35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон беш аз 200 иншооти таъйиноти гуногун сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 12.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Бӯстон сохтмони 223 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 224 иншоот пурра сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон иттилоъ доданд.
Яке аз ин иншооти ҷашнӣ Маркази хизматрасонии «Дӯстӣ» мебошад. Иншооти замонавӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ибтикори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Садои дӯстӣ» сохта шудааст.
Маркази хизматрасонӣ, ки аз ду ошёна иборат аст, бо меъмории миллӣ ва тарҳи муосир бунёд гардида, ба симои шаҳр ҳусни тоза зам намудааст. Барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 4 миллион сомонӣ сармоягузорӣ шудааст. Баъди ба истифода додани маркази хизматрасонӣ 40 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд






