ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН. Таҳти ин унвон аксияи ҷумҳуриявӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аксияи ҷумҳуриявии «Президенти ман — ифтихори ман» идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон хабар доданд.
Аксия бо мақсади арҷгузорӣ ва қадршиносии хизматҳои бузургу шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳким ва рушди давлати соҳибистиқлолу демократӣ, таъмини зиндагии шоиставу осуда барои шаҳрвандони мамлакат ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ роҳандозӣ гардидааст.
Мақсади асосии ин аксия инъикос ва арҷгузорӣ ба нақши таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, боло бурдани рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори ҷавонон аз дастовардҳои даворони истиқлолият мебошад.
Дар доираи ин аксияи ҷумҳуриявӣ, акси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин иштирокашон дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун рамзи эҳтиром, садоқат ва сипосгузорӣ ба Осорхонаҳо, Китобхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ тақдим карда мешавад.
Марҳалаи навбатии аксия аз ҷониби Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон бо супоридани акси Пешвои миллат ба Осорхонаи Пешвои миллат дар назди бинои Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон идома ёфт. Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ба хизматҳои Пешвои миллат ва барои нигоҳдории хотираи ин рӯйдоди таърихӣ дар муссисаи мазкур доир гардид.
Аксияи «Президенти ман – ифтихори ман» идомаи мантиқии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат буда, ҷавобгӯи ормонҳои созандаи насли наврасу ҷавон дар роҳи рушди устувори давлатдории миллӣ мебошад.
АКС: Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






