ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад

Ноябрь 13, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии «Президенти ман — ифтихори ман» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар доданд.

Аксия бо мақсади арҷгузорӣ ва қадршиносии хизматҳои бузургу шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳким ва рушди давлати соҳибистиқлолу демократӣ, таъмини зиндагии шоиставу осуда барои шаҳрвандони мамлакат ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст.

Мақсади асосии ин аксия инъикос ва арҷгузорӣ ба нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонон аз дастовардҳои даворони истиқлолият мебошад.

Дар доираи ин аксияи ҷумҳуриявӣ, акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иштирокашон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром, садоқат ва сипосгузорӣ ба Осорхонаҳо, Китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақдим карда мешавад.

Марҳалаи навбатии аксия аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо супоридани акси Пешвои миллат ба Осорхонаи Пешвои миллат дар назди бинои Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон идома ёфт. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои Пешвои миллат ва барои нигоҳдории хотираи ин рӯйдоди таърихӣ дар муссисаи  мазкур доир гардид.

Аксияи «Президенти ман – ифтихори ман» идомаи мантиқии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат буда, ҷавобгӯи ормонҳои созандаи насли наврасу ҷавон дар роҳи рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад.

АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон

 

 

Ноябрь 13, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид