Агентии «Тоҷикстандарт»: «Сарфаҷӯӣ ва самаранок истифода бурдани неруи барқ масъулияти ҳар як истеъмолкунанда аст»!

Декабрь 1, 2025 11:48

 ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Агентии «Тоҷикстандарт» дар иттилоияи худ аз шаҳрвандон ва истеъмолкунандагон, тамоми ташкилоту муассисаҳо ва ширкату корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, хоҳиш намудааст, ки ба талафоти беҳудаи барқ роҳ надода, ҳамзамон, истифодаи оқилонаву сарфакоронаи барқро таъмин намоянд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ.

Дар иттилоияи агентӣ омадааст, ки тирамоҳу зимистони соли 2023-2024 дар минтақаҳои ташаккулёбии маҷрои дарёҳои мамлакат боришоти барф бениҳоят кам буд ва чунин ҳаҷми об нишонаи равшани он аст, ки дар кӯҳҳо захираи барф кам мебошад ва тибқи хулосаи коршиносони соҳа имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба муқаррарот кам аст.

«Мусаллам аст, ки дар мамлакатамон муддати чанд соли охир дар соҳаи энергетика ба дастовардҳои назаррас ноил шудаем. Аммо тавре ҳамагон огоҳем, дар сайёра раванди тағйирёбӣ ва гармшавии иқлим босуръат идома дорад, ки таъсири он, хусусан, тайи чанд соли охир ба Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад», -гуфта шудааст дар ин иттилоия.

Инчунин таъкид шудааст, ки мардуми мо хуб медонанд, ки фасли зимистон нисбат ба тобистон мушкилоту сахтиҳои худро дорад ва мутаассифона бо вуҷуди андешидани тадбирҳои зиёд ҳоло ҳам талафоти зиёди неруи барқ ҷой дорад. Яъне мо имрӯз метавонем бо истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва роҳ надодан ба талафоти неруи барқ мушкилоти фаслҳои тирамоҳу зимистони дарпешистодаро пешгирӣ намоем.

«Ҳамаи мо бояд як масъаларо дар назар дошта бошем, ки агар имрӯз неруи барқро сарфакорона ва мақсаднок истифода барем ва дар обанбор ҳаҷми зарурии обро захира намоем, метавонем фасли зимистонро бе мушкиливу сахтӣ паси сар кунем», -омадааст дар ин иттилоия.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 1, 2025 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст