Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон Нуридин: «Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст»

Ноябрь 2, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 02.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муқаддасу тақдирсоз, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудааст, истиқлолияти миллии кишвари моро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян кард. Чунин омадааст дар мақолаи Прокурори шаҳри Ҳисор Умедҷон НУРИДИН, ки бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол гардидааст. Матни пурраи мақола пешниҳод мегардад:

— Пас аз он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатиро соҳиб шуд, доираҳои манфиатхоҳ бо ҳар роҳу восита мардумро бо ҳам шӯронида, вазъиятро ноором сохтанд. Ба ҳадде, ки мехостанд мустақилияти давлати моро зери суол баранд. Хушбахтона, гиреҳҳои ин печидагиҳо боз шуд ва тавонистем, ки дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузорем. Он вақт барои ба эътидол овардани вазъияти сиёсии мамлакат, тағийри комили сохт ва низоми нави давлату давлатдорӣ зарурияти қабули Конститутсияи нав ба вуҷуд омад.

Ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Тоҷикистон ва Муроҷиатномаашон ба мардуми Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зарурат ва муҳиммияти қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ дар бунёди давлатдории миллӣ таъкид карда буданд: «…асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав, давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст». Бо ҳамин Иҷлосияи ХVII Шурои Олии Тоҷикистон масъалаи қабули Конститутсияи навро баррасӣ кард. Ҳадафи ниҳоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона буда, ҳамчунин дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳо, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода мешаванд.

Дар пешгуфтори Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем».

Маҳз Конститутсияи нахустини Тоҷикистони соҳибистиқлол имкон дод, ки ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ эътироф шавем.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ифодаи ҳадаф ва рушду такомули давлату давлатдории навин омили асосӣ гардида, дар таҳаввулоти муносибатҳои сиёсиву иқтисодии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Он ҳуқуқу озодиҳои инсонро кафолат дода, асосҳои сохти ҷамъият, шакли идоракунӣ ва ташкилӣ, ҳудуди давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян мекунад.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки Конститутсия санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуи халқи Тоҷикистон аст. Дар моддаи 6-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад. Ин меъёр маротибаи дигар собит менамояд, ки манбаи ҳокимияти давлатиро халқи Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсияи аз они халқ буда, барои халқ хизмат мекунад.

Конститутсия кафолат медиҳад, ки шаҳрванд дар баробари зисту зиндагонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархӯрдор бошад, шаҳрвандии худро танҳо дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монад, баробарии худро дар назди қонун ва суд новобаста аз миллату нажод, ҷинсу забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк эҳсос кунад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, манзили истиқоматӣ, мукотибот, мусофирату интихоби маҳалли зист, муносибат ба дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, дар маҷлису роҳпаймоиҳои осоишта, истифодаи воситаҳои ахбор, моликияту мерос, ташкили оила, тарбияи фарзандон, интихоби касбу кор, ҳуқуқ ба манзилу истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи табиат, таъмини Истиқлоли давлатӣ, амнияти шаҳрвандон ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ унсурҳое мебошанд, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандон кафолат додааст.

Дар навбати худ ҳар як шаҳрванд вазифадор аст, ки барои ҳимояи Ватан, сулҳу амният, тинҷию амонӣ зидди он қувваҳое, ки бар зидди давлату Конститутсияи мо амал мекунанд, қатъӣ мубориза бурда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, суботи мамлакатро ҳифз намояд. Дар баробари ин, талаботи банди 2 моддаи 10 Конститутсияро риоя кунем: «Давлат ва ҳамаи мақомоти он шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд».

Маҳз бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба амал татбиқ намудани меъёрҳои он, мо ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан демократию ҳуқуқбунёд устуворона қадам мегузорем ва ҳамарӯза шоҳиди пешрафту ободӣ дар ҳаёти ҷомеа ва мардуми шарифи Тоҷикистон мегардем.

Ин аст, ки ҳар сол 6-уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихиву пурнишот, бо руҳияи баланди ифтихор аз давлату ватандорӣ ҷашн мегирем. Зеро ин рӯзи босаодат саҳифаи тозаест дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Умедҷон НУРИДИН,
Прокурори шаҳри Ҳисор

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 2, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд