ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад

Ноябрь 16, 2025 13:00

ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар сарнавишти ҳар миллат лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки роҳи оянда, пойдории давлат ва бақои Ватан аз иродаи шахсиятҳои бузург вобаста мегардад. Миллати тоҷик, ки таърихи чандинҳазорсола дорад, низ чунин марҳалаҳои душворро паси сар кардааст. Аз ҷумла, солҳои аввали истиқлолият барои давлати тозабунёди Тоҷикистон солҳои озмоиши сангин буданд.

 -Маҳз дар ҳамон айёми пурташвиш ва ноамнӣ шахсияти барҷастае ба арсаи сиёсат ворид гардид, ки бо хиради сиёсии хос, ҷасорат ва муҳаббати беандоза ба Ватан тавонистанд миллати парешонгашта ва парокандаро муттаҳид созанд. Ин шахсият Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Таърих гувоҳ аст, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олӣ интихоб гардиданд. Ин иҷлосия оғози сулҳу ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ гардид.

Пас аз ду соли идораи парламентии давлат 6 ноябри соли 1994 дар баробари қабули нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо азму иродаи матин ва ҷонибдории халқ Президенти Тоҷикистон интихоб шуданд.

Ин аст, ки бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 ҳамасола 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ин санаро Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани мақомоти қонунгузории мамлакат рамзӣ аст, зеро он дар хотираи таърихи миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат тақдирсоз, созанда, хотирмон ва фаромӯшнашаванда буда, ин рӯз чун нишонаи эҳтиром ба Роҳбари давлат ва рамзи ягонагии миллӣ мебошад.

Бояд ба ёд оварем, ки солҳои 1992–1997 барои халқи тоҷик солҳои пур аз фоҷиа буданд. Ҷанги шаҳрвандӣ, ки мамлакатро ба буҳрони амиқ дучор намуд, ҷони ҳазорҳо ҳамватанонамонро гирифт, иқтисодро фалаҷ кард ва ҷомеаро ба гурӯҳҳои мухталиф ҷудо сохт. Дар чунин вазъияти ниҳоят душвор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иродаи қавӣ ва ҳисси баланди масъулият сарварии давлатро ба зимма гирифтанд ва ба роҳи сулҳ даъват намуданд.

Ин иқдоми ҷасурона дар таърих ҳамчун қарори наҷоти миллат сабт шуд. Гуфтугӯҳои сулҳ, ки бо роҳбарии мустақими Президенти Тоҷикистон доир шуданд, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба анҷом расиданд. Аз ҳамон вақт сулҳу субот, оромию ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ ба аркони асосии давлатдории тоҷикон табдил ёфтанд.

Бо фаро расидани сулҳ дар Тоҷикистон масъалаи навсозии давлат, таҳкими сохторҳои ҳокимият ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Президенти Тоҷикистон бо такя ба сиёсати хирадмандона ва дурбинӣ ислоҳоти амиқро дар ҳама соҳаҳо ба роҳ монданд.

Сохтмони роҳҳои байналмилалӣ, неругоҳҳои барқи обӣ, иншооти стратегӣ ва барномаҳои бузурги иҷтимоӣ далели равшани онанд, ки роҳбарияти олии мамлакат Тоҷикистонро ба роҳи боварибахши тараққиёт ворид намудаанд.

Имрӯз Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат дар байни кишварҳои рӯ ба инкишоф мавқеи устувор дорад. Иқтисодиёт рушд мекунад, сатҳи зиндагии мардум боло меравад ва муносибатҳои байналмилалӣ тавсеа меёбанд. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» — лоиҳаи аср яке аз мисолҳои барҷастаи татбиқи идеяҳои давлатсозӣ ва истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Вақте ки мо аз ваҳдат ҳарф мезанем, пеш аз ҳама, шахсияти Пешвои миллатро дар назар дорем, зеро маҳз ӯ тавонист миллати тоҷикро дар зери парчами ягонаи давлатдории миллӣ муттаҳид созад.

Президент ҳамчун рамзи ваҳдат на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки падари маънавии миллат, нигоҳбони сулҳ ва меъмори давлатдории муосир аст. Ваҳдати миллӣ танҳо шиор нест, балки принсипи воқеии ҳаёти ҷомеа гардидааст. Имрӯз тамоми табақаҳои ҷомеа — донишмандону коргарон, деҳқонону ҷавонон, занону пиронсолон — дар фазои оромиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд ва ин ҳама самараи сиёсати сулҳдӯстонаи Президенти Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки вақте ки ҳар шаҳрванди мамлакат худро соҳиб ва муҳофизи Ватан эҳсос кунад, он гоҳ ваҳдат амалӣ мегардад. Ин суханҳо барои ҳар тоҷик даъват ба амал ва масъулият ба хотири ободии мамлакат мебошанд.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Пешвои миллат — ҷавонон ва маориф мебошад. Президенти Тоҷикистон ҷавононро қувваи асосии давлат, неруи эҷодкор ва кафили ояндаи миллат меҳисобанд.

Сохтмони садҳо муассисаи таълимӣ, таъсиси донишгоҳҳо, татбиқи  барномаҳои давлатии рушди соҳаи маориф, дастгирии истеъдодҳои ҷавон ва таъсиси стипендияҳои президентӣ — далели равшани ғамхории доимии Роҳбари давлат нисбат ба насли наврас мебошанд.

Ҳоло ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил намуда, соҳиби донишҳои муосир мегарданд ва ҳамчун неруи зеҳнии мамлакат ба арсаи илм, иқтисод ва сиёсат ворид мешаванд. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Пешвои миллат ба ояндаи мамлакат бо назари нек менигаранд ва рушди ҷавононро асоси пойдории давлат медонанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иқдом ва ҳар  сухани худ муҳаббат ба Ватанро таҷассум менамоянд ва ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ватанро дӯст доред, зеро Ватан муқаддас аст”.

Маҳз ҳамин эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулият сабаб гардид, ки Тоҷикистон имрӯз аз кишвари ҷангзада ба давлати осоишта, амн ва рӯ ба тараққиёт табдил ёфт.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати  сулҳпарвар ва бо сиёсати устувор мешиносад. Нақши шахсии Президенти Тоҷикистон дар таҳкими сулҳ, ваҳдат ва рушди давлатдорӣ на танҳо дар дохил, балки берун аз мамлакат низ мавриди қадрдонӣ қарор дорад.

Ҳамин тариқ, вақте мо аз ваҳдат, сулҳ ва истиқлолият ҳарф мезанем, бояд бо ифтихор иброз кунем, ки ҳама ин арзишҳои бузург маҳз бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд.

Президент барои миллати тоҷик рамзи ваҳдат, меъмори давлатдории навин ва кафили ободии ояндаи Тоҷикистон мебошад.

Мо — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сулҳу субот, истиқлолият ва ваҳдати миллиро чун неъмати бузург пос дорем ва дар зери парчами роҳнамои Пешвои миллат барои таҳкими давлатдории миллӣ ва шукуфоии Ватан содиқона меҳнат намоем.

Зеро танҳо зери роҳбарии оқилона ва бо ваҳдати устувор Тоҷикистон метавонад ба сӯи фардои боз ҳам дурахшон, обод ва сарбаланд раҳнамун шавад.

Рӯзи Президент таҷассумгари ваҳдат, сулҳ ва рушди Тоҷикистон аст. Бигзор таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистони азизамон ҳамеша обод, ором ва пешрафта бошад!

Фирӯз  ҒАФФОРОВ,
муовини ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
оид ба татбиқи стратегияҳо ва рушди технологияҳои инноватсионӣ

Ноябрь 16, 2025 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»
Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Норак ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо аъзои Бюрои сиёсии ҳизби «Единая Русия» мулоқот намуд