Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи Вохӯрии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ якҷо бо дигар роҳбарони давлатҳо аз Маркази тамаддуни исломӣ боздид намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои Маркази тамаддуни исломӣ дар Узбекистон бо услуби меъмории Самарқанди асримиёнагӣ — Ҳирот тарҳрезӣ шудааст.
Масоҳати замини марказ зиёда аз 10 гектарро ташкил медиҳад. Дар чор тарафи бино дарвозаҳо бо баландии 34 метр сохта шудааст ва дар марказ гунбази 65-метра қомат афрохтааст.
Ба меҳмонони олиқадр дар бораи сохтори ин марказ маълумот пешкаш гардид. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки Маркази тамаддуни исломӣ аз шуъбаҳои тадқиқотӣ, феҳристи миллии дастнависҳои нодир, китобхона, бойгонӣ, бахшҳои байналмилалӣ, сайёҳӣ ва ғайра иборат аст.
Галереяи намоишгоҳ бо ашё ва осори таърихӣ аз давраҳои гуногуни таърих ва китобхонаи калон бо 100 ҳазор дастнавис аз имконоти дигари марказ мебошад.
Дар марказ ба меҳмонони олимақом дар бораи саҳми донишмандони бузурги сарзамини Мовароуннаҳри бостон дар рушди тамаддуни башарӣ, ба монанди Имом Бухорӣ, Имом Термизӣ, Ҳаким Термизӣ, Баҳовуддини Нақшбанд ва Хоҷа Аҳрори Валӣ маълумоти муфассал пешкаш карда шуд.
Ҳамчунин, дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими супоридани ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” иштирок намуданд.
Бояд гуфт, ки озмуни ҷоизаи байналмилалии “Мероси оянда” шуруъ аз соли 2025 дар соҳаҳои адабиёт, мероси фарҳангӣ, театр, синамо, мусиқӣ ва рақс, санъати тасвирӣ, мӯд ва тарроҳӣ, илму маориф ва технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.
Ба ғолибон дар ҳар як номина муҷассама, диплом ва ҷоизаи пулии яквақта дода мешавад.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин маросим Давлат Сафар — муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири Халқии Тоҷикистон дар номинаи Мероси фарҳангӣ соҳиби Ҷоизаи байналмилалӣ гардид.









Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд






