АСОСҲОИ КОНСТИТУТСИОНИИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санадҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ маҳсуб шуда, дар он самтҳои асосии дурнамои мамлакат, афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин вазифаҳои калидии мақомоти ҳокимияти давлатӣ барои марҳалаи рушд муайян карда мешаванд. Ин санади муҳим дар баробари аҳамияти сиёсӣ дорои моҳияти амиқи ҳуқуқӣ низ мебошад, зеро он дар заминаи меъёрҳо ва принсипҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод мегардад.
— Аз лиҳози ҳуқуқи конститутсионӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро метавон падидаи мустақили конститутсионӣ арзёбӣ намуд. Мувофиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти олии иҷроия (Ҳукумат) мебошад. Дар доираи ваколатҳои конститутсионӣ Президент ҳар сол бо Паём ба Маҷлиси Олӣ баромад намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди давлатдориро таҳлил месозад, мушкилоти асосии ҷомеаро муайян ва роҳҳои ҳалли онҳоро пешниҳод менамояд. Ин муроҷиат шакли муҳими татбиқи ваколатҳои роҳбарикунандаи Президент дар низоми конститутсионӣ маҳсуб мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар радифи суханронии сиёсӣ шакли махсуси амалисозии роҳбарии конститутсионӣ низ мебошад. Тавассути ин санад иртиботи мустақими Сарвари давлат бо парлумон ва ҷомеа таъмин шуда, як навъ ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ба амал меояд. Дар ин раванд Президент ҳамчун кафили Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд баромад намуда, рушди минбаъдаи давлатро дар доираи арзишҳои конститутсионӣ роҳнамоӣ менамояд.
Муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мустақиман бо такя ба меъёрҳо ва принсипҳои бунёдии Конститутсия пешниҳод мегардад. Пеш аз ҳама, дар он принсипи соҳибихтиёрӣ ва давлатдории миллӣ, ки дар моддаи 1 Конститутсия баён гардидааст, инъикос меёбад. Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ пайваста масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории муосирро матраҳ менамоянд. Ҳамзамон принсипи волоияти ҳуқуқ ва қонуният, ки тибқи моддаи 10 Конститутсия яке аз асосҳои сохтори давлатдорӣ мебошад, дар он ҷойгоҳи махсус дорад. Таъмини иҷрои қонун, боло бурдани масъулияти мақомоти давлатӣ ва мансабдорон, мубориза бо қонуншиканӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар доираи ин принсип баррасӣ мегарданд.
Яке аз мавзуъҳои меҳварии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ мебошад, ки дар моддаи 5 Конститутсия баён карда шудааст. Дар ин санади муҳим масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ, дастрасӣ ба маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ пайваста мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ принсипи таҷзияи ҳокимият ба қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ки дар моддаи 9 Конститутсия пешбинӣ шудааст, инъикос мешавад. Президент зарурати ҳамкории созанда байни шохаҳои ҳокимиятро бо риояи мустақилияти онҳо таъкид менамояд.
Самти иҷтимоии давлат, ки тибқи моддаи 1 Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистонро давлати иҷтимоӣ эълон менамояд, яке аз рукнҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина масъалаҳои таъмини адолати иҷтимоӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, болоравии нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ҳамчун вазифаҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян карда мешаванд. Ҳамаи ин масъалаҳо заминаи устувори конститутсионӣ дошта, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври муназзам ва ҳамгиро инъикос меёбанд.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчунин воситаи муҳимми ташаккули сиёсати ҳуқуқии давлатӣ маҳсуб мешавад. Дар он самтҳои асосии такмили қонунгузорӣ, гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон муайян карда мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолатҳо маҳз дастуру супоришҳое, ки дар ин санад иброз меёбанд, заминаи таҳияи қонунҳои нав, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои давлатии рушди соҳаҳои гуногун мегарданд. Бо ин роҳ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ нақши манбаи ғайримустақими ҳуқуқро иҷро намуда, ба таҳким ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат таъсири назаррас мерасонад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими конститутсионии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ саҳми он дар рушди давлатдории демократӣ мебошад. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини озодии воситаҳои ахбори омма ва иштироки фаъоли шаҳрвандонро дар идоракунии давлатӣ таъкид менамояд. Ин нуктаҳо бо идеяҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давлатро демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намудааст, комилан мувофиқ буда, ба таҳкими фарҳанги конститутсионӣ дар ҷомеа мусоидат мекунанд.
Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ падидаи бисёрҷанбаи сиёсӣ-ҳуқуқӣ буда, дорои заминаи мустаҳками конститутсионӣ мебошад. Он ҳамчун воситаи амалисозии ваколатҳои конститутсионии Сарвари давлат, шакли муайянсозии самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва омили муҳими таҳкими давлатдории ҳуқуқбунёд ва демократӣ хизмат менамояд.
Нилуфар ИМОМЗОДА,
муовини раиси кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Эҳёи хотираи таърихӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар сокини ҷумҳурӣ аст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Парҳез беҳтарин роҳи пешгирии бемории диабети қанд мебошад
ҚОНУН «ДАР БОРАИ БОСТОНШИНОСӢ». Дар замони ҷаҳонишавӣ зарурати қабули он пеш омадааст
ФЕСТИВАЛИ АНОРПАРВАРОН. Чӣ бояд кард, то дар бозорҳо анори тоҷикӣ фаровон гардад?
Дар Кӯлоб нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ТОҶИКОН — МЕРОСБАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Иқдоми Тоҷикистон дар самти ҳифзу арҷгузорӣ ба тамаддуни ориёӣ саривақтӣ ва муҳим аст
То 1 апрел лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия мегардад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — БУНЁДГУЗОРИ МАОРИФИ МИЛЛӢ
Дар Тоҷикистон аз соли 2020 то 2026 андозаи нафақаи миёнаи шаҳрвандон 60 фоиз зиёд гардидааст
Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 25 фоиз зиёд мегардад
БОРБАД — АСОСГУЗОРИ МУСИҚИИ ШАРҚ. Хунёгаре, ки назирашро таърихи башар ёд надорад
ЭҲТИЁТ-КАФИЛИ АМНИЯТ. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ омили асосӣ барои ҳифзи ҷони инсон аст






