Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад.
«Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад», — таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд.
Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд.
Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар ин робита Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ, бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид.









Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои нави маъмурӣ ва хобгоҳро дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии инноватсиониро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншооти соҳаи маориф ва як корхонаи саноатиро дар минтақаи саноатии шаҳри Левакант ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бо 100 кас аз ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннию байналмилалӣ ва ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои баландошёнаи истиқоматии хайриявии Эҳсонро бо маркази савдо ва хизматрасонӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар ҶДММ «Шифобахши Аср»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7 муассисаи соҳаи маорифро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуда, бо лоиҳаҳои бунёди 4 муассисаи соҳаи маориф ва 1 иншооти соҳаи варзиш шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва маркази инкишофи кӯдакро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолидини Балхӣ ба фаъолияти Корхонаи макарони «Руми Паста» оғоз бахшиданд






