Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ДУШАНБЕ, 04.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон бо дарназардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии худ, ба масъалаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди соҳаи энергияи «сабз» аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад. Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди иҷтимоӣ дар Қатар баён намуданд.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз зиёда аз 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯйи нишондиҳандаи истеҳсоли энергияи «сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Сарвари давлат иброз намуданд, ки илова бар ин, мо дар марҳилаи гузариши босуръат ба технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталиф қарор дорем. Истифодаи дуруст ва ҳадафмандонаи онҳо метавонад ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор мусоидати ҳамаҷониба намояд.
Тавре ки маълум аст, чанде пеш бо ибтикори Тоҷикистон Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милал зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид».
«Бовар дорам, ки ин қатънома ҳамчун василаи муассир барои истифодаи зеҳни сунъӣ дар минтақаи мо бо мақсадҳои дастрасӣ ба ҳадафҳои рушди устувор хидмат хоҳад намуд», — хотиррасон намуданд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






