ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 ноябр, ҷумъа, 311-умин рӯзи соли 2025 аст
7 ноябри соли 1929 аввалин театри касбии тоҷик – ҳоло Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ифтитоҳ гардид.
***
7 ноябри соли 1959 студияи телевизионии Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.
***
7 ноябри соли 2011 навсозии шоҳроҳи мошингарди Душанбе — Турсунзода — сарҳади Узбекистон расман оғоз ёфт.
***
11 сол пеш, 7 ноябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин масоили васеи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
***
7 ноябри соли 2014 Созишномаи қарзи имтиёзнок байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти (Эксимбонки) Ҷумҳурии Мардумии Чин барои сохтмони навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии нави шаҳри Душанбе ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии он ба имзо расид.
***
7 ноябри соли 2018 масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
***
7 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Фаронса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Фаронса мулоқот намуданд.
***
7 ноябри соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бистуҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён бинои Муассисаи таҳсилоти томактабиро мавриди истифода қарор доданд.
7 НОЯБР:
Дар Тоҷикистон — Рӯзи театри тоҷик.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДАНД:
Воҳид Асрорӣ —соли 1917- фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон (1977). Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954) ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1975).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 ноябр, панҷшанбе, 310-умин рӯзи соли 2025 аст






