Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд

Ноябрь 22, 2025 10:21

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 22 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Иро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Чин яке аз шарикони калидии иқтисодиву тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон буда, дар низоми муносибатҳои иқтисодии хориҷии кишвари мо мавқеи пешсафро ишғол мекунад.

Дар ин зимн ба масъалаи тавсеаи ҳамкории судманди гуногунҷанба дар доираи шарикии стратегӣ таваҷҷуҳи муносиб зоҳир гардид. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти натиҷаҳои силсилаи мулоқотҳои пурмазмун бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпинро дар соли равон махсус қайд намуданд.

Дар навбати худ Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И изҳор дошт, ки «Ман ба дастовардҳои нави кишвари шумо ва пойтахти шумо эътимод кардам. Рушди босуръат дар ҳама ҷо ба назар мерасад. Ҷаноби Президент, Шумо ҳамчун асосгузори давлати худ ва Пешвои миллат, бо дилу ҷонатон барои рушди кишвари худ талош менамоед. Шумо мардумро аз ҳама чиз боло гузоштаед. Мо ба консепсияи идораи давлатии Шумо бисёр арҷ мегузорем».

Пуштибонии Тоҷикистон аз ташаббусҳои нави ҷаҳонии роҳбарияти олии Чин, аз ҷумла “Идораи глобалӣ” таъкид карда шуд.

Ҷонибҳо аз фаъолияти босамари абзорҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангию башарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон ҳаҷми тиҷорати дуҷониба зиёда аз ду миллиард долларро ташкил дод.

Зикр гардид, ки ҳамкории иқтисодии ҷонибҳо имрӯз соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла саноат, бахусус саноати кӯҳӣ, нақлиёт, инчунин энергетика ва кишоварзиро фаро мегиранд.

Ҷонибҳо барои тавсеаи ҳамкорӣ дар самти рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва ҷалби технологияҳои “сабз” изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон, ҳавасмандии Тоҷикистон барои афзоиши номгӯй ва ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин иброз гардид.

Ҳамкории муштараки кишварҳо дар соҳаи амният аз мавзуъҳои алоҳидаи суҳбат буд. Дар ин зимн ба масъалаи мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, тундгароии динӣ, ҷинояткории киберӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ пайвастагии рушди робитаҳои фарҳангӣ ва башардӯстонаро қайд карданд.

Ба Ҳукумати Чин барои ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ба донишҷӯёни тоҷик изҳори сипос карда шуда, ҳавасмандии Тоҷикистон ба афзоиши шумораи квотаҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои Чин дар ихтисосҳои талаботаш дар кишвари зиёд, таъкид гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, ҳамкории ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ карданд.Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин масъалаҳои марбут ба такмили механизмҳои ҳамкорӣ дар сиғаи Осиёи Марказӣ-Чин баррасӣ шуданд. Пешвои миллат ба ҷониби Чин барои дастгирии таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос намуданд.
Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И 22.11.2025

Ноябрь 22, 2025 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2026