САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент

Ноябрь 15, 2025 08:40

ДУШАНБЕ, 15.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони муосир саҳми осорхонаҳо дар рушди сиёсати фарҳангӣ ва густариши муносибатҳои хориҷии ҳар давлат омили муҳими таъсиррасонанда аст. Фаъолияти пурмаҳсули ин махзани ёдгориҳои нодир на танҳо барои пешравӣ ва эътирофи фарҳанги қадимии кишвару миллат барои оламиён хизмат мекунад, балки дар ташаккули худшиносии миллии тамошобинон низ саҳм мегузорад.

-Дар таърихи осорхонавии Тоҷикистон дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои фаъолият ва рушди осорхонаҳо дар меҳвари сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат қарор гирифт.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ муяссар гардид, ки дар ҷумҳурӣ ба ташкили осорхонаҳо ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Соли 1999 ба Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ-кишваршиносӣ ва санъати тасвирии ба номи Камолиддин Беҳзод мақоми миллӣ дода шуд. Ҳамзамон дар ин раванд бунёди Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон, Осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи Авасто, муассисаҳои давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара», Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии «Ҳулбук», «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб», Осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, таъмири Осорхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Панҷакент, бунёди Осорхонаи нави миллӣ дар Душанбе гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Инчунин дар солҳои Истиқлоли давлатӣ самтҳои асосии фаъолияти осорхонаҳо муайян шуда, нақш ва мақоми онҳо ҳамчун марказҳои иҷтимоии нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва таблиғи арзишҳои фарҳангӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» мушаххас гардид.

Мақсад аз ёддошт намудани ин таърих ва санадҳо он аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз солҳои нахустини истиқлолият барои ғанигардонии фаъолияти осорхонавии давлат хизматҳои шоиста намудаанд. Бо мақсади пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат дар мамлакат 18 июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон созмон дода шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардиданд.

Моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил карда шуд. Ин корвон аз 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буда, сафари худро аз ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуда, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд рафт ва ба мардум идеяҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд.

Ҳангоми сафар аҳли корвон аз минтақаҳои Тоҷикистон яккафӣ хок ҷамъ намуданд ва ҳунармандони шаҳри Исфара аз он кӯзаи мунаққаш сохтанд. Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки «ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!». Хушбахтона, ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ дар гӯшаи ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллӣ дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи Эҳёи ваҳдат ба намоиш гузошта шудааст.

Соли 2004 нахустин маротиба дар собиқ бинои Осорхонаи миллии ба номи Камолиддин Беҳзод «Толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» созмон дода шуд, ки дар он 31 ҳадяи ба Президенти Тоҷикистон аз дигар кишварҳо эҳдошуда ба маърази тамошо гузошта шуд. Соли 2006 толори туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 2 туҳфаи нодири марбут ба таъриху сарнавишти мардуми тоҷик мукаммал гардонида шуд, ки ин осори нодир аз ҷониби Пешвои миллат ба муассиса эҳдо гардид. Яке Хома (қалам)-и сулҳ, ки тавассути он 11 декабри соли 1996 дар деҳаи Хусдеҳи музофоти Тахори Афғонистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санад оид ба таъсиси Комиссияи оштии миллӣ ва оташбас имзо шуда буд.

Дигар нигораи нодир, ки дар ин сол ба фонди осорхона супорида шуд, нусхаи аввалин Парчами Тоҷикистон аст, ки дар иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тасдиқ шуд.

Дар натиҷаи талошҳои Ҳукумати мамлакат дар солҳои Истиқлоли давлатӣ масъалаҳои об дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол намуда, аксари ташаббусҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ гардиданд. Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид «Барои амалисозии даҳсолаи байналмилалии Об барои ҳаёт сарфароз гардонида шуданд, ки ин туҳфаи нодир тибқи дастури Пешвои миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд. Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид моҳи июни соли 2010 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуддати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт»-ро баргузор намуд.

Соли 2012 Курсӣ ( тахт) бо нақшҳои барҷаста бо тасвири шер намунаи олии кандакорӣ дар болои чӯб- маҳсули кори ҳунармандон ва шогирдони Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан, ки ба Президенти ҷумҳурӣ туҳфа шуда буд, ба Осорхонаи миллӣ интиқол дода шуд.

Соли 2013 Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар бинои нав ба фаъолият шуруъ намуд, ки он дар заминаи Осорхонаи миллии ба номи Беҳзод таъсис ёфта, бунёдгузори он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба таври махсус, маҳз барои фаъолияти осорхонавӣ бунёд ёфта, хусусияти ҳирфавии ин муассиса ба ҳисоб гирифта шуд. Аз ин рӯ, бузургтарин дастоварди соҳаи осорхонавӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бунёди бинои осорхона мебошад. Ба ифтихори ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон моҳи марти соли 2013 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба ин муассиса 1173 ёдгории таърихӣ туҳфа карда шуд, ки ин амалро метавон «Эҳдои аср» номид.

Ҳадя шудани дафинаи ашёи қадимии тиллоӣ (ёдгориҳои мансуб ба асри II то милод), дафинаи сиккаҳои кушонӣ ва сиккаҳои асримиёнагӣ, сиккаҳои алоҳидаи тиллоӣ (юнонӣ-мақдунӣ, кушонӣ, сомонӣ, ғазнавӣ), дигар ёдгориҳо ва ашёи пурқимат аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба фонди осорхона арзишмандтарин дастоварди фондии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар нахустин соли фаъолияти он мебошад. Таркиби ин коллексияи нодир аз тоҷи кунгурадори тиллоӣ, нимкосаи тиллоӣ, ҷузъҳои ороишии либос бо тасвирҳои аждар, хурӯс ва симурғ, бозёфтҳои тиллоӣ бо тасвири гуроз, бабр, асп, миёнбанди тиллоии шоҳӣ, муҳраҳои тиллоӣ бо нақшҳои барҷаста, ҷузъҳои ороишии либос (42 адад) мутааллиқ ба асрҳои II то милод- II милодӣ иборат буда, оид ба ҳунари заргарӣ ва саҳифаҳои таърихи бостонии ниёгони мо дар замони давлатдории Кушониён ва баъд аз он маълумот медиҳанд.

Соли 2014 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба фонди осорхона 5 туҳфа ворид шуд, ки аз 2 минбар аз маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 18 ноябри соли 2006 ва 16 ноябри соли 2013, нусхаи Нишони президентӣ, Санги Хиросима, гулдӯзии «Гулчини истиқлол» бо 24 косагули хурди мошинадӯзӣ, 6 косагули хурди дастдӯз, 6 косагули калони мошинадӯзӣ, муҷассамаи фил аз Ҳиндустон иборат буд. Дар байни осори тақдимшуда хусусан санги сулҳи Хиросима бо тасвири олиҳа Канон (олиҳаи шафқат, раҳмдилӣ) мақоми хос дорад, зеро дар дунё аз он ҳамагӣ 188 адад мавҷуд аст. Санги мазкур ба шахсиятҳое туҳфа карда мешавад, ки дар пойдории сулҳи сайёра саҳм мегузоранд.

Соли 2015 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба осорхона намунаи олии ҳунари мардумӣ- табақи бузургҳаҷми чӯбин- маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияи Нуробод ворид гардид. Табақи мазкур соли 2015 аз ҷониби усто Тақдири нурободӣ ба Пешвои миллат туҳфа карда шудааст. Соли 2015 Президенти Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба водии Рашт аз маҳсули дасти ҳунармандони ноҳияи Нуробод дидан намуданд. Аз байни маҳсули ҳунарҳои дастӣ табақи калони чӯбини Усто Тақдир таваҷҷуҳи Пешвои миллатро ба худ ҷалб намуд. Усто Тақдир бо саховати беш табақи чӯбинро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа кард. Пешвои миллат ин ҳадяи нодир- табақи чӯбини калонҳаҷмро ба Осорхонаи миллӣ тақдим намуданд. Табақ аз чӯби чормағзи беш аз 200-сола сохта шудааст. Инчунин дар ин сол амсилаи киштӣ, ки ба Президенти Тоҷикистон аз Туркия туҳфа шуда буд, ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд.

Соли 2016 ба фонди Осорхонаи миллӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ёдгорӣ эҳдо шуд, ки байни ин осор як сӯзанӣ бо рамзи 25-солагии Истиқлоли давлатӣ-маҳсули ҳунармандони вилояти Суғд ва 8 сози мусиқии миллӣ- ғижжак, соз, дутор, думбра, сетор, дилрабо, сомон, сеҷур аз санъати баланди муаллифон гувоҳӣ медиҳанд.

Соли 2017 Пешвои миллат як мусаввара бо номи «Савганди ҷовидонӣ» ва се қолини дастбофти туркманӣ, 1 глобус бо тасвири харита ва парчамҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Афғонистон, амсилаи тиллоии сари гург (нусхаи бозёфти таърихӣ), муҷассамаи нуқрагини аспи ахалтекинӣ, сиккаи тилло баробар бо 100 манати туркманӣ, нусхаи ритони портӣ аз шаҳри Нисои қадим ва китоби «Наврӯзнома»-ро ба фонди Осорхонаи миллӣ эҳдо намуданд. Инчунин соли 2018 маҳсулоти аввалини корхонаи металлургии шаҳри Истиқлол– ҷаъбаи сангӣ аз сӯи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.

16 ноябри соли 2018 чархаи аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд. Соли 2019 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ду сиккаи 100 сомонаи нуқрагӣ бо навиштаҷоти «Оғози кори НБО «Роғун» ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ворид гардид. Барои инъикоси ин рӯйдоди таърихӣ дар толори «Истиқлолият»-и Осорхонаи миллӣ лоиҳаи гӯшаи экспозитсионӣ омода карда шуд. Экспонати марказии гӯшаи мазкур сиккае мебошад, ки тавассути он аз ҷониби Пешвои миллат боэътимодии кори агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» санҷида шуда буд. Сиккаи мазкур 100 сомонӣ буда, аз нуқраи иёраш 925 зарб зада шудааст. Дар маркази як тарафи сикка Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зери нишон навиштаҷоти «100 сомонӣ», «Ag 925 31,1g» ва дар атрофи марказ навиштори «Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Republic of Tajikistan» тасвир ёфтааст. Дар маркази тарафи дигари сикка сарбанди Неругоҳи барқи обии «Роғун» тасвир ёфта, дар атрофи ин тасвир навиштаҷоти «Оғози кори Неругоҳи барқи обии «Роғун»», «Launch of Rogun HPP» ва санаи «16.11.2018» ҳаккокӣ карда шудааст.

Баъди иштирок дар чорабинӣ бахшида ба 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳри Москва аз ҷониби Пешвои миллат ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 1 пистолет-пулемёти Шпагин, 3 амсилаи муҷассамаҳои ёдбудии даври ҷанг, 3 нусхаи санади капитулятсияи низомии Олмони фашистӣ ва 1 албоми суратҳо бо аксҳои таърихии замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (Берлин. Карлсхорст) туҳфа карда шуданд. 25 октябри соли 2022 аз ҷониби Пешвои миллат ба фонди Осорхонаи миллӣ як туҳфа- амали Рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров бо номи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пасманзари НБО «Норак»» ворид гардид. Ин мусаввара дар Рӯзи Президент- 16 ноябри соли 2022 ба тамошобинони осорхона рӯнамоӣ гардид.

Дар ин сол 3 сикка- сиккаи тиллоии намояндаи сулолаи Ғуриҳо Сом ибни Муҳаммад (асри XI), сиккаи тиллоии амири Бухоро Абдулаҳадхон (асри XIX), сиккаи тиллои Муҳаммад Хоразмшоҳ (асри XIII) ва сози мусиқии шашқисма ба фонди Осорхона эҳдо гардиданд. Соли 2023 ба фонди Осорхонаи миллӣ 2 ёдгорӣ- мусаввараи офаридаи рассоми чинӣ Сан ЧаО Тен «Симои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» ва харитаи давлати Сомониён ворид карда шуданд.

Соли 2025 асари навбатии санъати тасвирӣ ва амалӣ таҳти унвони «Дуои модар», ки аз аз ҷониби Президенти Қирғизистон ба Президенти Тоҷикистон тақдим гардид, ба Осорхонаи миллӣ эҳдо шуд. Ҳоло ин асар дар намоиш аст.

Осорхонаи миллии Тоҷикистон хазинаи нотакрор ва бебаҳои илму фарҳанги миллӣ дар замони истиқлоли мамлакат буда, муаррифи таъриху фарҳанги пурғановати тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар маҷмуъ аз соли 1999 то 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон 2743 ёдгории таърихӣ эҳдо гардидааст, ки меҳмонони дохилию хориҷӣ ҳамарӯза аз тамошои ин осор ғизои маънавӣ мегиранд.

Зафаршо ИБРОҲИМЗОДА,
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

 

Ноябрь 15, 2025 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

16 НОЯБР- РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Эмомалӣ Раҳмон шахсияти нодири сиёсӣ ва меъмори сулҳу субот дар давлати навини тоҷикон мебошанд
Баҳри пешгирии гепатити вируси «А» чӣ бояд кард? Пеш аз ҳама риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти шахсӣ зарур аст
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
Прокурори ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Эмомалӣ Раҳмон -абармарде, ки бо матонат, шуҷоат ва нангу номус давлату миллатро наҷот бахшиданд»
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БО ДИАБЕТИ ҚАНД. Чаро солҳои охир гирифторони ин беморӣ бештар шудаанд?
Пешвои миллат -рамзи ваҳдат, сулҳ, озодӣ ва пояи истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст
ЗИЁИЕ ОЗОДИХОҲ, САРАФРОЗ ВА ШАРАФМАНД
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ПЕШВОИ СОЗАНДАИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НОБИНОЁН. Ҳар инсон бояд соле на камтар аз ду маротиба аз назорати табиби чашм гузарад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАКӮКОРӢ. Эҳтиром ва некиро аз кӯдакӣ омӯзонем, то ояндаро бо амалҳои хуб бисозем