Рустами Эмомалӣ бо Валентина Матвиенко мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 13.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия муҳтарам Валентина Матвиенко, ки барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия дорои хусусияти шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ буда, самти афзалиятноки сиёсати хориҷии ҳарду давлатро ташкил медиҳанд.
Изҳор гардид, ки муколамаи сиёсӣ байни ду давлат дар ҳама сатҳҳо мунтазам рушд меёбад.
Аз густариши устувори равобити байнипарламентӣ ва фаъолияти самарабахши Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллӣ ва Шурои Федератсия изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Вобаста ба татбиқи афзалияти раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва рӯзномаи ҷаласаҳои навбатии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе табодули афкор анҷом дода шуд.
Ҷонибҳо дар доираи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба густариши сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.
Ҳамзамон масъалаҳои таҳкими робитаҳои гуманитарӣ дар бахшҳои маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар мулоқот инчунин ҳамкории байналмилалии давлатҳо дар самти таъмини амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва таҳдидҳои киберӣ баррасӣ гардида, мавқеи ҳамсони ҷонибҳо дар ин самтҳо таъкид карда шуд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






