РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-ҶАШНИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ. Президенти Тоҷикистон миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардониданд
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таърих давоми асрҳо ба мо се шахсияти сиёсӣ ва се давлатмарде эҳдо намудааст, ки имрӯз мо, тоҷикон бо ному кор ва корнамоиҳои онҳо дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудаем. Яке Куруши Кабир – бунёдкунандаи аввалин империяи ҷаҳонӣ ва муаллифи Эъломияи ҳуқуқи башар аст, дигарӣ- Исмоили Сомонӣ – бунёдгузори аввалин давлати мутамаркази тоҷикон ва сеюм- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ тавонистанд дар охири асри бистум миллати тоҷикро дар давраи ниҳоят мушкили сиёсӣ соҳибдавлат гардонанд.
Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати миллӣ сохтанд, онро ба субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ табдил доданд ва барои ҳамеша дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгир намуданд. Чунин хизмат ва чунин корнамоӣ номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саҳифаҳои таърихи миллат ҷовидона нигоҳ медорад. Миллати шукргузори тоҷик низ хизматҳои ин фарзанди ҷонфидои миллатро ҳамеша дар хотираи таърихии худ нигоҳ хоҳад дошт.
Дар саҳифаҳои пурпечутоби таърихи халқи тоҷик номи Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмори давлатдории нав, наҷотбахши миллат ва рамзи ваҳдату суботи сиёсӣ бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст. Агар аз нигоҳи илм ва сиёсат ба давраи муосири Тоҷикистон назар афканем, тамоми комёбиҳои мамлакат дар чаҳорчӯбаи истиқлолияти давлатӣ бо шахсияти Сарвари давлат пайванд доранд.
Дар рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандӣ, вақте ки мардум дар дудилагӣ ва даҳшат зиндагӣ мекарданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсат омаданд, бо иродаи қавӣ, бо каломи нарм ва бо дили пур аз муҳаббати Ватан тавонистанд халқи парешонро муттаҳид созанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди интихоб шудан ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Иҷлосияи XVI иброз намуданд, ки «ман ба шумо сулҳ меорам».
Ин суханҳо ба ирода ва амали ин марди сиёсат табдил ёфтанд. Бо талошҳояшон Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 ба имзо расид. Тоҷикистон аз вартаи парокандагӣ ба роҳи зиндагии осоишта қадам гузошт.
Аммо сулҳ танҳо ибтидои роҳ буд. Дар мамлакат ҳеҷ чиз аз нав сохта нашуда буд: иқтисод вайрон, корхонаҳо хароб, роҳҳо баста, мардум бекас. Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти азимро ба дӯш гирифта, сохтмони давлати навинро оғоз намуданд. Бо сиёсати огоҳона ва хирадмандона, марҳила ба марҳила Тоҷикистон ба давлати дорои сохтори устувори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ табдил ёфт.
Дар давраи роҳбарияшон- давоми беш аз се даҳсола Тоҷикистони соҳибистиқлол бо қадамҳои устувор пеш рафт. Аз соли 2000 то имрӯз ҳаҷми маҳсулоти дохилии мамлакат даҳҳо маротиба афзуд, сатҳи фақр аз зиёда аз ҳаштод дарсад то беш аз бист дарсад поин рафт. Имрӯз ҳазорҳо корхонаҳои саноатӣ фаъоланд, шабакаҳои роҳу нақлиёт мамлакатро аз шимол то ҷануб мепайванданд. Нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», роҳҳои мошингарди байналмилалӣ Тоҷикистонро ба ҷаҳони берун пайваст кардаанд.
Аммо аз ҳама муҳимтарин дастовард — истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин орзуро барои наслҳои оянда амалӣ гардониданд. Бо роҳбарии Пешвои миллат Неругоҳи барқи обии «Роғун» — иншооти аср эҳё гардид. Он на танҳо Тоҷикистонро бо барқи худӣ таъмин хоҳад кард, балки онро ба яке аз марказҳои энергетикии Осиёи Марказӣ табдил медиҳад.
Дар соҳаи маориф низ инқилоби ҳақиқӣ ба амал омад. Мактабҳои нав, донишгоҳҳо, озмоишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба истифода дода шуданд. Ҳазорон ҷавонони тоҷик дар дохил ва хориҷи мамлакат таҳсил мекунанд ва ин ҳама ба туфайли сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат аст, ки ҷавононро қувваи ояндаи давлат медонанд.
Эмомалӣ Раҳмон на танҳо роҳбари сиёсӣ, балки шахсияти фарҳангӣ ва маънавист. Ӯ арзишҳои миллӣ ва таърихи тоҷиконро эҳё кард. Дар замони ӯ рамзҳои давлатӣ — Парчам, Нишон, Суруди миллӣ дар шуури мардум ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҷой гирифтанд. Ба эҳёи забони тоҷикӣ, адабиёт, фарҳанг ва арзишҳои таърихӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Таҷлил кардани 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 5500-солагии Саразм ва 700-солагии Камоли Хуҷандӣ нишонаҳои таваҷҷуҳи ӯ ба гузашта ва пояи ифтихори миллӣ мебошанд.
Бо вуҷуди ҳама дастовардҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки роҳи тараққӣ поён надорад. Тоҷикистон бояд бо меҳнати ҳалол, бо дониш, бо ваҳдат ва субот пеш равад. Сарвари давлат ҷавононро даъват менамоянд, ки омӯзанд, эҷод кунанд, мамлакатро обод намоянд ва нангу номуси тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд нигоҳ доранд.
Имрӯз вақте ки мо ба се даҳсолаи роҳбарии Сарвари давлат менигарем, мебинем, ки Тоҷикистон аз кишвари ҷангзада ба давлати соҳибэътибор, босубот, ором ва мустақил табдил ёфтааст. Ҳамаи ин натиҷаи меҳнат, хирад ва садоқати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Мо, фарзандони ин сарзамин бо эҳтиром ва сипос ба шахсияти Пешвои миллатамон менигарем. Пешвои мо рамзи ваҳдат, иттиҳод ва пешрафт мебошанд. Ва ҳар боре, ки парчами мамлакат дар болои ниҳодҳои байналмилалӣ парафшон мешавад, мо эҳсос мекунем, ки дар он рангу рамз на танҳо истиқлол, балки заҳмати як инсони содиқи миллат таҷассум ёфтааст.
Тоҷикистон имрӯз бо ифтихор мегӯяд: мо Пешвое дорем, ки роҳи давлатдориро аз нав сохт, руҳи миллатро эҳё кард ва моро ба фардои дурахшон раҳнамун шуд.
Нақши сарварии сиёсӣ барои ҳар ҷомеа ва ҳар давлат хеле муҳим ва мубрам мебошад. Беҳуда нест, ки дар илмҳои сиёсӣ ин масъада ба сифати масъалаи калидӣ дарк карда шуда, пешрафти давлату ҷомеа аз фаъолияти дурусти сиёсии Сарвар вобаста дониста мешавад. Хусусан давлатҳои тозаистиқлол ба шахсиятҳои неруманду тавоно, донишманду закӣ- ба пешвое ниёз доранд, ки дар айёми тақдирсоз давлату миллатро аз нобудшавӣ наҷод дода тавонад.
Ҳар давраи таърихӣ вобаста ба вазифаҳою ҳадафҳое, ки мазмуни даврро ташкил медиҳанд, сарварони ҷавобгӯ ба талаботи вақтро тақозо менамоянд. Таҳлил ва натиҷагириҳои сиёсатгузориҳои гуногун имконият медиҳанд, ки роҳу воситаҳои беҳтари таҳкими раванду ҳодисаҳо ва рушди муътадили мамлакат пайдо гарданд. Умдатарин ҳадафи ҳама гуна қудрати сиёсӣ, бахусус агар ин қудрати демократӣ бошад, таъмини ҳокимияти қонун, адолат, сулҳ ва амният аст. Агар ҳокимият легетимӣ бошад, пас таъмини амният дар авлавияти сиёсаташ қарор мегирад.
Дар таърихи ҳар миллат шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияташон ба тақдири таърихии миллат таъсири мусбат мерасонад. Воқеан, яке аз хизматҳои пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои абад дар радифи шахсиятҳои баруманди сатҳи ҷаҳонӣ ҷояшон дод, мактаби сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон буд.
Имрӯз беш аз ҳар вақти дигар рақобати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бар сиёсати давлатҳо соя афканда, вазъиятеро ба вуҷуд овардааст, ки ҷангҳои локалии (маҳдуд) дар нуқоти гуногуни ҷаҳон давом дошта, ҳар лаҳза имкон доранд ба ҷанги глобалии ҷаҳонӣ табдил ёбанд. Ҳоло интихоби абарқудратҳо зиёдахоҳии қудрат ва ҷамъоварии сарват буда, дар роҳи расидан ба манфиатҳои миллию давлатӣ пеши роҳашонро ҳеҷ садде гирифта наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи ҷуғрофие ҷойгир аст, ки ба нуқтаи бархӯрди манфиатҳои геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ин қудратҳо бо расидани фурсати муносиб омодаи зарба ба манфиатҳои рақибони худ ҳастанд. Ба назар чунин мерасад, ки ҳангоми сар задани буҳрон барои дахолат аз хориҷ имкон пайдо мегардад ва ин вазъият метавонад боиси нооромиҳои тӯлонӣ бошад.
Акнун ҷаҳон дигаргуна аст, мисли пештара нест. Ҳамеша дар ҳолати тағйирёбӣ ва такомул аст. Ин тағйиру такомул метавонад ҷиҳатҳои мусбату манфӣ ҳам дошта бошад. Рушду такомули ҷомеаи инсонӣ сабақ медиҳад, ки барои наҷоти башар аз ҳалокат таърих ба майдони сиёсат ва идораи давлат шахсиятҳоеро ба майдон меоварад, ки бо кору пайкори хеш дар тақдири миллатҳо нақши тақдирсоз мегузоранд.
Соли 1994. Соли раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти ҷумҳурӣ. Мӯйсафеде ба воситаи телевизиони вилоятии Хатлон баромад карда, айнан чунин гуфт: «Эй мардум, охир дар исмаш ду номи Худо ҳаст! Раҳмон ва Шариф. Дигар чӣ мехоҳед. Марди худодод ва назаркарда аст. Маҳз ҳамин марди худододи назаркарда миллату давлатро аз ин балоҳои ба сарамон омада наҷот бахшида метавонад». Сода, фаҳмо ва самимӣ.
Шоир Адибаи Хуҷандӣ чунин мегӯяд: «Пешвои миллатро дӯст медорам, мисли як ватандӯст муқаддасоти миллиро, мисли як гул офтобро, мисли як хоҳар бародарро, зеро миллатамро аз завол наҷот доданд, тамоми сохторҳои барбодрафтаро барқарор карданд, амнияту ободӣ ва тамаддуни ватан ба он кас вобастагӣ ва рабт дорад, ҳама гурезагони иҷбориро ба ватан баргардониданд, онҳое, ки замоне зидди он кас ва бадхоҳашон буданд, ба ҷавонмардӣ, дили соф ва муъҷиза буданашон қоил шуданду сутуданд, занонро соҳиби иззату шараф, ҳуқуқу озодӣ ва мансабу мақому ғуруру хушбахтӣ карданд. Пешвои миллатро тамоми халқи тоҷик дӯст медоранд, ба он кас меҳр дорем, ифтихор дорем, зеро ҷавононро боли парвоз доданд, ҳар ҷавон осон ба мақсаду орзуҳояш мерасад, маорифпарвари беназиранд, садҳо китобро олимону шоирону рӯзноманигорон бо муҳаббат дар васфашон ҳақиқатнигорона эҷод кардаанд. Пешвои миллат Тоҷикистонро аз уфтодагӣ ва завол ба садри шараф расониданд, шиносномаи миллати мо дар арсаи ҷаҳонанд, адолатпешаанд, тамоми расму одати ба фаромӯшӣ рафтаи миллати моро эҳё карданд. Қаҳрамонони миллати мо, олимону адибону орифону шоиронро қадршиносӣ карданд, никоҳи хешутабориро аз байн бурданд, ин корро ҳатто Шуравӣ натавониста буд, чун офтобанд- пур аз нуру равшанӣ, бомаданиятанд ва душмани ҷаҳлу бефарҳангӣ ҳастанд, ҳазорҳо истеъдодро кашф намуда, дастгирӣ карданд, озмунҳои фаннӣ ва ҳунарии тамаддуноварро бо амри фардосозашон ташкил карданд, халқи олам дӯсташон медорад, ҳар амру паёмашон, қарорашон тамаддуновару мондагор аст, қадри китобро аршӣ карданд, “Қуръон”, “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” бо амрашон нашр шуд ва ба халқ ҳадя гардид, қадри омӯзгорро баланд бардоштанд, халқ аз давлатдорияшон розиву шукргузор аст». Воқеан, ин суханони Адибаи Хуҷандӣ далели меҳру муҳаббати халқ нисбат ба Пешвояш мебошад.
Дар бораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони давлатҳои хориҷӣ суханони ихлосмандонаи зиёде гуфтаанд, ки далел аз эътирофу эҳтиромашон нисбат ба ин давлатмарди сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин ҷо мехоҳам суханони Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путинро айнан биёрам, ки гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷастаи ҷаҳонӣ буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате дида намешавад. Ҳар он чӣ оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳои мамлакатҳои дигар!»
Шахсияти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияташон ба сифати Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон сию чор сол боз диққати муаррихон, файласуфҳо ва муҳаққиқонро ҷалб менамояд. Ин таваҷҷуҳ сол аз сол меафзояд. Олимон, пажӯҳишгарони илмҳои гуногун ба омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мешаванд, таҷрибаи давлатдорӣ ва мактаби сулҳофарияшонро меомӯзанд. Дар бораи давлату давлатдорӣ китобҳои зиёде эҷод шудаанд, ки таҷрибаи давлатдории соҳибдавлатони дунёро дар бар мегиранд. Аммо давоми таърих ба ҳар сарвари давлат зарур омадааст, ки бо роҳи худ, бо усули худ ҳукмронӣ намояд, зеро таърих ба як шаклу ба як мазмун ҳеҷ гоҳ такрор намеёбад. Ҳамин аст, ки миёни шоҳон, императорҳо, президентҳо давлатдорон бисёр буданду давлатмардон кам.
Шубҳае нест, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлату миллат хизматҳои бузургу мондагори таърихӣ анҷом додаанд, ки ҳамагӣ ба манфиати мардум ва рушду шукуфоии мамлакат нигоронида шудаанд. Таҳкими сулҳу субот, ба роҳ мондани равандҳои демократӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои шахс, таъмини зиндагии саодатмандонаю шоиста аз ин ҷумла аст. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нуфузу обрӯи баландро соҳиб гардид, ки таърих назирашро ёд надорад. Ташаббусҳою иқдоми наҷибона ва инсонпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ҳимояи арзишҳои олии инсонӣ, мубориза бо равандҳои номатлуби зиддибашарӣ, аз қабили терроризму экстремизм ва ба роҳ мондани ҳамкорию робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо давлатҳои хурду бузурги олам Тоҷикистонро ба давлате табдил дод, ки дар ҳама соҳаҳои ҳаёт намунаи ибрати дигар кишварҳо гардидааст.
Боиси ифтихору сарфарозии мо аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 сентябри соли 2024 дар ҳамоиши Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар пешниҳод намуданд, ки бо мақсади таъмини сулҳи пойдор дар тамоми кураи Замин ва хотима бахшидан ба ранҷу азоби одамон бар асари ҷангҳо ва пайомади даҳшатбори он Қатънома дар бораи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул карда шавад».
Ин ташаббуси навбатӣ бори дигар аз мақому манзалати бузурги Пешвои миллатамон дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳони имрӯза ва бе тафовут набудан ба дарди ҷомеаи ҷаҳонӣ башорат медиҳад, зеро воқеан имрӯз вазъи геополитикии ҷаҳон дар ҳолати ҳассос ва хеле хатарнок қарор дорад.
Танҳо Эмомалӣ Раҳмон ба сифати шахсияти бузурги таҷрибадида ва дар саҳнаи сиёсат пухта расидаю соҳибмактаб метавонанд ҳамчун раҳнамо кафили ояндаи дурахшони давлату миллат бошанд. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти бузургтарин ва яке аз бузургтарин сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ дар асри XXI ба шумор мераванд. Ҷойи ифтихор аст, ки маҳз ҳамин шахсият Пешвои миллат, Сарвари давлати тоҷикон, раҳнамои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва маҳбуби миллати мо мебошанд.
Дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳар шаҳрванди мамлакат боре ба арзишҳои худӣ, фикру андешаҳо, мавқеи ҷамъиятию сиёсӣ ва шахсӣ таваҷҷуҳ намояд, то чӣ андеша доштану дар кадом мавқеи сиёсӣ будани худро таҳлил намояд. Гумон мекунам чунин мавқеъмуайянкунӣ на танҳо пеши таърих, Ватан, миллат ва ҷомеа, балки нахуст дар назди худи мо ва назди виҷдонамон хеле муҳим аст. Зеро ҷашнҳои миллию давлатӣ танҳо санаи расмӣ, тақвимию давлатӣ ва сиёсӣ набуда, ҷашни ҳар шаҳрванд, ҷашни шахсӣ ва оилавии ҳар фарди соҳибватан мебошанд.
Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
ходими калони илмии шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон давоми се даҳаи истиқлол тавонистанд давлатро ба пояи устувори иқтисодӣ ва маънавӣ расонанд
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
Дилноза Аҳмадзода: «Сармоягузории давлат ба рушди зеҳнии кӯдакон ва наврасон ин сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад»
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-МЕЪМОРИ ФАРДОИ ДУРАХШОНИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи Президент
16 НОЯБР- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд
Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст






