РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ИЛТИҲОБИ ШУШ. Ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад

Ноябрь 12, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш маҳсуб мешавад. Ба ин беморӣ нафароне гирифтор мешаванд, ки имунитеташон суст мебошад.

Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, илтиҳоби шуш аз бемориҳои вобаста ба сирояти шадиди роҳи нафас буда, дар ҳолати сари вақт табобат накардан боиси осеб дидани шуш мешавад.

Нишонаҳои ин беморӣ баландшавии ҳарорати бадан, дард дар қафаси сина, зиёдшавии дард ҳангоми нафаскашӣ, сулфаи хушк, пастшавии иштиҳо,  беҳолӣ ва нафастангӣ мебошанд.

Омили асосии гирифторӣ ба ин беморӣ агар иммунитети суст бошад, сабаби дигар гарму хунук шудани бадан мебошад, ки боиси хуруҷи микробҳои барангезандаи ин беморӣ мешаванд. Ин микробҳо дар ҳолати вайрон шудани таносуби гармию сардӣ авҷ мегиранд ва боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳо мешаванд. Инчунин асабонияти зиёд, беэҳтиётӣ дар вақти гирифтор шудан ба бемории зуком боиси он мегардад, ки ин микробҳо ба барангезандаи беморӣ табдил меёбанд.

Тибқи таҳлили мутахассисони соҳаи тиб, ба ин беморӣ бештар кӯдакон гирифтор мешаванд.

Сабаби асосии ин беморӣ, ки тақрибан 60-70 фисадро ташкил медиҳад, аз зуком сарчашма мегирад. Дар ҳолати гирифторӣ ба зуком агар  нисбат ба саломатӣ беэҳтиётӣ зоҳир гардад, ин беморӣ авҷ мегирад.

Ба таъкиди табибон,  дар ҳолати табобати худсарона ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба ин беморӣ дар шуши инсон ковокӣ пайдо мешавад. Ин омил инсонро ба бемории пневмонияи фасодӣ оварда мерасонад. Дар ин ҳолат аз даҳони бемор оҳиста-оҳиста хун хориҷ мешавад, ки ин оризаи шадиди илтиҳоби шуш мебошад. Дар ин ҳолат бояд зуд ба табиб муроҷиат намуд.

Бояд гуфт, ки ба гурӯҳи хатарнок   кӯдакони то дусола,  калонсолони аз 65-сола боло,  занони ҳомиладор, ҳамчунин  беморони  дорои масунияти пасти бадан, бемориҳои музмини роҳи нафас ва дилу рагҳои хунгард дохил мешаванд.

Ба тавсияи мутахассисон, ба ҳар бемор  реҷаи бистарӣ кардан ҳатмӣ буда, истеъмоли хӯрокҳои серғизо тавсия дода мешавад. Аз сабабе, ки ин беморӣ дар фасли сармо бештар хурӯҷ мекунад,  мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки худро аз сардиҳои зимистон эхтиёт намоед, хӯрокҳои серғизо истеъмол ва аз нӯшидани обҳои хунук худдорӣ намоед. Агар аломатҳои ин беморӣ дар бадани худатон ё наздиконатон ба  мушоҳида расид, сари вақт ба мутахассисон муроҷиат намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 12, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»