Пешвои миллат – поягузори Тоҷикистони соҳибистиқлол

Ноябрь 15, 2025 12:30

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз соҳибихтиёрию соҳибистиқлолӣ ва дастовардҳои бузурги давлати соҳибистиқлоли худ ифтихор мекунанд ва дар ҳар лаҳза номи нек ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо ифтихору сипос ба забон меоранд. Зеро маҳз бо роҳбарӣ, сиёсати хирадмандона ва заҳматҳои шабонарӯзии ин марди хирадманд Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳи пурпечутобу душвори таърих гузашта, ба давлати озоду ором, пешрафта ва соҳибэътибор табдил ёфт.

Тавсифи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат ва дар мақола ва ё як китоб ҷой додани он ғайриимкон аст. Давлати тозаистиқлолро аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот бахшидан кори саҳлу осон набуд, маҳз заҳматҳои хастагинопазир ва шабонарӯзии ин марди хирадманд буд, ки мо насли имрӯза ба чунин шодию нишот ва мамлакати амнтарин расидем. Маҳз талошу ҷасорати Пешвои миллат ва иродаи устувори ин абармарди сиёсати ҷаҳонӣ буд, ки сулҳи комил дар мамлакат барқарор гардид. 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва дар саҳифаҳои нави таърихи ин миллати куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, Тоҷикистонро ба сӯи ваҳдат, бародарӣ ва ҳамзистии осоишта раҳнамун сохт.

Пешвои миллат баъди дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданашон дар ҳамон рӯзҳои вазнин ба мардуми азияткашидаи тоҷик бо азми устувор иброз намуданд, ки «ман ба шумо сулҳ меоварам». Ин суханҳои ҳикматомӯз ва ояндадори Пешвои миллат аз рӯзи аввал ба мардум умед бахшида, тарсу ҳарос ва сиёҳиро аз қалби мардум дур намуданд. Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми шарифи Тоҷикистон аз ҳама ҷиҳат дастоварди нодири таърихӣ аст. Давоми 33 сол мақому манзалати ин иҷлосия сол ба сол боло рафта, ҳама хурду бузурги мамлакат имрӯзи босаодати ҷумҳуриро аз ин иҷлосия ва роҳбари арзандае, ки дар он интихоб карда шуд, медонанд. Ин бе асос набуда, маҳз дар ин иҷлосияи тақдирсоз дар баробари интихоби роҳбари арзандаи халқу миллат зери роҳбарии Пешвои миллат рамзи муқаддаси миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун воситаи асосии сарҷамъкунандаи кулли сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути  озмун интихоб карда карда шуд.

Баъди интихоби Роҳбари давлат ва Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи тақдирсози миллат 28 декабри соли 1993 Нишони давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд. Зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – сарвари кордон ва поквиҷдон 7 сентябри соли 1994 Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда мешавад. Он ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва сарҷамъию муттаҳидии мардум дар он рӯзҳои вазнин дастоварди бузург ба ҳисоб мерафт. То имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихору сарфарозӣ онро  месароянд ва он давлати моро дар хориҷа муаррифӣ менамояд.

Бо заҳматҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Дар асоси он ҳама шохаҳои фалаҷгардидаи идоракунии давлат барқарор гардида, зина ба зина барои бартараф намудани харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ватан баргардонидани гурезагон тадбирҳои мушаххас андешида шуданд. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кишварҳои ҷаҳон бо сиёсати устувори дохилӣ ва берунӣ, суботи сиёсӣ ва якпорчагии миллӣ эътироф шудааст.

Баъди бартараф намудани харобаҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ зери роҳбарии Президенти мамлакат стратегияҳои миллӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлати рушдкунанда табдил ёфт. Садҳо иншооти энергетикӣ, роҳу пулҳо, мактабҳо, беморхонаҳо ва корхонаҳои саноатӣ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти аср, ки рамзи худшиносӣ ва ифтихори миллии мардуми Тоҷикистон мебошад, марҳила ба марҳила ба кор андохта шуда, Тоҷикистон ба воситаи он ба ҳадафи стратегии худ, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ноил мегардад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Президенти Тоҷикистон ҳамеша таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи маърифати насли ҷавон вобаста аст. Бо ҳамин сабаб соҳаҳои маориф ва илм зери таваҷҷуҳи доимии Роҳбари давлат қарор доранд. Дар ин давра садҳо муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳҳои нав ва марказҳои илмӣ таъсис ёфтанд. Ғайр аз ин, эҳёи арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, анъанаҳо ва мероси ниёгон яке аз самтҳои муҳими сиёсати фарҳангии Пешвои миллат мебошад, ки дар ин давра рушди бемайлон касб намуд.

Бо ибтикори Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон бо 186 кишвари ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дохил шуд.

Бо ташаббусҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҷаҳонии об ва экология дар сатҳи байналмилалӣ баррасӣ гардида, Тоҷикистон ҳамчун пешоҳанги ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон шинохта шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «инсон арзиши олитарин аст». Ба ин хотир, сиёсати иҷтимоӣ — дастгирии қишрҳои осебпазир, муҳоҷирони меҳнатӣ, занон, ҷавонон ва пиронсолон дар меҳвари фаъолияти давлат қарор дорад.

Имрӯз Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қадамҳои устувор ба сӯи рушди тараққиёт, иқтисоди “сабз”, технологияҳои нав ва зиндагии шоистаи мардум пеш меравад. Заҳмат, садоқат ва хидматҳои софдилонаи Президенти мамлакат барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва мактаби воқеии ватандӯстист.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзури заҳматҳои шабонарӯзӣ дар самти фурӯ нишондани алангаи ҷанги бародаркуш дар мамлакат ва дипломатияи оламшумул 25 августи соли 2011 бо қарори махсуси Шурои Аврупо бо унвони баланди ҷаҳонӣ «Пешвои асри XXI» лоиқ дониста шуданд. Онро Президенти Шурои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Антон Караҷа ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим намуд.

Дар заминаи пешниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ, гурӯҳи олимон ва мақоми олии қонунгузори мамлакат — Парлумони Тоҷикистон зимни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири арҷгузорӣ ба заҳматҳои шабонарӯзии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 майи соли 2016 ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ унвони олии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дода шуд.

Ин баҳои баланд аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кулли сокинони мамлакат нисбат ба Пешвои муаззами миллат боиси ифтихори тоҷикону тоҷикистониён буда, арҷгузориву эҳтиром ба заҳматҳои шабонарӯзӣ ва хастагинопазири  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Миршакар ҶАЛОЛЗОДА,
Қиёмиддин ДАВЛАТЗОДА,
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Наврӯз ҷашнест, ки ба ҷаҳониён фарҳанги таърихии миллати тоҷикро муаррифӣ менамояд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд