ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар доданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муҳити идона ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Президенти мамлакат эҳсос гардид.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдорӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва таъмини суботу оромӣ махсус иброз намуд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таҷассуми ваҳдати миллӣ, муттаҳидии ҷомеа ва пайравӣ ба сиёсати Пешвои миллат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамасола бо самимияти баланд таҷлил мегардад.
Дар ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки ҳунармандони маъруфи вилоят барномаи пурмуҳтавои ҳунарӣ иҷро гардид. Сокинон ва меҳмонон изҳор доштанд, ки Рӯзи Президент дар Бохтар дар сатҳи баланд ва бо шукуҳи бештар таҷлил гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






