Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 соҳиби ҳашт медал шуданд
ДУШАНБЕ, 21.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Абдулмаҷид Кудиев дар вазни 65 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ соҳиби медали нуқра гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар финали мусобиқа Абдулмаҷид Кудиев аз варзишгари ботаҷрибаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Раҳмон Амузод бо ҳисоби 12:2 мағлуб гардида, сазовори медали нуқра шуд.
Ба ҷуз аз медали Абдулмаҷид Кудиев то имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо соҳиби 8 медал гардидааст: се медали нуқра ва 5 биринҷӣ. Чор медали аввалро паҳлавонони тоҷик аз намуди гӯштини ҷудо ба даст оварда буданд. Медали панҷуми биринҷиро варзишгари ҷавон Саъдӣ Исмоилов аз намуди тенниси рӯйи миз соҳиб шуд.
Хотиррасон мешавем, ки паҳлавонони тоҷик Темур Раҳимов дар вазни то +100 кг ва Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг дар Бозиҳои 6-уми ҳамбастагии исломӣ-2025 дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ аз намуди гӯштини ҷудо медалҳои нуқра ба даст оварданд. Ду варзишгари тоҷик- Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кг ва Абубакр Шеров дар вазни то 73 кг соҳиби медалҳои биринҷӣ гардиданд.
Дар мусобиқаи гӯштини кураш, ки бори аввал ба барномаи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дохил шуд, варзишгарони тоҷик Шоҳида Қаландарова дар вазни то 70 кило ва Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 81 кило ду медали биринҷӣ гирифтанд.
Дар мусобиқа аз рӯи барномаи Бозиҳо аз Тоҷикистон 65 варзишгар дар 10 намуди варзиш, ба монанди бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, гӯштини озод ва юнону румӣ, камонварӣ, кураш, таэквондо, тенниси рӯи миз, ҷудо, инчунин навъҳои паралимпӣ иштирок намуданд.
Дар маҷмуъ варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то имрӯз 23 медал (1 медали тилло, 7 нуқра ва 15 биринҷӣ) ба даст оварданд. Ягона медали тиллоро варзишгари маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки соли 2005 дар Арабистони Саудӣ баргузор шуда буд, аз намуди гурзандозӣ соҳиб шуд.
Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд






