
ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 сол қабл қабул гардида буд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз дар инкишофи давлатдории навини Тоҷикистон марҳалаи нави таърихиро оғоз бахшида, боиси дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсии ҷомеаи мо гардид. Ин матлабро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода дар мақолааш бахшида ба Рӯзи Конститутсия, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст, баён намудааст. Дар зер матни пурраи мақола пешниҳод мегардад.
-Маҳз ба шарофати Конститутсия рукнҳои давлатдорӣ, низоми ҳуқуқии мамлакат, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ пойдор гардида, давлати мо ба роҳи рушди устувор қадамҳои боэътимод гузошт.
Эълони Истиқлолияти давлатӣ ва ба марҳалаи сифатан нави рушд ворид гардидани Тоҷикистон зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро ба вуҷуд овард, зеро таъмини истиқлолияти давлатӣ ва рушди бомароми мамлакат бидуни Конститутсияи нав ғайриимкон буд.
Аз нигоҳи арзишҳои замони имрӯз ва бо дарназардошти хусусиятҳои таърихиву анъанавӣ, милливу мазҳабӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву ҳуқуқии халқи тоҷик муқоиса кардани Конститутсияи Тоҷикистони муосир бо ягон санади таърихӣ ё қонуни асосии мамлакати дигари ҷаҳон қобили қабул буда наметавонад. Зеро ҳар давлат бо ҳамон роҳе рушд мекунад, ки дар қонуни асосиаш муқаррар шудааст ва онро халқ дар интихоботи озоду демократӣ қабул намудааст.
Ҳамин тавр, халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин конститутсия мебошад. Чунки дар асоси хулосаи коршиносони як қатор давлатҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсия ба шумор меравад.
Конститутсия, дар навбати аввал, ҳуҷҷати таърихӣ буда, ҳазорсолаҳо амал мекунад, лекин он дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ зиёда аз дусад соли охир амал карда истодааст. Аввалин ибораи конститутсия ҳанӯз дар аҳди Руми қадим маълум буд. Он вақт баъзе санадҳои муҳими шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори давлатӣ алоқамандро ба танзим медароварданд, конститутсия ном доштанд. Бинобар ин, дар он замон метавонист якчанд конститутсия дар як вақт амал кунад. Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар давраи ғуломдорӣ ва дар давраи феодалӣ маълум буд. Вай дар шакл ва мазмуни имрӯзаи худ дар натиҷаи ғалабаи инқилобҳои буржуазӣ-демократӣ ва ба сари ҳокимият омадани синфи нав — буржуазия пайдо гардид.
Аввалин конститутсия дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва соли 1791 дар Полша ва Франсия қабул шуда буд. Баъдан конститутсия соли 1809 дар Шветсия соли 1811 дар Венесуэла, соли 1812 дар Испания, соли 1814 дар Норвегия, соли 1815 дар Нидерландия, соли 1831 дар Белгия, соли 1863 дар Люксембург ва дар дигар давлатҳо давра ба давра қабул гардид.
Дар асри XIX дар аксари давлатҳои қитъаи Аврупо, Амрико ва дар баъзе давлатҳои қитъаи Осиё раванди гузариш ба низоми конститутсионӣ асосан ба охир расид. Чунин раванд дар баъзе давлатҳо, ки истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд, имрӯз низ давом дорад.
Аз замоне, ки аввалин конститутсия қабул гардид, то имрӯз қариб тамоми давлатҳои ҷаҳон конститутсияи худро қабул карданд. Ин маънои онро дорад, ки дар шароити имрӯза нақш ва аҳамияти конститутсия дар рушди ҷомеа ниҳоят назаррас мебошад, зеро конститутсия муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим дароварда, заминаи асосии ташаккули давлатдории миллиро ташкил медиҳад.
Конститутсия баробари ҳуҷҷати таърихӣ буданаш, ҳуҷҷати сиёсӣ ба шумор меравад ва ҳамчун ҳуҷҷати сиёсӣ мазмуни ба худ хос дорад. Дар он одатан шакли сиёсии масъалаҳои муҳимтарини ба соҳибихтиёрии давлат, ҳокимияти давлатӣ, ҳолати ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, шаклҳои моликият ва монанди инҳо алоқаманд, муқаррар карда мешаванд. Меъёрҳои конститутсионӣ барои фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, шаҳрвандон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони шаҳрвандӣ надошта, ки дар ҳудуди давлат истиқомат мекунанд, заминаи ҳуқуқӣ ба шумор мераванд. Меъёрҳои конститутсионӣ, инчунин сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муқаррар мекунанд.
Конститутсия ҳамчунин ҳуҷҷати ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Хусусияти ҳуқуқӣ доштани конститутсия дар он зоҳир мегардад, ки он дорои қувваи олии ҳуқуқӣ мебошад. Меъёрҳои конситутсия бевосита (мустақиман) амал мекунанд ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, заминаҳои муҳими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии онҳо, дигар унсурҳои давлатдориро пешбинӣ ва ба танзим медароранд.
Ба муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки конститутсия онҳоро ба танзим медароранд, муносибатҳои ҷамъиятие дохил мегарданд, ки пояҳои асосии давлатдорӣ дар асоси онҳо бунёд шудаанд.
Муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ, ки бо конститутсия ба танзим дароварда мешаванд, дар навбати худ моҳияти конститутсияро муайян менамоянд. Аз ин ҷо, моҳияти конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дар он зоҳир мегардад, ки он сарчашмаи асосии ҳуқуқ буда, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Санадҳои дигари ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд, яъне набояд ба он зид бошанд. Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқӣ онҳо эътибори ҳуқуқии худро гум мекунанд.
Конститутсия ҳамчун қонуни асосии давлат дорои як қатор хусусиятҳо мебошад, ки бо ин хусусиятҳо конститутсия аз дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фарқ мекунад. Ин хусусиятҳо иборатанд аз:
— Конститутсия қонуни асосии давлат буда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад. Масалан, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, тартиби фаъолияти мақомоти қонунгузорӣ, иҷроия ва судиро муайян мекунад.
— Конститутсия назар ба дигар санадҳои ҳуқуқӣ дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад. Дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ будани конститутсия маънои онро дорад, ки тамоми санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба конститутсия мувофиқ бошанд. Ҳангоми ба конститутсия мувофиқ набудани санадҳои ҳуқуқи онҳо қувваи ҳуқуқии худро гум мекунанд.
— Конститутсия асосҳои сохтори конститутсиониро муқаррар менамояд. Дар конститутсия сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ, шаклҳои гуногуни моликият ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, арзиши иҷтимоии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқу озодиҳои асосии ӯ эълон карда мешаванд.
— Меъёрҳои конститутсия бевосита амал мекунанд. Амали бевоситаи меъёрҳои конститутсия чунин маъно дорад, ки субъектҳои татбиқи ҳуқуқ, ба монанди суд, мақомоти прокуратура, корҳои дохилӣ ва ғайра уҳдадоранд амалишавии меъёрҳои конститутсияро, новобаста аз инъикос гардиданашон дар санадҳои ҳуқуқӣ, таъмин намоянд.
Хулоса, Конститутсия қонуни асосии давлат буда, дорои қувваи олии ҳуқуқӣ аст ва бо тартиби махсус, аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор (парламент) ё дар раъйпурсӣ аз ҷониби халқ қабул карда шуда, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ба танзим медарорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд
СОЛИ 2026 – СОЛИ ТАЪРИХӢ БАРОИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Сарзамини куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад






