Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
ДУШАНБЕ, 31.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ба бозигарон, ҳайати мураббиён ва роҳбарияти дастаи «Сардор»-и Турсунзода барои ишғоли ҷойи дуюм дар Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 оид ба футбол медалҳои нуқра супорида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, бо касби мақоми дуюм дар ҷадвал «Сардор» барои роҳ ёфтан ба Лигаи олӣ бозиҳои гузаришӣ анҷом дод. Дар рақобатҳои гузаришӣ дастаи Турсунзода бо «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ рақобат карда, дар натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 2:2 ва 2:0 пирӯз шуд ва ба Лигаи олии Тоҷикистон роҳхат гирифт.
Маросими ҷоизасупорӣ 30 декабр дар Душанбе баргузор шуд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






