Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
ДУШАНБЕ, 27.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Барои фаъолияти муназзаму пурмаҳсул дар фасли зимистон дар намояндагиҳои филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ним миллион литр сӯзишвории дизелӣ ва 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира шуда, ин раванд идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат хабар доданд.
Дар намояндагии Варзоб то ин вақт 6500 тонна маводи зиддилағзиш, Зарафшон 5600 тонна ва дар Суғд 5359 тонна чунин мавод захира карда шудааст. Бо назардошти дар минтақаи аз лиҳози ҷуғрофӣ душвори кӯҳистон ҷойгир будани роҳи Душанбе-Чанок коркарди он бо маводи зиддилағжиш ба таври мунтазам, аксар маврид шабона низ бояд амалӣ карда шавад. Бинобар ин, харҷи ин намуди мавод низ сол то сол тамоюли афзоиш касб менамояд.
Илова бар ин, чархҳои резинии зимистонаи мошин ва механизмҳои нигоҳдории роҳ дастрас ва насб гардида, зарфҳои захираи сӯзишворӣ, ки имкони нигоҳдории 535 000 литр чунин маводро доранд, барқарор карда шуданд. Муҳимтар аз ҳама, техникаю механизмҳои филиали ширкат, ки теъдодашон 242 адад аст, ба фасли зимистон пурра омодаанд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд пеш бурдани фаъолият давоми 16 соли мавҷудият 134 иншоот, аз ҷумла, пойгоҳ барои экспертҳо, анбор барои нигоҳдории маводи зиддилағжишу дигар масолеҳ, сехҳои истеҳсолӣ, озмоишгоҳҳо, иншооти зиддитармавӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин рақамҳо, ки дар муқоиса бо солҳои қаблӣ ба таври назаррас афзудаанд, имкон фароҳам меоранд, ки рисолати филиали ширкат — нигоҳдории роҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.
АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар






