Оид ба нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Ноябрь 29, 2025 10:26

ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 ноябр бо ташаббуси Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти унвони «Нақши муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.

Дар конференсия намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, олимону мутахассисон аз Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, намояндагони вазорату идораҳо ва муассисаҳои илмии мамлакат иштирок намуданд.

Зимни конференсия иштирокчиён оид ба нақши муассисаҳои илмӣ, марказҳои таҳқиқотӣ ва донишгоҳҳо дар такмили раванди ҳуқуқэҷодӣ ва таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мубодилаи афкор намуданд. Олимону мутахассисони Узбекистон ва Қазоқистон доир ба нақши институтҳои қонунгузорӣ дар татбиқи раванди ҳуқуқэҷодкунӣ маъруза намуданд.

Дар қисмати музокира таҷрибаи кишварҳои иштирокчӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, барои беҳтар намудани равандҳои ҳуқуқэҷодкунӣ дар Тоҷикистон таклифҳои судманд пешниҳод гардиданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳо ба рушди ҳамкории илмӣ ва таҳкими заминаҳои илмӣ-назариявии ҳуқуқэҷодкунӣ мусоидат менамояд.

АКС: Маркази милии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 29, 2025 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид