Сафири Тоҷикистон дар Парлумон ва Палатаи савдо ва саноати Муғулистон мулоқот анҷом дод

Ноябрь 25, 2025 11:38

ДУШАНБЕ, 25.11.2025  /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муғулистон Ибодзода Хайрулло бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Муғулистон ва Тоҷикистон дар Хурали Бузурги давлатии Муғулистон  Оюунсайхани Алтангерел мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонӣ ва тақвияти фаъолияти Гурӯҳи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Муғулистон баррасӣ карда шуданд.

Хайрулло Ибодзода инчунин бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Муғулистон Батарҷав Лхагважав мулоқот намуд. Зимни он масъалаҳои марбут ба роҳандозии робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, ҳамкории саноатӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, ҷустуҷӯи роҳҳои логистикӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2025 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд