ZET-MOBILE рушди 5G-ро идома медиҳад: истгоҳҳои нави базавӣ ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 17.11.2024 /АМИТ «Ховар»/. ZET-MOBILE, оператори пешбари алоқаи мобилии Тоҷикистон бо ифтихор дар бораи пешравии бузург дар рушди инфрасохтори телекоммуникатсионии мамлакат – ба кор андохтани истгоҳҳои нави базавии 5G дар маҳаллаҳои калидии шаҳри Душанбе хабар медиҳад. Ин ҳодиса ибтидои давраи нави интернети баландсуръат ва имконияти бемаҳдудро барои сокинони пойтахт нишон медиҳад.
Суръате, ки аз замон пеш мегузарад: афзалияти 5G барои ҷомеа
Технологияи 5G на танҳо зинаи навбатии таҳаввулоти алоқаи мобилӣ аст — ин сатҳи сифатан нави интиқоли маълумот мебошад. Шабакаи насли панҷум имконияти навро барои муштариёни хусусӣ ва тиҷоратӣ мекушояд: боркунии наворҳо бо сифати баланд дар сонияҳо, пайвасти устувор, қобилияти пайваст кардани дастгоҳҳои сершумор ҳамзамон бе гум кардани сифати алоқа. 5G барои рушди технологияҳои виртуалӣ, тибби фосилавӣ, шаҳри ҳушманд, фароҳам овардани имконият барои тиҷорат, маориф ва ҳаёти ҳаррӯза замина хоҳад гузошт.
ZET-MOBILE: сармоягузорӣ ба ояндаи Тоҷикистон
Дар моҳи августи соли 2020 ZET-MOBILE аввалин шуда, дар Тоҷикистон озмоиши шабакаи насли панҷум (5G)-ро оғоз намуд. Дар ҷараёни ин озмоишҳо суръати интиқоли маълумот то 1,2 Гбит/с ба даст оварда шуд. Дар моҳи майи соли 2021 оператор расман эълон кард, ки шабакаи 5G-ро ба таври тиҷоратӣ ба кор андохтааст ва аввалин шуда дар мамлакат пурраи 5G-ро пешниҳод намуд. Дар айни замон 24 истгоҳи базавии стандарти 5G аз ZET- MOBILE дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷанд насб карда шудааст.
“Ба кор андохтани истгоҳҳои 5G дар Душанбе на танҳо дастоварди техникӣ, балки тасдиқи садоқати амиқи мо ба рушди ояндаи рақамии Тоҷикистон аст. Мо технологияҳои пешрафтаро сармоягузорӣ мекунем. Ин иқдомест, ки симои шаҳрҳоро тағйир медиҳад, рушди иқтисодиро суръат мебахшад ва сифати зиндагии ҳар шаҳрвандро беҳтар мекунад»,-иброз медорад Бахтиёр Ҳамидов, директори генералии ZET-MOBILE.
Лоиҳаи густариши шабакаи 5G натиҷаи кори чандинсола, сармоягузории назаррас ва ҳамкории зич бо таъминкунандагони пешрафтаи таҷҳизоти ҷаҳонӣ мебошад. ZET-MOBILE кӯшиш мекунад, ки ба муштариёни худ дастрасӣ ба технологияҳои пешрафтаро тавассути баланд бардоштани стандартҳои алоқаи мобилӣ дар минтақа таъмин кунад.
Ҷое, ки оянда воқеият дорад: истгоҳҳои нави базавии 5G дар Душанбе
Дар марҳилаи ибтидоии татбиқи технологияи 5G ZET-MOBILE диққати асосиро ба фарогирии минтақаҳои калидӣ ва серодамтарини пойтахт равона намуд, то ҳарчи бештар сокинон ва меҳмонони Душанбе аз бартариҳои насли нави алоқа баҳравар шаванд.
Истгоҳҳои нави базавии 5G дар суроғаҳои зерин ҷойгир шудаанд, ки фарогирии максималиро дар нуқтаҳои стратегии муҳими шаҳр таъмин менамоянд:
Фурудгоҳи байналмилалии «Душанбе», Маркази савдои «Садбарг», Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Майдони Исмоили Сомонӣ, Мағозаи универсалии марказӣ, «Ориёнбонк», Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Барқи Тоҷик», «Шарқи Озод», маҳаллаи 82-юм, маҳаллаи 84-ум, Фабрикаи «Ширин», Маркази савдою фароғатии «Сиёма Молл», Бозори «Корвон», Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраев, «Гранд Отел», «Диагностика», Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Гипермаркети «Ашан», Беморхонаи сироятии Душанбе, кӯчаи Айнӣ 55, инчунин дар маркази шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар.
Қадами навбатии ширкат — ба роҳ мондани истгоҳҳои асосии стандарти 5G дар нуқтаҳои калидии шаҳр, аз ҷумла маҳаллаи 45-ум, маҳаллаи 61-ум, маҳаллаи 64-ум, маҳаллаи 65-ум, маҳаллаи 106-ум, соҳили «Дунёи нав», кӯчаи Соҳилӣ ва хиёбони А. Ҷомӣ. Дар нақшаҳои наздиктарини ZET-MOBILE – васеъшавии минбаъдаи фарогирии 5G дар саросари Душанбе ва шаҳрҳои калидии Тоҷикистон аст, ки интернети баландсуръатро барои ҳама дастрас менамояд.
Чӣ тавр метавон ба шабакаи 5G аз ZET-MOBILE пайваст шуд?
Муштариён метавонанд бе иваз кардани SIM-корт ба шабакаи 5G пайваст шаванд. Барои ин: боварӣ ҳосил кунед, ки дар суроғаи шумо пӯшиши 5G мавҷуд аст, санҷед, ки дастгоҳи шумо технологияи 5G Band 78 (3500 MHz)-ро дастгирӣ мекунад. Дар ҳолати зарур шудани кумак ба наздиктарин офисҳои фурӯш ва хизматрасонии ZET-MOBILE муроҷиат кунед.
ZET-MOBILE пешсафиро дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон идома дода, минтақаи фарогирии 5G-ро фаъолона васеъ менамояд ва шабакаи худро муосир мегардонад. Сохтмони пойгоҳҳои нави базавӣ, гузариш ба хатҳои оптикӣ ва ҷорӣ намудани системаи vEPC насли нав сифати баландтарини алоқаро барои ҳама муштариён кафолат медиҳанд. Нақшаҳои минбаъдаи ширкат васеъ намудани минтақаи фарогирии 5G-ро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон дар бар мегирад, то ҳар сокини мамлакат аз бартариҳои интернети баландсуръат истифода барад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид






