Таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон-кафили сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон – кафили сулҳу субот ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки маҳз бо ҷидду ҷаҳди собитқадамона ва иқдоми бунёдгароёнаи фарзанди дурандеши миллати тоҷик- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлати тоҷикон аз вартаи нобудшавӣ наҷот ёфта, ба шоҳроҳи рушди давлатдории миллӣ қадам ниҳод ва дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба дастовардҳои беназир ноил гардид.
Тавассути баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоби Хуҷанд ва ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ Сарвари давлати тоҷикон интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи истиқлолияти комили миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ қадамҳои устувор гузошта шуданд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низоми нави ҳуқуқи миллӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав ба роҳ монда шуд. Низоми мазкур бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ аз ҷониби тамоми мардуми давлатҳои мухталиф пазируфта шуд. Аз ин пас Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ шинохта шуд.
Дар раванди рушди давлатдории миллӣ Пешвои миллат ба масъалаи тақвиятбахшии андешаи миллӣ ва тафаккури миллии аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин, махсусан ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.
Яке аз омилҳои ваҳдатгустари тафаккури миллӣ расму оин ва анъанаҳо мебошанд, ки давоми асрҳои зиёд густариш ёфтаанд. Бо иқдоми Сарвари давлат Наврӯз ҷашни умумимиллӣ эълон гардид ва Созмони Милали Муттаҳид онро ба ҳайси ҷашни умумибашарӣ эътироф намуд. Қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон арҷгузории Сарвари давлатро ба хизматҳои беназири фарзандони фарзонаи миллати тоҷик инъикос менамояд.
Аз ин рӯ, ба қадри истиқлолияти давлатӣ расидан, хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи муҳтарам Президенти Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намудан ва дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон саҳм гузоштан қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо маҳсуб мешавад.
АКС: Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид






