САРНАВИШТИ ЗАНИ САЗОВОР. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова китоб ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 01.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 100-солагии Омӯзгори хизматнишондодаи Тоҷикистон Хосият Махсумова ва 65-солагии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе китоби «Сарнавишти зани сазовор» ба нашр расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар мақолаву ёддоштҳои олимону публитсистон ва пайвандон, ки дар китоб ҷой дода шудаанд, симои шахсияти барҷаста- Хосият Махсумова, ки тамоми ҳаёти наҷиби худро сарфи хидмат ба Ватан, таълиму тарбияи насли наврас ва ҳазорон нафар шогирдон намудааст, муаррифӣ шудааст.
Китоб аз силсиламақолаҳо, аз ҷумла «Умре барои маърифат», «Қаҳрамони замони мо», «Дастовардҳои Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова дар замони истиқлол», «Яке аз шоистатарин омӯзгори асри ХХ», «Мо аз соли 1937 то соли 1957 фарзандони «душмани халқ» будем», «Сарнавишт. Руҳи ношикастаи як хонадон», «Аз шумо сад ифтихор аст», «Матинирода» ва «Ёде аз Хосияти маориф» иборат мебошад.
Бояд гуфт, ки Хосият Махсумова 20 сентябри соли 1925 дар ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) дар оилаи ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аввалин Раиси Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ба дунё омадааст.
Хосият Махсумова ба душвориҳои он солҳо нигоҳ накарда, аввалин тоҷикдухтаре буд, ки мактабро бо баҳои аъло ва аввалин тоҷикдухтаре гардид, ки факултети физикаю математикаи Институти педагогӣ ба номи Шевченкоро (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон номи Садриддин Айнӣ) хатм намуд.
Баъд аз хатми институт Хосият Махсумова фаъолияти меҳнатиашро соли 1947 ба ҳайси муаллими фанни математика дар мактаби миёнаи шаҳри Душанбе оғоз намуд ва минбаъд соли 1948 ба вазифаи мудири қисми таълимии ин мактаб таъйин гардид.
Хосият Махсумова соли 1962 дар Омӯзишгоҳи педагогии томактабии ба номи Н.К. Крупскаяи шаҳри Душанбе аввал ба сифати омӯзгор, мудири қисми таълимӣ ва аз соли 1964 то соли 1980 дар вазифаи Директори омӯзишгоҳ (ҳоло Коллеҷи омӯзгорӣ) фаъолият намудааст.
Ӯ аввалин зани тоҷик буд, ки бо Медали ба номи Н.К. Крупская, ки ба шахсони дар таълиму тарбияи насли наврас ба дастовардҳои бузург ноилшуда дода мешавад, сарфароз гардидааст.
Соли 2014 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Хосият Махсумова гузошта шуд.
Хосият Махсумова 9 марти соли 2007 аз олам чашм пӯшид, вале аз худ шогирдону дастпарварони зиёде боқӣ гузошт.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






