Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор аст
ДУШАНБЕ, 21.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, рӯйдоди таърихӣ ва муҳими соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад.
— Ин санади муҳим, пеш аз ҳама, мавқеи иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии омӯзгорро дар ҷомеа муайян намуда, рисолати баланди ӯро дар тарбияи насли навин ва рушди фарҳанги миллии мо боз ҳам равшантар мегардонад.
Имрӯз мо шоҳиди онем, ки таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумат ба соҳаи маориф ва махсусан ба омӯзгорон сол то сол меафзояд. Қонуни мазкур на танҳо ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, балки рамзи эҳтиром ба заҳмати омӯзгор, эътирофи нақши ӯ дар рушди ҷомеа ва таъмини пешрафти устувори давлат мебошад. Омӯзгор шахсе аст, ки бо донишу фазилати худ ҷаҳонбинии наврасонро шакл медиҳад, арзишҳои миллӣ ва умумибашариро дар зеҳни онҳо ҷой мекунад ва барои ояндаи давлат замина мегузорад.
Ба андешаи мо, ҳадафи асосии қонун баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва ҷалби омӯзгорон ба соҳаи маориф мебошад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» барои омӯзгорон бояд шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ, махсусан дар деҳот фароҳам оварда шавад. Ҳамчунин барои ҷалби ҷавонон ба омӯзгорӣ якчанд имтиёзи муҳим пешниҳод шудаанд, амсоли омӯзгорон дар давраи фаъолияти касбӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод мешаванд, ҳуқуқ доранд таҳсилоти олии дуюмро дар равияи омӯзгорӣ ройгон гиранд, ба фаъолияти ғайритаълимӣ ҷалб карда намешаванд ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зери ҳимояи давлат қарор мегиранд. Таъкид шудааст, ки санҷиш ва назорати фаъолияти омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи маориф анҷом дода мешавад. Инчунин давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи моддаи 6, омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин эҳтиром ба падару модар ва атрофиён тарбия намояд. Қабули ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои шоиста ба мактабҳо хоҳад шуд.
Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои таҳкими мавқеи омӯзгор дар тамоми сатҳҳои низоми маориф мебошад. Ҳамзамон он масъулияти ҷомеа ва мақомоти дахлдорро дар назди омӯзгорон зиёд мекунад.
Аз дидгоҳи иҷтимоӣ ва маънавӣ қабули ин қонун ба баланд бардоштани ифтихор, масъулият ва руҳияи касбии омӯзгорон мусоидат намуда, онҳоро барои боз ҳам беҳтар иҷро намудани вазифаҳои худ, тарбияи насли ватандӯст, соҳибмаърифат ва худшинос ҳидоят мекунад.
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки қариб 95 сол дар тарбияи кадрҳои соҳаи маориф саҳми арзанда дорад, қабули ин қонунро ҳамчун дастовард ва ангезаи нави рушд арзёбӣ менамояд. Мо мутмаинем, ки татбиқи самарабахши он ба баланд шудани сатҳи таҳсил, такмили низоми омодасозии кадрҳои омӯзгорӣ ва таҳкими мақоми омӯзгор дар ҷомеа мусоидат хоҳад кард.
Аз ҷониби дигар, қабули ин қонун масъулияти омӯзгорро дар таълиму тарбия дучанд менамояд. Боло бурдани сифати таълим, истифодаи усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои муосир вазифаи ҷонии ҳар омӯзгори поквиҷдон, ватандӯст ва худогоҳ аст. Зеро мо ба хонандагони ин сарзамин, ин меҳани аҷдодӣ, фарзандони ҳамин Ватан, ки номаш Тоҷикистон аст, сабақ меомӯзонем. Дар мавриди соҳибмаълумот ва мутахассиси варзидаи касби худ гардидан нафъи онҳо ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷумҳурӣ мерасад, зеро ҷомеаро минбаъд кадрҳои мусаллаҳ бо донишҳои муосир, ҷавонони эҷодкору навовар ба пеш мебаранд ва рушд медиҳанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» зербинои муҳими рушди устувори соҳаи маориф буда, татбиқи пурраи он ба таҳкими пояҳои маънавию зеҳнии миллат ва мустаҳкамшавии давлати иҷтимоии ҳуқуқбунёди мо равона шудааст.
Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА,
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








Барои такмили ихтисоси мураббиёну омӯзгорон фаъолияти таълимӣ аз рӯйи низоми модулӣ оғоз гардид
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Носири Хусрав фарогирии кӯдакон ба муассисаи томактабӣ 3,2 фоиз зиёд гардидааст
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
Хонандагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи сеюми байналмилалӣ аз фанни зеҳни сунъӣ ду медал ба даст оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН — ЗАМИНА БАРОИ ИМКОНОТИ НАВ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
Дар ноҳияи Кӯшониён 21 Маркази рушди инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
Дар Тоҷикистон ба як омӯзгор 18 хонанда рост меояд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он






