Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
Дар конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисон аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуданд.
Зимни конференсия иштирокчиён оид ба нақши муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо дар такмили раванди ҳуқуқэҷодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд. Олимону мутахассисони Узбекистон ва Қазоқистон доир ба нақши институтҳои қонунгузорӣ дар татбиқи раванди ҳуқуқэҷодкунӣ маъруза намуданд.
Дар қисмати музокира таҷрибаи кишварҳои иштирокчӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои беҳтар намудани равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо ба рушди ҳамкории илмӣ ва таҳкими заминаҳои илмӣ-назариявии ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд.
АКС: Маркази милии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид






