ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳар ҷомеа, бахусус дар давраҳои буҳронӣ ва гузариш ниёзи шадид ба роҳбаре эҳсос мегардад, ки масъулияти наҷоти давлат, истиқлолу озодии мардум, таъмини сулҳу субот ва мувозинати қувваҳои дар ҷамъият мавҷуда, инчунин таҳкими пояҳои истиқлолияти сиёсиро тавонад бо иродаи қавӣ, шикастнопазир ва дарку ҳимояи танҳо манфиатҳои миллӣ бар зиммаи худ бигирад.
Таърихи давлатдории тоҷикон низ мавридҳоеро, ки боиси зуҳури пешвоёни сиёсӣ шудаанд, борҳо таҷриба кардааст. Аз ҷумла, баъди истилои арабҳо дубора дар сарзамини Мовароуннаҳр ва Тоҷикистони таърихӣ Исмоили Сомонӣ ҳамчун Пешвои миллӣ зуҳур ва мардумро дар атрофи ормонҳои миллӣ муттаҳид карда, давлати тоҷиконро ташкил намуд.
Бо гузаштани марҳилаи муайяни таърихӣ миллати тоҷик боз дар ҳолати шадиди буҳронӣ қарор гирифт. Чун Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт ва тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар ин сарзамин амалӣ гардид, вуҷуди тоҷикон ҳамчун миллати алоҳида ва дорои сарзамину қаламрави алоҳида зери суол рафт. Дар чунин шароити тақдирсоз низ фарзандони фарзонаи миллат, ҳарчанд ба сурати ҷудогона ҳам бошад, масъулияти пешкориро ба хотири миллат, бо вуҷуди он ки ҳамарӯза хатари воқеӣ ба ҷони худу хонаводаашон таҳдид мекард, ба уҳда гирифтанд. Агар он рӯзгор Садриддин Айнӣ ва Абдулқосим Лоҳутӣ ба сифати пешвоёни маънавии замон баромад карда бошанд, ба сифати роҳбарони сиёсӣ Шириншо Шотемур ва Нусратулло Махсум ба он мусоидат карданд, ки дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёбад.
Дар шароити буҳронии солҳои навадуми асри гузашта низ боз ба Тоҷикистони тозаистиқлол хатари нобудӣ таҳдид кард. Дар мамлакат вазъияти бениҳоят мураккаб эҷод гардида, дар хориҷ ва дохили мамлакат масъалаи аз байн бурдани давлате бо номи Тоҷикистон ба таври густурда баррасӣ мегардид.
Маҳз дар чунин вазъият дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешвои нави мардумӣ ба майдони сиёсат ворид шуд, ки фаъолияти минбаъдаашон на танҳо бо роҳбарии сиёсӣ, балки бо эҳёи як институти нави миллӣ – Падидаи Пешво тавъам гардид. Ин институт ба сифати падидаи таърихию сиёсӣ, идеологӣ ва фарҳангӣ ҷараёни давлатсозии муосири тоҷиконро тавзеҳ дода, ба унсури устувори ҳувияти миллӣ ва низоми сиёсӣ табдил ёфт.
Барои равшанӣ андохтан ба мавзуъ моро зарур аст нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олиро дар он шароит мухтасар баён намоем. Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, дар таърихи давлати навини тоҷикон пас аз расидан ба Истиқлолияти давлатӣ яке аз рӯйдодҳои бениҳоят муҳим ва сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад. Ин иҷлосия ҳамчун нуқтаи гардиш дар роҳи аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани халқи Тоҷикистон, хомӯш сохтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, бартараф кардани буҳрони сиёсиву иқтисодӣ ва хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон арзёбӣ мешавад. Заминаҳои сиёсиву иҷтимоии баргузории ин иҷлосия асосан буҳрони шадиди сиёсӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ, фалаҷшавии сохторҳои давлатӣ ва хатари нест шудани давлати миллӣ буданд. Чунин шароит зарурати ташкили маркази идоракунии қонунӣ ва қудратмандро ба вуҷуд овард.
Дигар нуктаи муҳим- ин қабули қарорҳои сарнавиштсоз дар ин иҷлосия буд. Махсусан, интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олӣ оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамзамон бо ин, сохтани пояҳои сохтори давлатдорӣ, масъалаи барқарор кардани низоми қонунии идоракунии давлат ва мақомоти амнияти миллӣ аз ҳамин иҷлосияи таърихӣ оғоз шуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин иҷлосия сухане гуфтанд, ки хусусияти пешвоӣ доштани ӯро ба намоиш гузошт ва таърихӣ шуд: «Ман ба шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ, агар лозим шавад, ҷонамро фидо мекунам!»
Дар он шабу рӯз пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе ҳамчун маркази идоракунии давлатӣ аз лиҳози бехатарӣ ғайри қобили қабул дониста мешуд. Аз ин рӯ, бисёре аз вакилон таклиф карданд, ки бигзор ҷумҳурӣ аз дигар минтақаи мамлакат идора карда шавад. Аммо Пешвои муаззами миллат бозгардондани ҷойгоҳи пойтахтро ба шаҳри Душанбе муҳим дониста, бо ин кор ба барқарор кардани фаъолияти воҳидҳои ҳукуматӣ мусоидат намуданд.
Дар илми таърих ин иҷлосия ҳамчун “нуқтаи ибтидоии давлатдории навини тоҷикон”, “поягузори ваҳдати миллӣ” ва “қадами аввалини барқарорсозии сохти ҳокимияти қонунӣ”, “заминаи ташаккули давлати муосир ва мутамаркази тоҷикон”, “Иҷлосияи наҷоти миллӣ” ва ғайра шинохта мешавад. Шахсияти Эмомалӣ Раҳмон, хусусияти фардияшон, андешаву фаҳмишҳои сиёсӣ ва иродаи қавию мавқеъгириҳо, бахусус далерию шуҷоати бемисл нишон доданашон дар чашми мардуми ранҷкашида, дар ҳолати яъсу ноумедӣ қарордошта ва роҳро ба сӯи оянда гумкарда Пешвои халқиро ба намоиш гузошт.
Раиси нави Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди ҷавонӣ тавонистанд бо истодагарӣ дар қабули қарорҳои муҳим худро ҳамчун Лидери ҳақиқӣ, ки метавонад вазъияти комилан хатарборро зери назорат гирифта, рафъ намояд, муаррифӣ намоянд.
Аз ин рӯ, Илосияи XVI на танҳо рӯйдоди сиёсӣ, балки дар симои Эмомалӣ Раҳмон саҳнаи зуҳури шахсияти сиёсие шуд, ки тавонист миллатро дар шароити буҳронӣ муттаҳид созад, рамзи эътимод, умед ва ниёзи ҷомеа ба як роҳбари ягона гардад.
Ин раванд бори дигар собит кард, ки дар фарҳанги давлатдории шарқ, хусусан, фарҳанги ниёгони мо нақши Пешвои сиёсӣ дар идоракунии давлат ниҳоят муҳим ва калидӣ арзёбӣ мегардад.
Пешвоӣ ҳамчун мафҳум ва воқеият решаҳои амиқи таърихӣ дорад. Дар таҷрибаи давлатдории шашҳазорсолаи тоҷику форс роҳбари халқӣ на танҳо намояндаи қудрат, балки рамзи адолат, виҷдон ва ваҳдат будааст. Аз замони Пешдодиён то Каёниён, аз Сосониён то Сомониён ва то давраҳои минбаъда ниёгони тоҷик ба роҳбарони хирадманди худ на ҳамчун мансабдор, инчунин ба сифати ифодаи иродаи мардум ва қудрати маънавии давлат менигаристанд. Аз ҳамин рӯ, фарҳанги сиёсӣ ва ахлоқии тоҷикон ҳамеша арзиши шахсияти муттаҳидкунанда, ҳифзкунанда ва ҳидояткунандаро боло мегузошт. Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон заминаҳои таърихии анъанаҳои неки давлатдорӣ имкони дубора эҳё шуданро пайдо намуданд, аммо дар баробари он ҷанги шаҳрвандӣ низ зуҳур кард, ки ин хатари нестшавии давлатро ба миён овард.
Маҳз дар чунин шароит зарурати таърихӣ ва иҷтимоӣ ташаккули шахсияти муттаҳидкунанда, қавиирода, қудратманд ва дорои иродаи сиёсии созанда ва васлкунандаро талаб мекард. Пешвои муаззами миллат тавонистанд дар муҳити пурошӯби мамлакат, ки дар боло ишора кардем, на танҳо нақши роҳбарро иҷро кунанд, балки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва идеологии давлатдориро барқарор намоянд. Ҳамзамон бо раванди сулҳсозӣ ва ваҳдат тавонистанд асоси як идеологияи нави давлатиро гузоранд, ки дар меҳвари он сулҳ, ваҳдат, истиқлолият ва эҳёи миллӣ қарор дорад. Аз ҳамин ҷо мафҳуми «Пешвои миллат» на ҳамчун унвони шахсӣ, балки ҳамчун рукни рамзии давлатдорӣ шакл гирифт. Яъне, мафҳуми Пешво дар заминаи тафаккури фарҳанги миллӣ ва бо такя ба таҷрибаи давлатсозии тоҷикон шакл гирифта, пайдоиш ва рушди институти он дар Тоҷикистон натиҷаи ниёзи ҷомеа ба устуворӣ ва роҳнамоӣ дар давраҳои ҷангӣ ва минбаъда буд. Ин падида, аз назари сиёсӣ, шакли ифодаи қонунияти миллии қудрат ва аз назари иҷтимоӣ рамзи ҳамбастагии миллӣ гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” ин ҳолати воқеиро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ муқаррар намуд. Қонун на танҳо мақоми Пешворо дар низоми сиёсии мамлакат муайян кард, балки ба таври рамзӣ миннатдории миллатро ба шахсияти таърихӣ ва роҳбари сиёсӣ изҳор намуд.
Падидаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон аз назари сиёсӣ се вазифаи калидиро иҷро мекунад: якум, нигаҳдории суботи сиёсӣ ва бардавомии давлатдорӣ; дуюм, таҳкими ваҳдат ва ҳувияти миллӣ ва сеюм, ташаккули фарҳанги нави сиёсӣ, ки дар он масъулият, эҳсоси шаҳрвандӣ ва иттиҳод ҷойгоҳи марказӣ доранд. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон тавонист ба сатҳи нави амният, рушди иҷтимоӣ ва устувории сиёсӣ расад. Аз нигоҳи институтсионалӣ Пешвои миллат ҳамчун такягоҳи маънавӣ ва сиёсӣ дар байни қувваҳои гуногуни ҷомеа амал ва бо ин роҳ нақши “механизми тавозунбахши миллӣ”-ро иҷро менамояд.
Месазад хотирнишон созем, ки институти Пешвои миллатро ба таври сунъӣ сохтан номумкин аст. Дар ин муддат бисёре аз кишварҳои ҷаҳон кӯшиш карданд ба хотири таҳкими ҷойгоҳи давлати худ дар арсаи байналмилалӣ ва шахсиятсозии фарзандони миллати худ аз роҳбарони давлаташон “Пешво” созанд. Аммо таҷрибаҳо нишон доданд, ки пешвои ҳақиқӣ ин шахсиятест, ки аз байни мардум бархостааст ва дар лаҳзаҳои маргу зиндагӣ худро аз мардум канор нагирифта, фидокорона барои халқ хизмат кардааст. Ҳамчуноне, ки ин воқеият дар шахсияти Пешвои муаззами миллати тоҷик баръало собит гардид.
Давоми се даҳсолаи гузашта таъсири мусбати институти Пешво дар ҳама самтҳои ҳаёти давлатӣ эҳсос мегардад. Дар соҳаи иқтисод тавассути сиёсати рушди минтақавӣ ва баробарсозии имконот Тоҷикистон аз кишвари пасоҷангӣ ба давлати дорои нишондиҳандаҳои устувори рушд табдил ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ масъалаҳои рушди маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун меҳвари сиёсат қарор гирифт. Дар сиёсати хориҷӣ Пешвои муаззами миллат Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар масоили глобалӣ, аз қабили дипломатияи об, амнияти минтақавӣ ва ҳамгироии Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард. Ин ҳама на танҳо обрӯ ва нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро афзуд, балки нишон дод, ки Пешвои миллат метавонад аз доираи сиёсати дохилӣ берун рафта, дар сатҳи ҷаҳонӣ низ арзишҳои умумибашарӣ эҷод кунад.
Аз нигоҳи идеологӣ падидаи Пешво ба таври муассир дар ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ ва худшиносии тоҷикон саҳм гузошт. Суханрониҳо, асарҳо ва ташаббусҳои Пешвои миллат ба эҳёи тафаккури миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мусоидат карданд. Табиист, ки имрӯз мафҳумҳои “Пешво”, “Сулҳ”, “Ваҳдат”, “Миллат”, “Давлатдорӣ” ва “Ватан” дар зеҳни ҷомеа бо ҳам пайванди маънавӣ пайдо кардаанд. Ин пайванд дар пойдории давлат ва муқовимат ба таҳдидҳои ҷаҳони муосир ба амният ва асолати миллӣ – аз экстремизм то бегонапарастӣ нақши муҳим мебозад.
Бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва таърихии миллат метавон гуфт, ки падидаи Пешво дар Тоҷикистон шакли миллии давлатдорӣ аст, ки дар асоси арзишҳои миллӣ, анъанаҳои сиёсии Шарқ ва ниёзҳои ҷомеаи муосир ташаккул ёфтааст. Агар дар кишварҳои дигар роҳбарон танҳо вазифаи маъмуриро иҷро кунанд, дар Тоҷикистон Пешво ҳамзамон унсури фарҳангӣ, ахлоқӣ ва рамзии давлатдорӣ мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки шахсияти Пешво на танҳо дар сатҳи сиёсӣ, балки дар сатҳи маънавӣ низ эътироф ёфта, ба унвони рамзи ягонагии миллӣ ва шиносномаи давлатдории тоҷикон пазируфта шудааст.
Дар маҷмуъ, таъсири институти Пешво ба обрӯ ва нуфузи Тоҷикистон дар чанд сатҳ ошкор аст: дар дохили мамлакат ба воситаи таҳкими субот, ваҳдат ва ҳамраъйии миллӣ; дар сатҳи минтақавӣ тавассути сиёсати ҳамкорию мувозинати геополитикӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ бо ташаббусҳои инсондӯстона ва назариявии худ. Ба ин тартиб, институти Пешво на танҳо таҷассумгари як шахсият, балки падидаи миллӣ ва сиёсиест, ки рушди устувори давлатро дар ҳама ҷабҳаҳо таъмин менамояд.
Ҳамин тавр, метавон хулоса кард, ки таъсиси институти Пешво дар Тоҷикистон на натиҷаи иродаи шахс ва ё гурӯҳи муайяне, балки акси садои таърих ба ниёзҳои миллӣ мебошад, ки суботи давлат ва саодати миллат ба он пайванди ногусастанӣ доранд.
Абдулло РАҲМОНЗОДА,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа








ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад
11 НОЯБР-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ба ғанӣ гардидани буҷети хонавода мусоидат менамояд
Шуруъ аз 1 июли соли 2026 дар Иттиҳоди Аврупо талаботи нав ба тахографҳо эътибор пайдо мекунад
ГИЁҲҲОИ ХУШККАРДАШУДА. Аз онҳо чӣ тавр истифода мебаранд ва ба организм чӣ манфиат доранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъемоли биҳӣ мушкилоти ҳозима, аз ҷумла қабзиятро кам мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Равғани чормағз барои мустаҳкам гардидани хотира кумак мерасонад
Чаро истеъмоли қурутро аксар одамон, бахусус кӯдакон дӯст медоранд?






