Озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи «Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ» ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон озмуни эссеи беҳтарин дар мавзуи «Пули миллӣ – рамзи давлатдорӣ» ҷамъбаст гардид. Бонки миллии Тоҷикистон ин озмунро дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шаҳри Душанбе» байни хонандагони синфҳои 10 – 11 гузаронид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҷойи аввалро дар озмун хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №2»-и шаҳри Душанбе Мавлуда Мародмамадова сазовор гардид. Ҷойи дуюм ба хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи №1»-и шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд. Ҷойи сеюм низ ба хонандагони муассисаи таълимӣ «Литсейи №1»-Амина Мирзоева ва Шаҳноза Умарова насиб гардид.
Раиси Бонки милллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар маросими ҷоизасупорӣ оид ба аҳаммияти пули миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии нишони мустақилият дар истиқрори давлатдорӣ ва ифодагари соҳибихтиёрӣ сухан намуд.
Гуфта шуд, ки дар озмун 47 нафар хонандагон аз 17 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе иштирок намуда, дар баробари ғолибони озмун 16 нафар иштирокдорони фаъол аз гимназияҳои №1 ва №2, муассисаҳои таълимоти миёнаи умумии №19, №31, №60, №99, №100 ва литсейи Умари Хайёми пойтахт, ки навиштаҳояшон баҳои хуб гирифтааст, бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Бонки миллии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Хотиррасон мекунем, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои пешбининамудаи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва бахшида ба 25 — солагии ба муомилот баровардани пулли миллӣ – сомонӣ баргузор карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






