Саҳми Президенти Тоҷикистон дар қабули Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол беназир аст

Ноябрь 6, 2025 14:20

ДУШАНБЕ, 06.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол ба қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. Дар муҳокима ва қабули он саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст.

Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия иброз доштанд: «Ҳадафи сиёсии мо барпо кардани давлати демократию ҳуқуқбунёд аст. Дар ин ҷода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади воломақоми миллат ва шоҳсутуни устувори сулҳу ваҳдат раҳнамои ҳамешагии мо хоҳад буд».

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ҳамчун рӯйдоди муҳими сиёсию ҳуқуқӣ арзёбӣ мегардад. Тибқи ин санад, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон шуд. Аз ин ба баъд марҳалаи муҳими таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ оғоз гардид.

Конститутсия воқеан ҳам омили муҳими муттаҳидкунанда, ҳимояткунандаи сулҳу субот, оромӣ ва ризояти шаҳрвандӣ дар ҷомеаи мо мебошад. Дар тӯли ин солҳо он тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад ва тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад, барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозад.

Бояд гуфт, ки дар робита ба ин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин ибрози назар намудаанд: «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба воситаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ карда истодааст».

Дар асоси ин санади таърихӣ дар фазои сиёсии мамлакат парлумони дупалатагӣ таъсис дода шуд, ки пайваста дар такмили қонунгузории мамлакат нақш мебозад.

Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқие аст, ки он асосҳои сохтори давлат, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.

Воқеъият ин аст, ки дар ҷумҳурӣ волоияти қонун, яъне озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандон, дӯстии тамоми миллату халқиятҳо, таъмин гардида, дар маҷмӯъ ҷомеаи навини адолатпарвар барқарор гардидааст. Вале, дар баробари инкишофи давлат ва муносибатҳои ҷамъиятӣ зарурати тағйиру такмили он пеш омад. Аз тариқи муҳокима ва раъйпурсии умумихалқӣ се маротиба ворид кардани тағйиру иловаҳо низ маҳз бо тақозои ҳамин зарурати таърихӣ анҷом дода шуд.

Ба ин асос, дар давоми 31 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба бо тариқи раъйпурсӣ- 26 сентябри соли 1999, ҳамчунин 22 июни соли 2003 ва 16 ноябри 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститутсионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст.

Агар тағйироти 26 сентябри соли 1999 барқарории сулҳу суботро дар ҷумҳурӣ ҳукми қонунӣ бахшида бошанд, пас тағйиру иловаҳое, ки 22 июни соли 2003 ворид шуданд, бо густариши минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа марбутанд. Ва тағйиру иловаҳои соли 2016 барои таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, мукаммалу самаранок гардонидани низоми мақомоти давлатӣ ва такмили меъёрҳои он дар ҳамбастагӣ бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштанд.

Дар маҷмуъ тағйиру иловаҳое ворид гардиданд, ки мазмуну муҳтаво ва меъёрҳои онро такмил дода, ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояву ҳифзи онҳо, таҳкиму такмили асосҳои конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, рукнҳои асосии он, мукаммалу самаранок гардонидани фаъолияти низоми мақомоти давлатӣ, фаъолияту ҳамкории байни онҳо, суфтаву равон гардонидани вожаву таркибот он тибқи қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва мутобиқ намудани меъёрҳои конститутсионӣ ба истилоҳу меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ мусоидат намуданд.

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгӯйи ба меъёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат ба дастовардҳо ва арзишҳои ҷомеаи мутамаддин аз тарафи коршиносони давлатҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон ба таври сазовор арзёбӣ ва қадр шудааст.

Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати барномавии ҳаётии давлат ва ҷомеа буда, дурнамои пешрафти ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд, барои халқи мо бардавому поянда хизмат мекунад ва дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд низ ба хотири амалӣ гаштани ин орзую ормонҳои нек, пеш аз ҳама тавассути эҳтиром ва риояи дақиқи меъёрҳои он қарзи шаҳрвандии худро сарбаландона адо хоҳанд намуд.

Дар доираи Конститутсия бо ташаббуси Пешвои миллат дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрӣ — ҳуқуқии дигар қабул гардиданд, ки самтҳои муҳими ҳаёти мардуми тоҷикро ифода менамоянд.

Бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият ба парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаи қонунҳои зиёде пешниҳод шудаанд, ки онҳо аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва қабул шудаанд. Ҳамаи онҳо дар марҳалаи навини таърихӣ, бо дарназардошти хусусиятҳои геополитикию идеологии таҳаввулоти ҷаҳони имрӯза ва ниёзҳои ҳаётан муҳими миллӣ қабул гардида, барои таҳкими самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, рушди бемайлони давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд заминаи ҳуқуқӣ гузоштанд.

Чунончи, бо мақсади ба низоми муайян даровардани расму оинҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ бо мақсади пешгирӣ аз ҳар гуна сарфу хароҷотӣ беҳуда, аз байн бурдани хурофот ва зоҳирпарастӣ санади муҳими миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Мақсади асосии ин қонун ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, ҳамчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.

Қабули ин қонун дар таърихи қонунгузории на танҳо мамлакати мо, балки дигар давлатҳои ба омӯзиш ва қабули он ҳам бемислу монанд буда, аз ҷаҳду талоши роҳбарияти давлати тозаистиқлоламон дар ҷодаи бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқбунёд, ки заминаи онро арзишҳои миллӣ ва динӣ ташкил мекунанд, дарак медиҳад.

Бинобар ин, ҳар як фарди тоҷик бояд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ намояд ва меъёрҳои онро, ки барои рушду суботи мамлакат равона шудааст, риоя кунад.

Ҳикматулло ХОҶАЕВ,
ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи
меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,
номзади илмҳои сиёсӣ

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Ноябрь 6, 2025 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМ-РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Аҷдодони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои қадим соҳиби парчам будаанд
Парчами давлатии Тоҷикистон бо ҳадафи сулҳу оштӣ ва ҳамзистии осоишта ҷавлон мезанад
Пешвои миллат: «Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, худшиносӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад»
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли гулкарам ба гирифторони бемориҳои ҷигар ва талхадон муфид аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Чӣ гуна ангиштро дуруст истифода барем, то хатари заҳролудшавиро пешгирӣ кунем?
БОҒҲОИ ИНТЕНСИВӢ. Дар Тоҷикистон аз майдони кам метавон ҳосили баланди босифат ба даст овард
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли сиёҳдона дар зимистон хавфи гирифторӣ ба зукомро коҳиш медиҳад
ФАЗОИ ТОҶИКРО ОЯНДАИ ДУРАХШОН ИНТИЗОР АСТ. Назари коршинос дар хусуси рушди авиатсияи тоҷик
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Хурмо нисбат ба себ ду маротиба бештар микроэлементҳои муфид ва нахи парҳезӣ дорад
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ ТОҶИ САР АСТ». Парчами давлатӣ рамзи ваҳдат ва сарҷамъии миллат аст