Шермуҳаммад Шоҳиён дар ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё иштирок намуд

Декабрь 5, 2025 09:10

ДУШАНБЕ, 05.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи навбатии Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар ҷаласа намояндагони  15 давлати минтақа иштирок намуданд.

Пеш аз оғози ҷаласа муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён бо Раиси Маҷлиси Шурои  Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқири Қолибоф вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми муносибатҳои ду давлат мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар ҷаласа Шермуҳаммад  Шоҳиён котиби ҷаласаи Кумитаи доимии умури сиёсии Ассамблеяи парлумонии Осиё интихоб гардид.

Шермуҳаммад Шоҳиён иброз намуд, ки Асамблеяи парлумонии Осиё имрӯз ба таҳкими робитаҳо, махсусан бо созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ ва кишварҳои шарику ҳамфикр, ки сулҳу суботро ба андозаи зарурӣ муҳим арзёбӣ мекунанд ва ҷонибдори сулҳу амнияти минтақа мебошад,  ниёзи бештар дорад.

Ташаббуси нави Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон доштани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда», ки аз минбари Созмони Милали Муттаҳид садо дод, ба самъи   иштирокдорони ҷаласа расонида шуд. Ин ташаббус дар шароити пуршиддат ва вазъи ноустувори ҷаҳон барои ҳамкории судманди кишварҳои минтақа ба хотири барқарорсозии сулҳи пойдор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шермуҳаммад Шоҳиён инчунин оид ба саҳми Ассамблеяи парлумонии Осиё дар пешбурди манфиатҳои ҳама мардумони минтақаи Осиё, хусусан дар масъалаҳои рушди иқтисодӣ, умумияти фарҳангию таърихӣ, тамаддунӣ ва маънавии мардумони минтақа андешаронӣ намуд.

Доир  ба ҳама масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Декабрь 5, 2025 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд
Дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Пагоҳ Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ду созишнома ба тасвиб расид