«ПРЕЗИДЕНТИ МО-ИФТИХОРИ МО». Таҳти ин унвон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Президенти мо-ифтихори мо» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Иштирокдорони ҳамоиш оид ба нақши Пешвои миллат дар рушди давлатдории миллӣ ибрози андеша карда, аз ҷумла таъкид намуданд, ки бузургтарини ифтихори миллати тоҷик- доштани Пешвои маҳбуби миллат мебошад. Баъди солҳою қарнҳои зиёди бедавлатӣ миллати тоҷик соҳиби давлате бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардумро ба зиндагии шоиста расонида, дар арсаи байналмилалӣ арзишҳои миллиямонро, ки қариб ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд, аз сари нав эҳё ва муаррифӣ намуданд.
Иброз гардид, ки аз соҳибистиқлол гардидани мамлакат на он қадар вақти зиёде гузаштааст, аммо Тоҷикистон имрӯз бо чандин давлатҳои пешрафта ва мутараққии ҷаҳон шартномаи ҳамкорӣ ва дипломатӣ барқарор намудааст. Зиёда аз 180 давлати дунё Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуданд, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии сокинони ҷумҳуриамон мебошад.
Воқеан ҳам нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу суботи комил ва пешрафту тараққиёти Тоҷикистон беназир аст.
Изҳор гардид, ки ҳоло Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо шарофати Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеа мақому манзалати ниҳоят баланд дорад, вале мо бояд бо ин иктифо накарда, фаъолияти худро боз ҳам густурдатар ба роҳ монем. Дар ин раванд аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва онҳое, ки ба маънои том пайраву ҳамсафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, афроде, ки ин Ватан барояшон азизу муқаддас буда, ба афкори сиёсии ҳизби мо таваҷҷуҳ доранд, бояд беш аз пеш фаъолу ташаббускор бошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд
Тавассути намоишҳои ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод беш аз 11 ҳазор шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин гардиданд
ОГОҲӢ. Аз нимаи дуюми имрӯз то пагоҳ дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 лоиҳаҳои грантии 200 зани соҳибкору ҳунарманд дастгирӣ ёфт
Портали маълумоти системаи идоракунии таҳсилоти касбӣ фаъол карда шуд
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 беш аз 14 000 нафар соҳиби касб шуданд
ИНТИХОБИ МАН — МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ. Дастоварду норасоиҳои соҳаи дорусозӣ кадомҳоянд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 7 миллион нафар аҳолии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин аст
Дар Тоҷикистон то 5 феврал ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






