«ВАРЗИШГАРОН — ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Ноябрь 22, 2025 17:15

ДУШАНБЕ, 22.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов таҳти унвони «Варзишгарон — парчамбардорони миллат» Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада.

Пеш аз оғози ҳамоиш, нахуст меҳмонон, мураббиён, ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ва кормандон дар саҳни донишкада бо шиору ибораҳои хосаи ватандӯстона «Шараф ба Пешвои муаззами миллат!», «Шараф ба Пешвои муаззами варзишпарвари кишвар!», «Парчами мо — ифтихори мо» ва ғайра роҳпаймоӣ намуданд.

Зимни ҳамоиши идона дар майдони варзишии донишкада роҳбарияти донишкада, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино, Департаменти рушди ҳаракати олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон сухан намуда, аз роҳнамоиву хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муваффақияту дастовардҳои рӯзафзуни варзишгарон дар тадбирҳои бузурги варзишӣ, аз таъриху анъанаи парчамбардорӣ ёдовар шуданд.

Таъкид шуд, ки соли 1992 қасаму савганди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зери Парчам оғози сулҳу субот, ваҳдату осоиштагӣ ва тамоми дастовардҳои пурарзиши даврони соҳибистиқлолиамон гаштанд.

Иброз гардид, ки дар тамоми ин муваффақияту пирӯзиҳо барои варзишгарон ифтихори баланд он аст, ки Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд ва ин нукта барояшон шарафи бузург аст.

«Парчам ва муқаддасоти миллӣ омили муҳими боло бурдани ҳамбастагию худшиносӣ, ватандӯстию худогоҳии насли ҷавони имрӯза мебошад»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.

Дар идомаи ҳамоиш як қатор устодон, мураббиёну кормандони муассиса, муҳассилину варзишгарони донишкада бо сипосномаву ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино ва раёсати донишкада қадрдонӣ шуданд.

Барномаи ҷолиби фарҳангии таҳиянамудаи бахши фарҳанги донишкада саршор аз мавзуи Ватану ватандӯстӣ пешкаши ҳозирин гардид.

АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов

Ноябрь 22, 2025 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд