ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Давлатсозӣ ва давлатдории миллии тоҷикон таърих ва суннати куҳан дошта, аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд, ки он дар адабиёт бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами тоҷикон «Дирафши ковиён» номида мешуд ва тибқи сарчашмаҳо, таърихи беш аз 4000-сола дорад. Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хосса дошт. Идеяи парчам чун рамзи давлатдорӣ ҳанӯз дар «Авесто» омада, гуфта мешавад, ки ориёиён аввалин мардуми парчамдор буданд. Мардуми ориёӣ ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз давраҳои қадим дирафшро чун рамзи давлатдорӣ истифода мебурданд.
-Таърихи парчам ва маънои унсуру аломатҳои дар он ифодашуда солҳост, ки мавриди омӯзиши муҳаққиқон қарор дорад. Воқеан ҳам, донистани мазмуну муҳтавои парчам, шаклу маъно ва ишораҳои дар он таҷассумёфта дунёи ботинии инсонро рангину зебо мегардонанд. Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи маром ва ҳадафҳои хеш рамзҳои гуногун эҷод намудааст. Зарурати таърихӣ инсонро водор кардааст, ки барои барқарор намудани хотира ё кору пайкор рамзеро истифода намояд. Яъне, рамзҳо як навъ ифодагари орзую омол ва рози ниҳони сарнавишти қавму қабила, нажод ва миллату давлатҳо мебошанд.
Куруши Кабир нахустин империяро дар ҷаҳон таъсис дод. Дар дирафши ӯ тасвири лочин ҷой дошт, ки болҳои он аз се ранг – сурх, сафед ва сабз иборат буд. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ дар бораи Коваи оҳангар ривояте ҳаст, ки аввалин дирафшро аз чарми пешбанди худ сохтааст. Образи Кова дар асрҳои V-VI мелодӣ дар замони салтанати Сосониён арзи ҳастӣ намудааст. Абурайҳон Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад, ки баъзе дирафшҳоро аз пӯсти хирсу шер месохтанд ва бо ҷавоҳирот меоростанд. Тибқи навиштаҳои муаррихони юнонӣ, дар дирафши Дорои III низ сурати мурғи Фарғин (ҳумо) тасвир ёфта буд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дирафши Шоҳ Ҷамшед аз пӯст бо нақши шери болдор ё Офтоби партавафшон буд. Шоҳ Фаридун, ки аз насли озодагон — Ҳушангу Таҳмурас буд, дар баробари ба тахт нишастану тоҷи заррин ба сар ниҳодан дирафши озодагонро муқаддас донист, онро рамзи давлатдорӣ, қудрату озодӣ, ҳувияту ваҳдат ва ягонагӣ эътироф намуд.
Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол зимни ба қалам додани таърихи Коваи оҳангар, ки рамзи оташ, равшанӣ, хайру некӣ ва ҷасорату меҳанпарастии ориёитабор буд, мубориза бар зидди қувваи аҳриманӣ, бадӣ ва зулму ситамро ёдоварӣ мекунад. Кова неруи аҳриманиро аз тахти зулму истибдод сарнагун сохта, Ватанро озод ва дубора хуррам мегардонад:
Ҳамон Кова он бар сари найза кард,
Ҳамон гаҳ, зи бозор бархост гард.
Хурӯшон ҳамерафт найза ба даст,
Ки: «Эй номдорони яздонпараст».
Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш «Ковиёнӣ дирафш».
Як зумра муҳаққиқон бар он ақидаанд, ки вожаи «Ковиён» реша аз ҳамон дирафши Кова (Коваи оҳангар) дорад ва гурӯҳи дигар ҷонибдори ба маънии Каёнӣ (сулолаи Ковиён – Каёниён) шарҳ ёфтани ин истилоҳ ҳастанд, ки Кай, Каён, Ковиён, яъне ҷасуру қаҳрамон аст. Вожаи «кавӣ» дар суғдӣ маънии ҳоким, роҳбар ва шоҳро низ дорад.
Ин суннати аҷдодӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон собиқаи дерина дорад. Тибқи сарчашмаҳо, аввалин давлатҳои таъсисдодаи гузаштагони мо парчамдори асосӣ ба ҳисоб рафта, давраҳои минбаъда низ бо риояи расму таомули хоссаи миллӣ идома пайдо кардааст. Тоҷикон парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш нигоҳдорӣ мекарданд. Ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани парчамро ба сарбаландии ҳар фард баробар дониста, барои ҳифзи он ҷоннисориҳо кардаанд.
Дар парчам нишонаҳои арзишманди фарҳанги ҳар халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлоли давлат инъикос меёбанд. Аҷдодони пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд.
Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, ки таҷассумгари гузашта ва ояндаи дурахшон мебошад, гардиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рамзҳои соҳибистиқлолии мамлакат маҳсуб мешавад. Парчам рамзи пойдории давлату миллат ва ҳувияти миллист. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санаи муҳимми сиёсӣ ва фархундаю хуҷаста дар таърихи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин навишта шуд ва ҳамасола 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати зиёд ҷашн гирифта мешавад.
Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии давлат мебошанд. Таҷлили Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи хеле фараҳбахш аст. Рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат ва муаррифи давлату миллат мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ барои мо, тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқамон мебошад».
Парчами миллӣ сари баланди халқ ва шиносномаи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст. Воқеан, чун парчам барафрохта шавад, мардум бо сари баланд ба сӯйи он менигаранд ва дар вуҷудашон ифтихори ватандӯстӣ садчанд боло мегирад. Парчам ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Миллати тоҷик зери парчами миллӣ ба ваҳдату ягонагӣ расид ва минбаъд низ таҳти ин рамзи муқаддаси миллӣ сиёсати созандаю бунёдкоронаро барои ҷомеаи озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ амалӣ мегардонад.
Гиромӣ доштани парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ нишонаи муҳаббати самимона ба Ватан-Модар ва миллату давлат буда, ифтихор аз он ҷузъи муҳимми рисолати ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар фарди бо нангу номус меҳру садоқати худро барои ҳимояи парчам тавассути хизмати содиқонаю софдилона ба мардуми Тоҷикистон собит месозад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ хурду бузурги Тоҷикистон парчамро аз ҷумлаи муқаддасоти миллӣ медонанд ва ба он эҳтиром мегузоранд. Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани парчами миллӣ эҳтиром ба миллат ва давлату давлатдорӣ аст. Зеро парчам дар замони Истиқлоли давлатӣ воситаи асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ, роҳ ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳонӣ гардидааст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дӯстию бародарии ҳама миллатҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ роҳнамоӣ менамояд.
Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»








Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд






