Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод
ДУШАНБЕ, 25.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Ибодзода Хайрулло бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Муғулистон ва Тоҷикистон дар Хурали Бузурги давлатии Муғулистон Оюунсайхани Алтангерел мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва тақвияти фаъолияти Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ карда шуданд.
Хайрулло Ибодзода инчунин бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Муғулистон Батарҷав Лхагважав мулоқот намуд. Зимни он масъалаҳои марбут ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷустуҷӯи роҳҳои логистикӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид






