ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид

Ноябрь 24, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 24.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо таҷлили як рамзи давлатӣ, балки арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун, ифтихор аз истиқлол ва эҳёи ҳувияти миллӣ мебошад. Парчами давлатӣ рамзи соҳибдавлатӣ, сарфарозӣ, нангу номус ва шиносномаи давлату миллат дониста мешавад. Ин матлаб имрӯз зимни ҳамоиши идона ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Бӯстон баён карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.

Раиси шаҳри Бӯстон Фирӯза Нуруллозода гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии мамлакатро ба унвони рамзи ифтихору сарбаландӣ ва омили муттаҳидкунандаи миллат арзёбӣ намуда, чунин таъкид намудаанд: «Парчами давлатӣ на танҳо рамзи давлатдории миллист, балки ифодаи шараф, нангу номус ва ҳувияти миллати тоҷик мебошад. Он ҳамчун нишонаи ваҳдат, муттаҳидӣ ва пойдории давлатамон бар фарози сарзамини аҷдодӣ парафшонӣ карда, мардуми мамалакатро ба сӯи саодат, сулҳу субот ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунад».

Дар шаҳри Панҷакент низ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Парчам ҳамчун рамзи давлат дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, гузаронидани чорабиниҳои расмии фарҳангию варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалию дохилӣ мавқеъ ва нақши хосса дорад. Бинобар ин, Парчам асоси давлатдорӣ буда, арзиши олӣ ва муқаддасоти миллӣ маҳсуб мешавад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, имрӯз дар шаҳри Гулистон ба муносибати 33- солагии Рӯзи қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид.

Иброз шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ мебошад.       Рӯзи Парчами давлатӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин санаи таърихӣ ҳамасола аз ҷониби сокинони мамлакат дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ таҷлил карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

 

 

Ноябрь 24, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар