Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 22.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 декабр дар ҷумҳурӣ софшавии ҳаво, фаромадани туман, яхбандӣ ва қирав пешгӯӣ карда мешавад. Дар ин хусус аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Баъди қатъи бориши борону барф ва софшавии ҳаво дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон яхбандӣ, фаромадани туман ва қирав боқӣ мемонад.
Шабона ва саҳаргоҳон бадшавии дурии биниш то 100-300 метр дар назар буда, ба амал омадани яхбандӣ дар роҳҳои автомобилгард, пиёдагард ва хатҳои барқ пешгӯӣ карда мешавад. Ин ҳодисаҳои табиӣ метавонанд сабаби мураккабшавии вазъи роҳҳои автомобилгард ва афзоиши хатари садамаҳои нақлиётӣ шаванд.
Дар робита ба номусоидии вазъи ҳаво ба ронандагони воситаҳои нақлиёт тавсия дода мешавад, ки меъёри суръатро риоя ва масофаи байни ҳаракати мошинҳоро зиёд намуда, чароғҳои наздикро истифода баранд.
Ба пиёдагардон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои яхбастаи роҳ эҳтиёткор бошанд. 23-24 декабр дар шоҳроҳи Душанбе-Чанок, мавзеи Майхураи ноҳияи Варзоб ва баъзе минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ фаромадани тарма боқӣ мемонад.
Туман асосан аз қатраҳои хеле хурди об иборат мебошад. Мутахассисони обуҳавошинос иброз медоранд, ки туман қатраҳои хеле хурди об ё яхчаҳо (барф) дар газ аст, ки шаффофияти онро коҳиш медиҳад. Туман бештар дар фаслҳои баҳор ва зимистон мушоҳида карда мешавад. Туман бухорест, ки ҳаворо тира мекунад.
Яке аз сабабҳои пайдоиши туман намнокии баланди ҳаво аст. Вақте ки ҳаво миқдори зиёди буғи обро дар бар мегирад, дар доираи ҳодисаи конденсатсия метавонад дар шакли туман ё қирав ҳангоми паст шудани ҳарорат ба амал ояд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, сабаби дигари туман инверсияи ҳароратӣ мебошад. Ин ҳолате аст, ки дар он қабати ҳавои гарм дар зери қабати ҳавои хунук қарор мегирад. Дар чунин шароит ҷараёни болоравии ҳаво бо намнокӣ наметавонад қабати хунукро убур кунад ва ба боло барояд, ки ин боиси пайдоиши туман мегардад.
Норасоии шамол низ метавонад сабаби ба амал омадани туман гардад. Шамол метавонад туманро суръат бахшад ва онро бардорад. Дар ҳолати набудани шамол туман метавонад ҷамъ ва зичтар шавад.
Ҳаёти инсоният бо нафаскашӣ оғоз мегардад. Инсоният метавонад истеъмоли хӯроки пастсифатро рад намояд ва ё оби ифлосро нанӯшад, аммо ӯ бе нафаскашӣ наметавонад зиндагӣ кунад. Дар чунин рӯзҳо махсусан одамони солхӯрда ва кӯдакону наврасон бояд худро эҳтиёт кунанд. Сайругашт барояшон мумкин нест. Касоне, ки бемориҳои дилу раг, фишор, астма ва бронхит доранд, ҳатман бояд захираи доруҳои заруриро барои эҳтиёт бо худ гиранд. Дар ҳолати бад шудани вазъи саломатӣ ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд
22 январ дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво паст шуда, бориши барф пешгӯӣ мешавад
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ, СУБОТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОНРО ҲИФЗ БОЯД КАРД. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад






